Аз мнени ахли Гезан ,Равшани хоксор рафт.
Сиддику Юлдош аз мо ибрати рафтор, рафт,
Бо гаму хасрат бурданд,чор тобут бар мазор
Хамрахи эшон муаллим, чашмаи гуфтор рафт.
Чор зан дар рухароши, синахо хуни чигар,
Гуссахо дархам биемад, шодихо аз душ рафт.
Ох чанд фарзанд бозо ,шуд ятими бепадар,
Чор каси боор аз мо манзили хомуш рафт.
**********************************************
Дар гами ин шермардон, кудакон хасрат кунанд.
Бо дуои хайр гохе, бахрашон химмат кунанд.
Пиру барно бозхонанд фотиха бар рухашон,
То ки онон шод бошанд, рухашон иззат кунанд.
**********************************************
Дех дар мотам даромад , бахри ерон, во дарег,
Домини хасрат бигрифт, мохи тобон,во дарег.
Бор Худое, сабр бинмо, бар дили гамдидагон,
Бахри пайвандони эшон, нест осон, во дарег.
*********************************************
З-ин мусибат халки Гезан, монда хайрон,алвидоь,
Хамдаму хамроз хайфо, хамнишинон,алвидоь.
Шеьри андухгин бинвист ,Гезани бо оби чашм.
Аз забони халки Гезан, бахри ерон, алвидоь.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 27