Хар гох узре пеш ояд ва натавонанд дар рўзи ид на-
мози иди Фитрро ба чо оваранд, фардои он рўз онро адо
менамоянд ва агар дар рўзи дуюм хам узре ба ми?н омада,
монеъ аз баргузории намози ид гардад, дигар наметаво-
нанд онро дар рўзи сеюм адо намоянд.
Аммо намози иди Ќурбонро метавонанд то рўзи сеюм
адо намоянд, хох узре пеш омада бошад, хох не, аммо
таъхири он бе узр карохият дорад.
Хар гох намози идайн ќазо шавад, дигар онро ќазо
хонда намешавад, зеро намози идайн ќазо надорад.
Намози идайн азону ќомат надорад, балки мустахаб
аст онро ба ин тариќ эълон намоянд: «Ассалоту чоми-
ъатун».
Хангоми рафтан ба намозгох мустахаб аст дар рох бо
садои баланд такбири ташриќ гўянд.
Одобу суннатхои ид
Рўзхои ид рўзхои покизагиву озодаги, шодмониву фа-
роѓат ва анчоми амалхои башардўстона мебошанд. Бинобар
ин, шахси мусалмон дар он рўз бояд баландтарин одоби муо-
шират ва меъ?рхои ахлоќи шаръиро риоя намояд.
. Дар рўзи ид корхои зерин суннат мебошанд: . Ѓусл
намудан, . мисвок кардан, . бехтарин либосхои худро
пўшидан, . атру хушбўизадан, . субх барваќт аз хоб бар-
хестан, . ба идгох зуд рафтан, . пеш аз рафтан ба идгох
садаќаи Фитрро пардохтан, . пеш аз рафтан ба идгох дар
иди Фитр чизе хўрдан, . дар иди Ќурбон то баргузории
намоз чизе нахўрдан, . намози идро дар идгох хондан,
. аз рохе ба намозгох рафта ва аз рохи дигаре баргаш-
тан, . пи?да ба намозгох рафтан, . дар рох рўзи иди
Фитр такбирро охиста гуфтан, . дар рўзи иди Ќубон
такбирро баланд гуфтан.
. Дар идгох гузоридани намози дигаре пеш ? баъд аз
намози ид макрўх аст.
. Барои касоне, ки намози ид бар онхо вочиб нест,
низ пеш аз баргузор шудани намози ид хондани намози
нафл макрўх аст.
. Намози идро дар чандин масчиди шахр баргузор
намудан чоиз аст.
. Касе, ки ба чамоат нарасад, наметавонад намози
идро танхо бигузорад. Хамчунин, агар намози намозгузо-
ре аз ахли чамоат фосид гардад, наметавонад онро ќазо ба
чой оварад, зеро намози ид ќазо надорад, аммо агар чанд
нафари дигаре пайдо шаванд, метавонанд бо хам чамоати
дигаре барпо намоянд ва намози идро бо хам бигузоранд.
. Шахсе пас аз фориѓ шудани имом аз такбироти рак-
ъати якум ба чамоат пайваст, агар имом дар холи ќи?м аст,
баъд аз ният кардан фавран такбиротро бигўяд, агарчи
имом машѓули ќироат бошад. Агар имомро дар рукўъ дар-
?бад, дар сурате ки гумони ѓолибаш ин бошад, ки баъд аз
гуфтани такбирот метавонад дар рукўъ ба имом бирасад,
такбиротро фавран баъд аз ният бигўяд ва ба рукўъ равад.
Аз Чобир (р) ривоят шудааст, ки: «Па?мбар (с) дар рўзи ид рохи
(рафту) баргашташро (аз намоз) иваз мекард». (Сахехи Бухори, ;
Сунани Тирмизи, ).
Вале агар ѓолиби гумонаш ин бошад, ки дар сурати
гуфтани такбирот наметавонад дар рукўъ ба имом бира-
сад, ният карда, ба рукўъ равад ва дар рукўъ ба чои тасбе-
хоти рукўъ, такбиротро бигўяд. Агар пеш аз тамом карда-
ни такбирот имом аз рукўъ баланд шавад, ў низ хамрохи
имом баланд шавад ва баќияи такбирот аз вай муъоф (со-
ќит) аст.
. Агар касе пас аз хондани як ракъат ба чамоат пай-
васт, дар ваќти ба чой овардани ин ракъат аввал ќироат
намояд ва баъд такбиротро бигўяд.
. Агар имом гуфтани такбиротро фаромўш кунад ва
ба рукўъ равад, дар рукўъ такбиротро бигўяд ва ба ќи?м
барнагардад. Агар баргашт ва такбиротро гуфт, низ на-
моз чоиз мешавад ва дар хар ду сурат, аз сабаби издихом
сачдаи сахв вочиб намешавад.
Такбироти ташриќ
Такбири ташриќ пас аз намози фарзи бомдоди рўзи
нўхуми зулхичча – рўзи Арафа – шурўъ мешавад ва баъд
аз намози асри рўзи сездахум ба по?н мерасад. Як бор
гуфтани такбири ташриќ бар хар намозгузор пас аз хар
намози фарзифавран вочиб аст, зан бошад ? мард, бо ча-
моат намоз бихонад ? танхо.
Пас аз намози фарз фавран такбир гуфта мешавад.
Занхо такбирро охиста мегўянд. Пас аз намози ид низ
гуфтани такбир вочиб аст. Такбири ташриќ муддати панч
рўз ? пас аз бисту се ваќт намоз гуфта мешавад.
«Аллоху акбар, Аллоху акбар, ло илоха илла-л-лоху
валлоху акбар, Аллоху акбару ва лиллохи-л-хамд».
Хар гох имом такбироти ташриќро фаромўш кунад,
муќтадибояд такбир гўяд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев