Он чи ҳоло арз мекунам, ин аст, ки дар дараҷаи аввал басиҷ як «мактаб», як «андеша» аст ва як «тафаккур» аст; дар воқеъ як шабакасозии фикрӣ ва фарҳангӣ аст. Агар басиҷ кори низомӣ ҳам мекунад, кори иҷтимоӣ ҳам мекунад, кори илмӣ ҳам мекунад, ки мекунад, маншааш ҳамон мантиқу андешае аст, ки пояи басиҷро ташкил медиҳад. Агар ман бихоҳам он мантиқ ва пояеро, ки басиҷ бар рӯи он қарор гирифта дар ду калима тавзеҳ бидиҳам ва арзи бикунам, бояд бигӯям, ки он ду калима иборат аст аз «имон» ва «эътимод ба нафс»; ё метавонед таъбир кунед: «худобоварӣ» ва «худбоварӣ»; ин ду пояи басиҷ аст. Басиҷ бар рӯи худобоварӣ ва худбоварӣ бино шудааст. Ҳар чи ҳам ин дарахт, имрӯзу фардо ва оянда самара бидиҳад, ношӣ аз ҳамин ду чиз аст: худбоварӣ ва худобоварӣ. Басиҷ хусусиятҳои зиёде дорад, ки ҳама аз ин ду пояи аслӣ нашъат мегирад. Басиҷ шаҳомат дорад, ибтикор дорад, суръати амал дар корҳо дорад, диди васеъ дорад, душманшиносӣ дорад, дар баробари таҳаррукоти гуногун ҳассосият дорад ва инҳо моли басиҷ аст, аммо ҳамаи инҳо ва дигар хусусиятҳои мумтози басиҷ, ношӣ аз ҳамон ду хусусият аст, ки агар фикр кунем, бишкофем ва баҳс кунем комилан равшан мешавад. Ман, албатта, як калимаи мухтасаре ҳоло арз мекунам.
Вақте мегӯем худобоварӣ, натиҷаи худобоварӣ иборат аст аз таслим будан дар муқобили Худо, таваккул ба Худо, яқин ба ваъдаи Худо; худобоварӣ яъне ин. Аввалан таслимем дар муқобили Худо, сониян такя ба кумаки Худо дорем ва умед ба кумаки Худо дорем; солисан ба ваъдае, ки Худо ба мо додааст, эътимод дорем; мисли
«اِن تَنصُرُوا اللهَ یَنصُرکُم» Агар Худоро ёрӣ кунед, ӯ шуморо ёрӣ мекунад. (бахше аз ояти 7 сураи Муҳаммад) Ин дар бораи худобоварӣ.
Дар бораи худбоварӣ. Натиҷаи худбоварӣ ва эътимод ба худ ва қабули худ, иборат аст аз кашфи зарфиятҳои худ. Мо хеле авқот аз зарфиятҳои вуҷудии худамон ғофилем; ҳатто аз зарфиятҳои ҷисмии худамон ғофилем, чи бирасад ба зарфиятҳои фикрӣ, чи бирасад ба зарфиятҳои рӯҳӣ ва қалбӣ. Худбоварӣ моро мутаваҷҷеҳи ин зарфиятҳо мекунад, баъд моро қадршиноси ин зарфиятҳо мекунад ва баъд сабаб мешавад, ки ин зарфиятҳоро ба кор бигирем. Мисолҳои зиёде дорад, ки ҳоло дигари вориди баҳсу баёни ҷузъиёт намешавам.
Оятуллоҳ Хоманаӣ
5/08/1403 ҳ.ш.
25/11/2024
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев