🥀Нафасҳои модар ба сахтӣ барояд
🥀Ду чашмаш ба дар то аҷал аз дар ояд
Биҳишти падар мекашад интизораш
🥀Ба дидори Аҳмад, кунун, духтар ояд
Чӣ оҳиста шабҳо зи дил мекашад оҳ
🥀Ки хуни дил аз синаи модар ояд
Аз он оташи фитна дуде баланд аст
🥀Ки дил шуълавар гашта хокистар ояд
Ҳар он кас, ки бинад дари хонаи мо
🥀Дилаш сӯзаду бо ду чашми тар ояд
Бимирам барои ғарибии мавло
🥀Ки хун ҷои ашк аз ду чашмаш барояд
Худоё, қарор аст аз сӯи уммат
🥀Чӣ ранҷе ба дил баъди Пайғамбар ояд?!
Ҳанӯз аз ғаме дил нагардида фориғ
🥀Суроғи дилам ғуссаи дигар ояд
На мондаст ашке ба дида, ки гирям
🥀На оҳе, ки аз чоҳи сина барояд
Мадина ба суги Набӣ гар нагиряд
🥀Чаро сабраш аз гиряи мо сар ояд?
Рамақ меравад аз нигоҳам чу ёдам
🥀Аз он охирин лаҳзаи модар ояд
Кӣ дида зи ҷаври хазон як гули сурх
🥀Гаҳе арғувон, гоҳ нилуфар ояд?
Бигӯ: Маънии хандаи модарам чист?
🥀Аз ин хандаҳояш дилам музтар ояд
Надида касе ранги лабханди модар
🥀Чунин нақш бар он лабон камтар ояд
Шифо ёфта модари ман, Худоё!
🥀Тавоне бидеҳ то дар он пайкар ояд
Кунад ҳар ки ӯро иёдат бигӯяд:
🥀Ки бӯи аҷал аз он бистар ояд!
✍️ Муҳсин Ҷаъфарӣ
🤲 Худоё, бар Фотима, падараш, ҳамсараш ва фарзандонаш дуруду салом бифирист ва аз баракатҳояшон дар дунё ва охират насибамон гардон!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев