Он чизе, ки ҳоло мутаносиб бо ҷаласаи мо буд, тиловати Қуръон буд. Дидед бачаҳое, ки Қуръон мехонданд, ҳама оётеро аз ҳифз мехонданд; ҳама ҳофиз буданд. Роҳи ҳифз ҳам ҳамин аст; ман қаблан ҳам гуфтаам, ки аз навҷавонӣ бояд ҳифз шуруъ бишавад; инҳо ҳофизи Қуръонанд. Ҳам ҳофизи Қуръон ҳастанд, ҳам ба баракати ин ки арабзабон ҳастанд , мафоҳими Қуръонро мефаҳманд. Ин -Қуръон- аст ки тавониста ин зурва ва қуллаи истиқоматро дар Ғазза ва дар Фаластин, ба хусус дар худи Ғазза, ба дунё нишон бидиҳад. Ин асари Қуръон аст. Ин сабру истиқоматест, ки Қуръон мехоҳад ва ба он тавсия мекунад. Ин подошест, ки Қуръон ба собирон ваъда медиҳад. Ин аст, ки инҳоро нигаҳ доштааст.
Имрӯз коре, ки дар Ғазза анҷом мегирад, аз ду тараф дар авҷ аст: аз лиҳози ҷиноят ва хабосат ва ваҳшигарӣ ва хунхорӣ дар авҷ аст. Банда суроғ надорам дар ҷое душмани муҷаҳҳаз ба анвои силоҳ ба мардуме, ки ҳеҷ силоҳе надоранд ҳамла кунад; на ин ки силоҳашон ақибтар аст; ҳеҷ силоҳе надоранд. Мардуми бедифои Ғазза ва мардуми оддӣ дар бемористон, дар масҷид ва дар кӯча ва бозор, ки силоҳ надоранд; бо анвои силоҳ ба ин мардум ҳамла кунад ва ба ин иктифо накунад, ба ин мардум бедифоъ гуруснагӣ ва ташнагӣ бидиҳад ва бачаҳои кучаку кӯдакони ширхор аз гуруснагӣ бимиранд! Банда суроғ надорам ва ин авҷи хунхорӣ ва авҷи ваҳшигарист; ин муфтазаҳкунандаи он тамаддунест, ки ақабааш инҳост; инҳо тамаддуни ғарб аст. Ин дигар пушти парда нест ва ин возеҳу ошкор аст, пеши чашми ҳама аст ва ҳамаи дунё доранд мебинанд. Ин аз ин тарафи қазия аст. Он тараф ҳам сабри беназир ва истодагии мардум дар авҷ аст. Қудрати размандагии Ҳамос ва муқовимати мавҷуди Фаластин дар Ғазза як тараф ва истиқомати мардум ва хаста нашудани мардум тарафи дигар аст.
Албатта, душман ҳеҷ ғалате натавониста бикунад ва натавониста ба муқовимат зарба бизанад. Муборизини муқовимат ба берун пайғом доданд, ки ҳоло ба гӯши мо ҳам расида, ки аз ноҳияи мо нигарон набошед; беш аз ағлаб, яъне масалан наздик ба навад дарсади имконотамон ва тавоноиҳоямон маҳфуз аст. Ин хеле муҳим аст. Чанд моҳ аст, ки саҳюнистҳо бо анвои силоҳҳо ва кумакҳои хоинона ва золимонаи Амрико ва дигарон, бо муқовимати Фаластин меҷанганд, муқовимат ҳамчунон қудратманд истода ва он ҷо ҳузур дорад ва ба тавфиқу фазли илоҳӣ муқовимат бинии саҳюнистҳоро ба хок хоҳад молид.
Дунёи Ислом мукаллафу муваззаф аст ва таклифи динӣ дорад, ки ҳар кас ҳар тавр метавонад, ба муқовимати Фаластин ва Ғазза кумак кунад ва кумак ба душмани инҳо аз сӯи ҳар касе бошад, ҳароми қатъӣ ва ҷинояти воқеӣ аст. Мутаасифона дар дунёи Ислом касоне, қудратҳое ва давлатҳое ҳастанд, ки ба душманони ин мардуми мазлум кумак мекунанд; "ин шоа Аллоҳ" як рӯзе ҳам худашон пушаймон мешаванд ва сазои ин хиёнатро хоҳанд дид ва ҳам хоҳанд дид, ки он чи анҷом доданд, бефоида будааст .
Умедворем, Парвардигори олам рӯз ба рӯз Ислом ва мусулмононро иззату нусрати бештаре иноят кунад.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ ва баракотуҳ
Оятуллоҳ Хоманаӣ
12 марти 2024 - якуми моҳи рамазон
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1