"ҚИСМИ 2"
.Меравад тамоман ба мулки бегона меравад. Қадаме мегузошту ба қафо менигарист. Мерафту меистод. Чи кор кунад. Касе аз қафояш набаромад. Қишлоқ паси пушта монд. Дурии роҳу ташнаги беҳолаш кард. Канори роҳи мошин расиду худро зери сояи дарахти дулона гирифт. Камтаракдам гирифтани буд. Ба хаёл рафта ғанабаш бурдаст..
Шодмон ру ба ру дар либоси аскари ба сурати охирини аз чанг фиристодаш монанд. Табасум дораду мегуяд.
Моҳбегим туро ба Худою Далеро ба ту месупорам.
Оча.
Далерчон.
Саросемачашм кушод. Наздаш чавонмарди ношиносу хушлибосеро нишаста дид. Саросема домани курташро кашида карси сарашро дуруст кард. Ба хобат халал нарасонам гуфта хеле наздат нишастам. Ба кучо мерави.
Ай раҳи дур омадам. Монда шудам. Камтарак дам бигирам ба мерам . Оча шом наздик дар ин роҳ мошин тамоман кам мегардад. То шахр ба мошин мебарамат аз дасти кампир гирифта ба хестанаш ёри расонд чавон. Бачам чи ном дори?
Маҳмад.
Савобгир будаи бачам бар падарат раҳмат.
Хости парвардигор падаро модарро ба рохи охират гуселондам оҳкашон гуфт Маҳмад.
Чошона чаннат куна ки ҳами хел бачаро тарбия кардиян дасти дуо бардошт. Моҳбегим ба мошини нишаст.
Баробари ба шаҳр расидан Маҳмад ру ба кампир оварда бо охистаги пурсид.
Оча дар ин торики ба кучо мерави.
Бачам хеч кас надорам. Руи замин кушод. Касе ба мани кампир сарпанохе диҳа ҳафт пушташ раҳмат мегум гуён Моҳбегим чунон охи пураламе кашид. Дигар ба сухан чуръат надошт кампир мегирист.
Мошин назди ҳавлие карор гирифт. Баробари сигнали мошин чавонзани кушодачехрае дарвозаро кушод пурсид.
Дадош ин қадар дер кардед?
Кор баромад гуён кутох чавоб дод. Махмад ва илова намуд.
Сумая модарамро ба хона дарор.
Сумая бо эхтиёт дари мошинро кушод. Бо кампири Моҳбегим бо самимият вохури карду аз дасташ гирифта то хона овард. Курпачахои оҳараш нашкастаро андохт. Дасти меҳмонро об гирифта дастухон андохт. Маҳмад ба хона даромада паҳлуи модар нишаста ба ҳамсараш гуфт.
Бачахоро чеғ зан.
Ду духтарчаю як писар салом дода шармгирона ба хона даромаданд. Очачон аз ҳамин дам ман писарат, Сумая духтарат инҳо набераат. То ҳастаму хаст.
Моҳбегимро мачоли сухан набуд. Селоби ашк аз дидаҳо меборид. Далераш ба ёдаш расид. Дилаш таҳ зад нафас чанде дар гулуяш дармонд ҳама сар ба сукут. Хомуш агар пашша пар мезад шунида мешуд.
Бачам Худо ай хонаи бачахот серат кунад гуён Моҳбегим дасти дуо бардошт ва лаби нонро шикаст.
Рузхо моҳҳо ба солхо бадал мегаштанд. Сумая парвонаю модар шамъ. Наберахо дастёри мо. Танхо кампири Моҳбегимро пораи дилаш дар деҳаи Чашмаи ширин буд. Дар танҳои дар ёди якаписар мегирист шабхо бистараш пурнам. Қалби пора пораш ба дард даромад. Маҳмаду Сумая қарору ором надоштанд. Назди болини модар менишастанд. Ҳафтае пеш аз марг кампир Маҳмадро наздаш хонд. Бачам аз ту як хоҳиш дорам якаписарам дар қишлоқи чашмаи ширинай. Рав биёраш то набинамаш намемурам. Бачачонма бигу очат беморай. Маҳмад ба қишлоқи чашмаи ширин рафту вакти намози пешин холи Моҳбегим хеле бехтар гарди. Маҳмад хамрохи Далери дилреш баргашту модару писар якдигаро сахт ба оғуш гирифтанд. Сару руи ҳарду ашк таршуд. Далер кафи пойхои модаро бо дидаҳо молида узр мехост худро маломат мекард зеро гунахкор буд. Гуноҳи азиме дошт гуноҳи нобахшидани. Вале модар уро чизе нагуфт зеро натавонист. Аз гуфтор монда буд. Сар ба оғуши писар монду чон дод...
Модар чи гуфтан мехост чи орзуву ниятхо дошт! Оё аз писар рози буд. Магар дар чунин холе аз писар рози шудан мумкин аст!
Далер то имруз ин суолро ба худ медиҳаду чавобе намеёвад. Ва гаронтар аз ин дарде барояш нест!
БАЧОИ ОХИРСУХАН.
Ба пири хидмати модар падар кун,
Чавониву чунўн аз сар бадар кун...
Чунин байтҳоро ҳама медонем. Ҳама маломату сарзаниш мекунем онҳоеро ки ба қадри пирон ба хусус волидайн намерасанд. Вале оё худи мо боре муносибати худро баҳо додаем? Оё боре сари ин масъала андеша кардаем?
Биёед, биандешем? Биёед бирасем ба қадри пирон то чунин ҳодисае дигар дар ягон гушаи диёр рух надиҳад...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1