. Намози чумъа фарзи айн (ќатъи) аст, ки дар Ќур-
ъони мачид, хадисхои мутавотир ва иттифоќи назари та-
моми уммати ислом собит шудааст. Он яке аз бузургтарин
маросимхои исломиба шумор меравад. Мункири (инкор-
кунанда) он кофир ва беузр тарккунандаи он фосиќ мебо-
шад. Худованд мефармояд:
«Эй касоне, ки имон овардаед (мўъминон), чун дар рў-
зи чумъа барои намоз азон дода шавад, ба сўи зикри Худо
бишитобед ва хариду фурўшро рахо созед. Ин барои шумо
бехтар аст, агар бидонед».
. Па?мбари акрам (с) фармуда: «Хар кас рўзи чумъа
ѓусл намуда, пас аз истеъмоли хушбўию атр ба сўи масчиди
Сураи Чумуъа, : .
чомеъ биравад ва бе ин ки ќадам бар сари касе нихад (ва ка-
серо озор дихад), вориди масчид гашта, ба андозаи холи худ
намози нафл бигузорад ва ваќте имом барои хондани хутба
болои минбар рафт, бо риояи хомўшиба хутбахо гўши чон
бисупорад, аз чумъаи гузашта то чумъаи хозир тамоми
гунохонаш омурзида шаванд».
. Па?мбари акрам (с) дар бораи шахсоне, ки намози
чумъаро тарк мекунанд, мефармояд: «Мардумоне, ки на-
мози чумъаро тарк мекунанд, бояд аз ин корашон даст ка-
шанд, вагарна Худованд бар дилхои онхо мўхри (ѓафлат)
мезанад ва бо хамин дар чумлаи ѓофилон ќарор мегиранд».
Низ мефармояд: «Касе се чумъаро аз рўи бетаваччўхи
ва сахлангоритарк намояд, Худованд бар дилаш мўхр меза-
над».
Хутба хондан
. Ваќте мардум барои намоз гирди хам омаданд,
имом бар минбар бинишинад ва муаззин рў ба рўи имом
истода, азон дихад. Баъд аз азон имом бархоста, ба хутба
шурўъ намояд.
. Дар хутба ин чизхо суннат аст: ) истода хондани
хутба, ) ду хутба хондан, ) дар ми?ни ду хутба ба андо-
заи се бор тасбех гуфтан нишастан, ) дар ваќти хондани
хутба ба мардум рўй овардани имом, ) пеш аз шурўъи
хутба охиста «Аъузубиллох» гуфтан, ) хондани хутба ба
тавре ки мардум садои имомро бишнаванд, ) дар хутба
мафохими зеринро ба?н кардан:
а) Хамди Худо, б) додани шинохтхое дар бораи Худо-
ванд ва ба?ни ягонагии Ў, в) дуруд фиристодан ба па?мо-
Сахехи Бухори, , ; Муснади имом Ахмад, ; Сунани Иб-
ни Моча, .
Сахехи Муслим, ()-; Сунани Насои, .
Сунани Абўдовуд, ; Сунани Тирмизи, ; Сунани Насои, ,
; Сунани Ибни Моча, .
вари илохива ба?ни воќеъияти рисолати (маъмурият) хаз-
рати Мухаммад – фиристодаи Худо, г) панду андарзхои
лозим, д) тиловати оятхое аз Ќуръони азимушшаън, ж)
дар хутбаи дуюм барои мусалмонон дуъо намудан.
) дароз накардани хутба, ) бар минбар хондани хут-
ба ва агар минбар набошад, бар чизи дигаре такя зада хон-
дани он, ) хар ду хутбаро то чои дуруд фиристодан ба
арабихондан ва баќияро ба забони мардуми намозгузор
ба?н кардан, ) рўй ба ќибла нишастани намозгузорон.
. Ваќте имом барои хондани хутба бархест, дигар на-
моз хондан ва ? бо хам сўхбат кардан макрўх аст ва чун ба
хутба шурўъ намуд, ба хутбахо гўш супоридани намозгу-
зорон вочиб мебошад ва хар гуна машѓулияти дигаре но-
чоиз аст.
. Ваќте хутба шурўъ шуд ва касе суннат мехонад,
агар суннати муаккада бошад, онро тамом намояд ва агар
муаккада набошад, ду ракъат хонда, салом дихад.
