Вакте модарчон ту аз дуне гузашти фахмидам, ки хает бе ту маъное надорад, эй Модари мехрубонам! Ба аксат менигараму садоятро ба ёд меораму девона мешавам. Харчанд бузург хам шуда бошам худро бе ту кучак мехисобам, зеро бузургии худро бо ту, бо дуои ту мебинам, ёдат кардам. Бе ту лабхоям хандаро намебинанд, доим парешонхотирам, мехохам дар наздат бошаму аз дастонат бибусам, хоки поятро ба чашмам молам, эй Модари нозанинам. Хар шаб аз Худо илтичо мекунам, то маро боз ба дидори ту расонад, ноумедам накунад, ёдат кардам Очачон. Мехохам сар ба зонухоят гузорам, буи нозукатро бибуям, лек наметавонам, чунки бо амри такдир аз хам чудоем!!!!!