Биё баргард агар дар фикри манхасти. Биёву охирон боре садоям кун.Агар то хол хох,они ман хасти,
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Қади расои ту, маро мекушад.
Созу садои ту, маро мекушад,
Меҳру вафои ту, маро мекушад.
Дасти маҳини ту, гирифтаам даме,
Руи базеби ту, бусидаам каме.
Ноз буд андаке ба душ мезадам,
Чашми хумори ту надидаам наме.
Ҳусни зебои ту, маро мекушад,
Қади расои ту, маро мекушад.
По ба макони ту, давон меравад,
Ҷон ба ҷони ту, ба ҷон меравад.
Накарди роз даме, зи қалби пурниҳон,
Сири дилат басо, ниҳон меравад.
Ҳусни зебои ту, маро мекушад,
Қади расои ту, маро мекушад.
Табассуми базеб, зи чеҳра во намо,
Ба шоми тори ман, бишав маҳи само.
Нарав зи ман аё, ҳаёту бахти ман,
Зи дасти ман бигир, макун даме раҳо.
Ҳусни зебои ту, маро мекушад,
Қади расои ту, маро мекушад.