Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад, В-он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад. Ман мондаам маҳҷур аз ӯ, бечораву ранҷур аз ӯ, Гӯӣ, ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад. Гуфтам, ба найрангу фусун пинҳон кунам реши дарун, Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад. Маҳмил бидор, эй сорбон, тундӣ макун бо корвон, К-аз ишrи он сарви равон гӯӣ равонам меравад. Ӯ меравад доманкашон, ман заҳри танҳоӣ чашон, Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад. Баргашт ёри саркашам, бигзашт айши нохушам, Чун миҷмаре пуроташам, к-аз сар духонам меравад. Бо он ҳама бедоди ӯ в-ин аҳди бебунёди ӯ Дар сина дорам ёди ӯ, ё бар забонам меравад. Боз ою бар чашмам нишин, эй дилситони нозанин, К-ошӯбу фарёд аз замин бар осмонам меравад. Шаб то саҳар менағнавам, в-андарзи кас менашнавам, В-ин раҳ на rосид меравам, к-аз каф инонам меравад. Гуфтам, бигириям, то ибил чун хар фурӯ монад ба гил В-ин низ натвонам, ки дил бо корвонам меравад. Сабр аз висоли ёри ман, баргаштан аз дилдори ман Гарчи набошад кори ман, ҳам кор аз онам меравад. Дар рафти ҷон аз бадан гӯянд ҳар навъе сухан, Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад. Саъдӣ, фиғон аз дасти мо лоиr набуд, эй бевафо, Тоrат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад.
    1 комментарий
    9 классов
    Ба рӯзе ҳазрати султони Аброр*, Бифармуд аз лаби ширин шакарвор. Ба сӯи Фотима: эй уматуллоҳ, Битарс аз Ҳақ, бигӯ зикр огоҳ. Маёзӣ, ки паямбарзодаам ман, Миёни бандагон озодаам ман. Ба фардо аз амал пурсанд бисёр, Зи зоту насл кай пурсанд, ҳуш дор! Макун такя ба ман зинҳор-зинҳор, Ки маҳшар* рӯзи сахту кори душвор. Чунин гуфт он саъиди фақри Ҳотам, Ту бошӣ аз насаб мелофӣ* ҳар дам. [Ҷунунӣ] *Султони аброр - сардори парҳезкорону тақводорон (яъне Паёмбари гиромӣ [с] ) *Маҳшар - рӯзи Қиёмат *Лофидан - худситоӣ, бодигӣ
    1 комментарий
    19 классов
    Ба даргоҳи Худо пеш аз аҷал ой, Гузашт умри азизат дар амал ой. Ба ғафлат сарфа шуд умрат маҳу сол, Биё бедор шав аз хоб имсол. Замин рӯзе кунад се бор фарёд: "Чаро ту ғофили эй одамизод? Машав бар фурсати дуруза мағрур, Туро бошад дили ман хонаи гур. Ба ҳасратхо дарои дар дили ман, Ғариби оқибат дар манзили ман. Ду чашмони чаҳонбинат хурад мур, Маҷоле нест то онро куни дур." Шави пусида мушти устухонӣ, Бикун коре,ки онҷо дар намони! Магу ҳарфи Ҷунунӣ аз забон аст, Ҳама чун шир аз пистони ҷон аст. [Ҷунунӣ]
    1 комментарий
    50 классов
588552141631

MûHaMmAd MuHaMmAd

Зи ғайри зикри Эзид гуши кар беҳ, Зи гуши ҳарзагуён гуши хар беҳ. Дили беишқи ӯ бодо кафида! Забон бе зикри Ӯ бодо кашида. [Мавлавӣ Ҷунунӣ] ----------------------------------- Надида бувад, ки ҷустуяш накунад! На кому забон, ки гуфтугуяш накунад Ҳар дил, ки дар ӯ меҳри илоҳӣ набувад, Дар пеши саг афкананд буяш накунад. Тамоми махлуқоти руи замин зикри Аллоҳро мекунанд(ҳатто ҳамон овози парандагон, аз лак-лак низ зикр будааст, беҳуда набудааст)
588552141631

MûHaMmAd MuHaMmAd

Зи зикрам он, ки ру тобат ба дунё, Ба фардо ҳашр созам зишту аъмо. Зи зери хок хезад дидааш кур, Сияҳ гашта дилаш чун лайл бе нур. Кунад нола ҳамон банда ба Мавло, Ки ҳикмат чист чашмам карди аъмо? Ба дунё доштам ду чашми равшан, Би-карди кураш ай дорандаи ман! Худо гуяд:ай махлуқи нодон, Ба Дунё додаам неъмат фаровон! Бидодам дасту пою,чашми бино, Дили доно забони созу гуё ! Би-фармудам туро бар зикр гуи, Зи душман эътирозу дуст чуи! Зи зикри мо шуди ту руй гардон, Ба амри нафсу, бо фармони шайтон. Ба Дуне кардаи Моро фаромуш, Манам созам туро инчо фаромуш! Худо раҳматаш кунад Ҷунуниро
588552141631

MûHaMmAd MuHaMmAd

Илоҳи аз карам бар осиёнат лутфу эҳсон кун, Саводи номаҳоро шустушу дар баҳри ғуфрон кун. Макун шармандаи рузи чазо ин хоки осиро, Зи лутфи худ ба ин аҳли хичолат сатри исён кун. Ба бемори гунаҳ набвад ба чуз лутфи Ту доруе, Ҳакими ҳозиқи, бар дарди ҳар дармонда дармон кун. Ба вақти чон гирифтан деви малъун ҳамла меорад, Саломат бандагонро аз қариби шарри шайтон кун. Ба вақти қабз кардан чони ширин талхие дорад, Ба фазли хеш ё Раб, мушкили моро ту осон кун. Малакҳо дар лаҳад бо гурзи оташбор меоянд, Саволашро чавобаш бо савоб аз лутф фармон кун. Чу сабза сар кашад дар рузи маҳшар одами аз хок. Ба гармои қиёмат раҳм бар ин аҳли урён кун. Ҳаросон дидаҳо аз ин
Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад, В-он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад. Ман мондаам маҳҷур аз ӯ, бечораву ранҷур аз ӯ, Гӯӣ, ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад. Гуфтам, ба найрангу фусун пинҳон кунам реши дарун, Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад. Маҳмил бидор, эй сорбон, тундӣ макун бо корвон, К-аз ишrи он сарви равон гӯӣ равонам меравад. Ӯ меравад доманкашон, ман заҳри танҳоӣ чашон, Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад. Баргашт ёри саркашам, бигзашт айши нохушам, Чун миҷмаре пуроташам, к-аз сар духонам меравад. Бо он ҳама бедоди ӯ в-ин аҳди бебунёди ӯ Дар сина дорам ёди ӯ, ё бар забонам меравад. Боз ою бар чашмам нишин, эй дилситони ноза
573154667678

☝✔ Mehrofarin ✔☝

Добавил фото в альбом

Бар дил бигуфтам то саҳар, К-эй аз қиёмат бехабар. Бархезу оламро нигар, Рафтанду мо ҳам меравем. Бархез пеш аз ҳар намоз, Рӯ ор ба даргоҳи ниёз. Бо мулку моли худ маноз, Рафтанду мо ҳам меравем. Бархез пеш аз субҳидам Бар сӯи масҷид неҳ қадам. Т
Читать дальше
Скрыть описание
Макун аз кибр даъвои калонӣ, Яқин пусида мушту устухонӣ! Бикун имруз фикри кори пухта, Ки фардо мебаранд дар руи тахта. Чӣ бошад нафъи1 молу симу асбоб, Ки бигзори кунӣ андар лаҳад2 хоб. Зи ту оҷизтар,мазлумтар нест, Дареғо,ки туро аз худ хабар нест. [Мавлавӣ Ҷунунӣ] 1Нафъ-фоида,суд,манфиъат 2Лаҳад-қабр,гӯр
Ба даргоҳи Худо пеш аз аҷал ой, Гузашт умри азизат дар амал ой. Ба ғафлат сарфа шуд умрат маҳу сол, Биё бедор шав аз хоб имсол. Замин рӯзе кунад се бор фарёд: "Чаро ту ғофили эй одамизод? Машав бар фурсати дуруза мағрур, Туро бошад дили ман хонаи гур. Ба ҳасратхо дарои дар дили ман, Ғариби оқибат дар манзили ман. Ду чашмони чаҳонбинат хурад мур, Маҷоле нест то онро куни дур." Шави пусида мушти устухонӣ, Бикун коре,ки онҷо дар намони! Магу ҳарфи Ҷунунӣ аз забон аст, Ҳама чун шир аз пистони ҷон аст. [Ҷунунӣ]
Показать ещё