Бе сару сомона давре, баҳри одам омада.
Боди шар бархост гӯё , адли инсони намонд,
Даври шайтон аст гӯё, одами кам омада.
Аз барои як дирам кас қадри кас чун хас кунад,
Бехудоро нохудои боз ҳам зам омада.
Беғамон аз бахри шоди, неш андар хар диланд,
Шод зистан хам насиби зишту беғам, омада.
Аз нумуи хуи зишти заҳр шуд обу хаво,
Аҳриман бо мову ман, ҳар ҷода дарҳам, омада.
Санглилон гардида масрур аз дилозории хеш,
Мазлумонро з-ин қазоват, дидаҳо нам, омада.
Қисмати неку шариро ғолибият нест-нест,
Зарбаи санги аду бо дӯст ҳамдам омада.
Ҳофизо, чанд давр бигзашт,боз ҳам даври Қамар,
Сад ҷафо бар рағми як дам лутфу озарм омада.
Ғезанӣ, дигар чи созӣ, ҳақу ноҳакро ҷудо,
Чун ғубор андар самои мулки олам омада.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3