Чор фарзанди ӯ аз имом Алӣ (к) дар қиёми хунини Карбало ҳамроҳи имом Ҳусейн ибни Алӣ (рз) дар рӯзи даҳуми моҳи Муҳаррами соли 61 шаҳид шуданд. Дуруду саломи Худо бар онон ва дӯстдоронашон бод!
Он канизам, ки дар сарои Алӣ
Ҳамчу Заҳро шудам фанои Алӣ
Рехтам ишқро ба пои Алӣ
Шуд ҳама ҳастиям фидои Алӣ
Кӯдаконе, ки парваронидам
Ҳамаро бар Ҳусейн бахшидам
Чунки тифлони ман бузург шуданд
Бо ғами бе кафан бузург шуданд
Бо ҳазорон миҳан бузург шуданд
Зери дасти Ҳасан бузург шуданд
Давраҳои дифоъро диданд
Роҳу расми ҷиҳод фаҳмиданд
Дошт мавло аз ин ҷаҳон мерафт
Рӯҳи покаш ба "ло макон" мерафт
Нам-намак сӯи осмон мерафт
Ашки чашмаш чакон-чакон мерафт
Бо ишора гузошт нури ду айн
Дасти Аббосро ба дасти Ҳусайн
Гуфт: Эй нури дида, Аббосам
Эй тамоми умеду эҳсосам
В-эй чароғи ҳарам, гули ёсам
Дар сафи разм, ашҷаи носам
Ҳама ҷо партави ду айнам бош
Карбало ҳамраҳи Ҳусайнам бош
Шаби ҳиҷрон фаро расид охар
Дили шаб бо бародарон дигар
Рафт шери диловарам ба сафар
Шуд аламдору соқии лашкар
Дар шаби ғурбату қарори Ҳусайн
Ёри Зайнаб шуду виқори Ҳусайн
Рӯзи охир бино шуд об орад
Об бар кӯдаки Рубоб орад
Аз лаби руд каме ҷавоб орад
Ё ки то хайма дурри ноб орад
Чашматон рӯз бад набинад, вой
Ғарқи хӯн шуд, азиз, сар то пой
Бингаред бовафо ба нахлистон
Қатъ шуд дастҳо ба нахлистон
Фарқи ӯ шуд дуто ба нахлистон
Пора шуд машкҳо ба нахлистон
Шуд умедаш, ки ноумед Аббос
Ёсро диду шуд шаҳид Аббос
Ҳама дасти буридаро диданд
Ёри қоматхамидаро диданд
Рангу рӯи паридаро диданд
Гиряҳои надидаро диданд
Камараш хам шуд аз ғами саққо
Ҳилҳила шуд ба по дар он ғавғо
Чунки моҳи Мадинаам баргашт
Зайнаби бе қаринаам баргашт
Ҳамраҳи ӯ Сакинаам баргашт
Иллати сӯзи синаам баргашт
Духтарам бе бародар омада буд
Қадкамон пеши модар омада буд
Ҳама мӯҳои ӯ парешон буд
Дилаш оташи зи дасти девон буд
Нолаҳояш аҷиб сӯзон буд
Байни равза садош ларзон буд
Аз асирӣ чу кард шиква тамом
Гуфт аз маҷлиси шароби Шом
Шарҳи чандин гузораро мегуфт
Рӯсарӣ пора-пораро мегуфт
Қиссаи гӯшвораро мегуфт
Байни мардум назораро мегуфт
Шиква аз моҷарои золим буд
Пеши Парвардигори олим буд
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев