Предыдущая публикация
Бас ки тифли орзӯям нӯги ханҷар мемакад,
Дар гумон афтам, ки шояд шири модар мемакад.
Ҳарфи ишқат бар забони фикри ҳар кас бигзарад,
Аз забони шуъла лаззат чун самандар мемакад.
Аз лаби ширини ҷонон ҳар ки ширин лаб кунад,
То қиёмат аз лаби худ ширу шаккар мемакад.
Дар раҳи кӯи муҳаббат аз маломат хорҳост,
Раҳнаварди ишқ нӯш аз нешу наштар мемакад.
Махфиё, гардад ба давлат шаҳсаворе ҳамрикоб,
К-оби теғ аз дидаи ман хуни ҷавҳар мемакад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1