🥀 Дер омадам ... дер омадам ... дар дошт месухт
🥀 Ҳайъат миёни "вой модар" дошт месухт
Девор дам медод, дар бар сина мезад
🥀 Меҳроб менолид, минбар дошт месухт
Ҷонкоҳ Қуръоне, ки зери дасту по буд
🥀Ҷонкоҳтар оёти Кавсар, дошт месухт
Оташ қиёмат кард, ҳайъат Карбало шуд
🥀Боғи Худо як бори дигар дошт месухт
Ёди Ҳусайн афтодам он шаб об мехост
🥀Носир, ки об овард, сангар дошт месухт
Омад садои тир, об аз дасташ афтод
🥀Аббос захмӣ буд, Асғар дошт месухт
Сарбанди "Ё Заҳро"-и Муҳсин ғарқи хун буд
🥀 Саҷҷод аз саҷда, ки сар бардошт, месухт
Бояд ба ёрони шаҳидам мерасидам
🥀Хат зери оташ буд, маъбар дошт месухт
Баргаштаму дидам миёни равза ғавғост
🥀Дар ишқ сар то пойи Акбар дошт месухт
Дидам, ки захму ташнагӣ ин ҷо ҳақиранд
🥀Гудол гул медоду ханҷар дошт месухт
Шаб буд ... баъд аз шом баргаштам ба хона
🥀Дидам, ки баъд аз қарнҳо дар дошт месухт
::
Мо ишқро пушти дари ин хона дидем
🥀 Заҳро дар оташ буд, Ҳайдар дошт месӯхт
✍️ Ҳасани Биёбонӣ
🤲 Худоё, бар Фотима, падараш, ҳамсараш ва фарзандонаш дуруду салом бифирист ва аз баракатҳояшон дар дунё ва охират насибамон гардон!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев