"ТУ МАРД НЕСТИ ЧАРО ХАВАСИ КУДАК МЕКУНИ" "КИСМИ 2.. ё марди фиребкарда худ фиреб хӯрд Боре ба вохӯрӣ Алимир ширакайф омаду он шаб аз Паймона бо ваъдаи бисёр, тезтар тӯй кардан ком бардошту баъди ин ба хотири пулу мол ва вазифа бо духтари роҳбарашон, ки фоҳиша буд, издивоҷ кард… Паймона ҳарфи ӯро набурида гӯш медоду дар охир мепурсид, ки мабодо ягон духтари дигарро дӯст надоштааст. - Не, не, ҷонакам ба ман ғайри ту каси дигар лозим нест, ту ба аҳли оилаамон ҳам маъқулӣ, духтарони шаҳр дар деҳа истода наметавонанд. Инро мегуфту духтарро сахт ба оғӯш кашида бо меҳр мебӯсид. - Кай хостгорони ту ба хонаамон меоянд? Охир ҳар рӯз нафаре меояду намедонам ба волидонам чӣ гуфта халосӣ ёбам. -
"ТУ МАРД НЕСТИ ЧАРО ХАВАСИ КУДАК МЕКУНИ" "КИСМИ 1.. Алимир дар утоқи корӣ ба худ ҷои нишаст намеёфт. Ба назараш чунин мерасид, ки гӯё сақфу девор, ҷевону миз ба ҳолаш хандида «аз ин рӯзат бадтар шав» мегуфтанд. Ончунон ғамгину ошуфтаҳол буд, ки ҳатто ба салому суоли зердастонаш аҳамият намедод. Гумон дошт, ки онҳо низ ҳоли зорашро дидаву дониста, барқасд тамасхураш мекунанд. Бале, ӯ роҳбари як корхонаи калон асту дар итоаташ чандсад нафар, ба ҳама гуфтааш тоб меоранду супоришҳояшро сари вақт иҷро мекунанд, аммо дар хона назди ҳамсараш Зофира мисли кару гунг муттаҳаму забонкӯтоҳ аст. Чаро?! Бале, айби худаш, ба қадри духтари нозанини ҳамдеҳааш нарасиду бечораро дар нимароҳи зиндагӣ ҳайрон
"МАКРИ АРУСИ НОДУХТАР" 'КИСМИ 2-вум.. Пас аз тӯй волидонам мехостанд, ки арӯсамро гирифта, ба шаҳр орам ва хонаи иҷорае ёфта зиндагӣ намоям, вале Шаҳноза ба шаҳр омадан нахост. «Ҳаёти донишҷӯӣ, хусусан курси охирин арафаи ҳимояи диплом бори зиёдатӣ чӣ лозим? Ман бо холаам мемонам!» гӯён саркашӣ кард. Шояд ман нодону бе таҷриба будам, ё Шаҳноза гурги борондида, намедонам, вале ҳайратовар буд, ки баъди он шаби сархушии аввалин занам бо ҳар гуна баҳона аз ҳамхобагӣ канораҷӯӣ мекард ва ман бо даҳони қоқ ба шаҳр баргаштам. Шаҳнозае, ки то тӯй борҳо зангам мезад, баъди ҳамсарам шудан боре ҳам суроғам накард ва баръакси чашмдошти ман модарам занг зада хушхабар «Шаҳнозаҷон сарторик аст!» расони
  • Класс
^МАКРИ АРУСИ НОДУХТАР^ •КИСМИ 1-ум• …Мо дар оила чор писарем. Падару модарам соҳибмаълумоту соҳибвазифа буда, аз рӯзҳои аввал дар тарбияи мо сахтгир буданд. Онҳо мехостанд, мо мактаби миёна ва донишкадаеро нағз хонда, соҳиби касбе шавем. Хусусан онҳо тарбияву талаботашонро аз ман – фарзанди нахустини оила ҷиддӣ сар карда буданд, то намунаи додарони худ бошам. Шояд тарбияи оилавӣ буд, ё он ирсӣ, ба ҳар ҳол мактабро бо баҳои аъло хонда, да Донишгоҳи политехникӣ дохил шудам. Дар донишгоҳ ҳам донишҷӯи фаъолу аълохон ва намунавӣ будам. Давраи донишҷӯиро давраи тиллоӣ мегӯянд ва ба касе пӯшида нест, ки он бе ишқу ошиқӣ намегузарад. Ҳарчанд бо духтарони ҳамкурсу аз дигар курсу дигар донишкадаҳ
Писар ва духтар якдигарашонро сахт дуст медоштен. Аммо чашмони духтар нобино(кӯр) будаст. Рӯзе писар ба духтар бо ҳамдигар оила сохтанро пешниҳод мекунад. Духтар: кайки чашмонам саҳат шавад баъд рози мешавам мегӯяд. Аз байн рӯзҳо гузашта донор ёфт шуда духтурон чашмони духтарро операция мекунанд. Чашмони духтар саҳат мешавад ва ҳамма чизро мебинад. Духтар ба тарафи писар нигоҳ мекунад ки писар ҳам нобино(кӯр) аст. Баъд духтар фикр мекунад, ки ман худам анакнун дунёро дидам боз одами нобиноба зан шуда азоб кашидан намехоҳам гуфтасу бо дигар шахс издивоҷ кардас. Духтар тӯй шудас. Рӯзе ба телефони духтар смс меояд ва мебинад ки дар дохили смс ин тавр навишта шуда буд: " Чашмонамро эҳтиёт кун я
  • Класс
Модари зор.. (қиссае ки писар модари худро аз барои зани худ аз хона меронад) Баччам ин кора накун! Ман ба гардани шумо бор намешавам, агар дар ин хонаҳо хам роҳам надиҳи ҳо ана оғили говҳо холи маро он ҷо ҷой кун! Хурду хурокат даркор не- ин ду се моҳ ку ман хуроки ҳамсояҳоро мехурдам, онхо одамони хубанд маро нигоҳубин мекунанд!- мегуфт кампир. Аммо Соҳиб ба суханони модар гуш намедод. У ба занаш ваъда дода буд ва аз ваъдааш намегашт. Пас аз марги падар Соҳиб ҳама руз аз занаш маломат мешунид ва гуиё ки ин модар «косаву пиёлаҳоро мешикаста бошад», «қариб ки хонаро оташ зада бошад», « кудаконро аз болохона ба поин тела дода бошад»- дуруғҳо мешунавид. Соҳиб
"МОДАР Тарки ХОНА КАРД" "ҚИСМИ 2" .Меравад тамоман ба мулки бегона меравад. Қадаме мегузошту ба қафо менигарист. Мерафту меистод. Чи кор кунад. Касе аз қафояш набаромад. Қишлоқ паси пушта монд. Дурии роҳу ташнаги беҳолаш кард. Канори роҳи мошин расиду худро зери сояи дарахти дулона гирифт. Камтаракдам гирифтани буд. Ба хаёл рафта ғанабаш бурдаст.. Шодмон ру ба ру дар либоси аскари ба сурати охирини аз чанг фиристодаш монанд. Табасум дораду мегуяд. Моҳбегим туро ба Худою Далеро ба ту месупорам. Оча. Далерчон. Саросемачашм кушод. Наздаш чавонмарди ношиносу хушлибосеро нишаста дид. Саросема домани курташро кашида карси сарашро дуруст кард. Ба хобат халал нарасонам гуфта хеле наздат нишас
  • Класс
Показать ещё