. Хутбаро аз рўи навишта хондан чоиз аст.
. Дар ваќти ?ди номи па?мбар (с) намозгузорон бо
дили худ ба ў дуруд бифиристанд, чоиз аст.
Порае аз масоили намози чумъа
. Хар касе, ки хутбаро хонд, бехтар аст хамон кас
намозро бо мардум бигузорад. Агар шахси дигаре намоз-
ро баргузор намояд, чоиз аст.
. Пас аз тамом шудани хутба фавран бояд намозро
шурўъ намоянд. Дар ми?ни хутба ва намоз анчом додани
Расули Худо (с) мефармояд: «Ваќте дар рўзи чумъа дар асное, ки имом
хутба мехонад, ба хамрохат бигўихомўш бош ва гўш кун, дар хаќиќат,
бехуда гуфтаи». (Сахехи Бухори, ; Сахехи Муслим, ()-,
; Сунани Тирмизи, ; Сунани Насои, , ).
Яъне дар он лахзахои гуворо ва фазои маънавибояд шахси мусал-
мон болотарин тамаркузи фикрива таваччўхи ботинии худро ба шу-
нидани суханони имом равона созад. Зеро хатто ба хамрохи худ чунин
мурочиат намудан бехудагива лаѓв ба шумор меравад.
корхои дунявимакрўх аст ва корхои динибоке надорад.
. Бехтар аст, ки намози чумъа дар як шахр як чо хон-
да шавад, харчанд баргузории он дар чандин чои шахр
боке надорад.
. Агар касе дар ќаъдаи ахир ? баъд аз сачдаи сахв ба
намози чумъа бипайвандад, чамоатро дар?фтааст, намо-
зашро пас аз салом додани имом тамом намояд.
. Пас аз намози чумъа баъзе одамон фарзи пешини
эхти?тимехонанд, ки дар китобхои усули мазхаб дар ин
бора чизе наомадааст, балки он бо асле, ки дар китобхои
зохири ривоят дар бораи намози чумъа муќаррар гарди-
дааст, мухолиф мебошад. Дар ин китобхо бо сарохат
гуфта шудааст, ки агар баъзе аз шартхои вочиб гардида-
ни намози чумъа барои касе фарохам нагардида бошанд,
вале бо ин хол намози чумъаро хамрохи дигарон ба чой
оварад, намозаш дуруст мешавад ва намози пешин аз вай
соќит мегардад. Масалан, зан, бемор, мусофир ва
хамчунин дигар одамоне, ки намози чумъа бар онхо
вочиб нест, агар намози чумъаро хамрохи дигарон ба
чой оваранд, намозашон дуруст мешавад ва намози пе-
шин аз онхо соќит мегардад.
Дар хеч китоби зохири ривоят ба ин одамон амр на-
шудааст, ки шартхои вучуби намози чумъа дар шумо фа-
рохам набуданд, бинобар ин, фарзи пешинро низ аз боби
эхти?т бигузоред.
Дар назди имом Абўханифа (рх) ва имом Абўюсуф
(рх) агар шахсе дар хонааш намози пешинро хонда, пас аз
он ба сўи чумъа харакат кунад, намози пешинаш дархол
бекор мегардад, яъне ба нафл табдил ме?бад. Зеро дар он
рўз дар ваќти пешин барои одамони дорои шароит ѓайр аз
намози чумъа фарзи дигаре вучуд надорад.
Аммо агар яке аз шартхои афзалияти баргузории на-
мози чумъа, ба монанди вучуди миср (шахри калон), хо-
ким ва ? ноиби он ва ѓайра тахаќќуќ на?фта бошад, ин амр
фарзияти намози чумъаро, ки бо насси сарехи Ќуръон со-
бит шудааст, бекор намесозад.
Илова бар ин, банда набояд дар дуруст гардидани
ибодати худ шакке дошта бошад, ки агар чумъа шуд, хуб
ва илло пешинро хам ба чой овардам. Зеро Худо хамон
дуъо ва ибодатеро мепазирад, ки сохибаш дар он шакке
надошта бошад. Агар шартхои вучуби намози чумъа ба-
рои касе фарохам нагардида бошанд, пас бехтар аст бо
камоли яќин хамон намози пешинашро бигузорад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев