Хангоми гирифта шудани офтоб (кусуф) ва мохтоб
(хусуф) гузоридани ду ракъат намоз суннат аст. Расули
Худо (с) дар ин бора мефармояд: «Офтоб ва мох ду нишо-
нае аз нишонахои (илм ва ќудрати) Худованд хастанд ва
харгиз онхо барои марг ва зиндагии касе гирифта намеша-
ванд. Пас хар гох онро дидед, намоз бихонед». Дар ривояти
дигар омадааст: «Пас ваќте онро дидед, дуъо намоед, так-
бир бигўед, намоз бигузоред ва садаќа намоед».
Хангоми гирифтани офтоб имоми чумъа бо мардум
ба сурати дастачамъиду ракъат намоз мехонанд, ки онро
намози кусуф гўянд.
Намози кусуф монанди намози нафл аст ва хуфя
(паст) хонда мешавад. Азон ва иќомат хам надорад ва дар
хар ду ракъати он сурахои дароз ќироат мешавад.
Баъд аз намоз то рўшан гардидани офтоб дуъо меку-
нанд. Агар имоми чумъа дар намози кусуф хозир наша-
вад, то рўшан шудани офтоб мардум танхо намоз мехо-
нанд.
Намози хусуф (хангоми гирифта шудани мохтоб) низ
монанди намози кусуф аст, танхо ин ки намози хусуф бо
чамоат адо намешавад, балки ба сурати танхоихонда ме-
шавад. Зеро дар ин мавридхо мухим он аст, ки мусалмо-
нон бо зикру намоз ва дуъо ба ин нишона ва падидаи Ху-
дованд таваччўх кунанд.
Дар намози кусуф ва хусуф хутба вучуд надорад, ам-
мо имом метавонад мардумро ба таќво, покива пархез-
Сахехи Бухори, , , , , , , , ; Сахехи
Муслим, ()-; Сунани Насои, .
горитавсия намояд.
Расули Худо (с) хамон тавре дар хадис дидем, дар хола-
ти кусуф ва хусуф ба додани садаќа низ тавсия намудааст.
Намози истисќо
«Истисќо» ба маънои талаби борон аст. Хангоми
омадани хушксолива ? ни?змандиба об, шодобива сар-
сабзии табиатро аз боргохи Худованд хостан аст.
Намози талаби борон маснун аст, вале на ба таври
муаккад. Яъне па?мбар (с) агар гохе пас аз баргузории ду
ракъат намоз борон, шодобии сарзаминхо ва эх?и табиати
зиндаро аз Худо талаб мекард, гохе хам ба дуъо аз болои
минбари худ, ба хусус дар рўзхои чумъа иктифо менамуд.
Истисќо ба ин тариќ аст, ки хар гох мусалмонон ба
борон ва серобини?з пайдо кунанд, рў ба ќибла истода, ба
даргохи илохидуъо ва истиѓфор (талаби омурзиши
гунохон) карда, фурўтанона аз Ў резиши борон ва сероби-
ро дархост менамоянд.
Метавонанд ба чои дуъо ва истиѓфор ду ракъат намоз
ба чо оваранд ва тарзи адои намози истисќо ба ин шакл
аст, ки имом хамрох бо мардум хоксорона ва сарафканда
пи?да ба сахро ? замини хамвор баромада, ду ракъат на-
моз, монанди ду ракъати намози идайн мехонанд. Аммо
дар намози истисќо такбироти зи?де вучуд надорад ва
баъд аз намоз имом рў ба мардум гардонида, ду хутба ме-
хонад. Сипас хама рў ба сўи ќибла оварда, ба дуъо ва
истиѓфор мепардозанд.
Мустахаб аст, ки хабари баргузории намози талаби
борон чанд рўз пештар ба василаи имом ва раиси ќавм
дар ми?ни мардум эълон шавад. Имом дар хутбае, ки пас
аз ду ракъат намози талаби борон эрод менамояд, мар-
думро ба тавба, талаби омурзиш аз Худованд, баргардо-
нидани мазолими мардум, рўза, садаќа ва дигар аъмоли
нек фаро хонад.
Анчом додани ин корхо пеш аз намози талаби борон
хуб аст. Зеро фазои ичтимоии гунохолуд, зулму ситам,
тарки бандагии Худо ва ѓайра заминасози пешомадхои
нохуш, хушксоли, обхезию тўфон, заволи неъмат ва пари-
дани баракат аз зиндагива дигар фалокатхо мегарданд.
Сазои аъмоли бади одамон ваќте муќаррароти дини Ўро
зери по мениханд, ба сурати пешомадхои нохуше дар та-
биат зохир мешавад.
Аммо он чизе, ки имрўз баъзе мардум дар чунин
холат бо номи «оши пеши мазор» ва ѓайра анчом
медиханд, аз назари шариат чоиз нест ва бар хилофи сун-
нати расули акрам (с) мебошад.
Шарт нест имом дар ваќти хутба челак ва ридои худ-
ро чаппа бикунад (бипўшад).
Мардум метавонанд намози истисќоро ба сурати
танхо низ бихонанд.
Расули Худо (с) мефармояд: «Дар ми?ни хар ќавм ва мардуме амали
рибо ва зино ривоч пайдо кунад, онхо азоби Худоро ба сари худ фуруд
овардаанд». (Сахехи Ибни Хиббон, . – Ч. . – С. ; Муснади
имом Ахмад, . – Ч. . – С. ; Муснади Абўяъло, . – Ч. . – С.
; Мустадраки Хоким, . – Ч. . – С. ; Шуъабу-л-имон, . –
Ч. . – С. ).
О? аз азоби иќтисодие, ки имрўз дар натичаи муомилоти рибавии
бонкхо ва ќарзхои бо протсент ба сари мардуми бенаво ва камбизоа-
ти дун? омадааст, чизи сахттаре хаст? О? аз бемории СПИД ва вируси
норасоии масунияти бадан, ки дар натичаи ривоч пайдо кардани зи-
нокорива бебандуборихои чинсидар чомеахо ба чони миллионхо
одам тахдид мекунад, имрўз чизе хатарноктар мушохида мешавад?
Расули Худо (с) дар хадиси дигаре мефармояд: «Дар ми?ни хар ќавм
ва миллате амали рибохориинтишор ?бад, онхо ба хушксолива ќахти
гирифтор мегарданд ва дар ми?ни хар ќавме ришвахориривоч ?бад, онхо
ба тарсу вахшат гирифтор мегарданд». (Муснади имом Ахмад, .
– Ч. . – С. ).
Бибинед, имрўз тамоми кормандони маќомоти идорива коргузо-
рони сохахои гуногун, дар натичаи интишори беравияи ришвахори
дар тору пуди чомеа, дар холати тарсу вахшат аз якдигар ба сар меба-
ранд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев