Предыдущая публикация
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
Пешаи подшаҳон нест ба ҷуз ҷавру ситам,
Адлу инсоф ҳама зеру забар мебинам.
Ҳар касе рӯзи беҳӣ металабад аз айём,
Иллат он аст, ки ҳар рӯз батар мебинам.
Аблаҳонро ҳама шарбат зи гулобу қанд аст,
Қути доно ҳама аз хуни ҷигар мебинам.
Асби тозӣ шуда маҷрӯҳ ба зери полон,
Тавқи заррин ҳама дар гардани хар мебинам,
Духтаронро ҳама ҷанг асту ҷадал бо модар,
Писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам.
Ҳеҷ раҳме на бародар ба бародар дорад,
Ҳеҷ шафқат на падарро ба писар мебинам.
Панди Ҳофиз бишунав, хоҷа, бирав некӣ кун,
Ки ман ин панд беҳ аз дурру гуҳар мебинам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4
Хама он фитнаву шарр,боз ба сар омадааст.
Сари мо дар замин,ках-кахи духтар ба фалак,
Банг дар неши дахан,ганда писар омадааст.
Хофизо,хезу бигу,панд ба як бори дигар,
Вакти мухточи ба он,дурру гухар омадааст!
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
Пешаи подшаҳон нест ба ҷуз ҷавру ситам,
Адлу инсоф ҳама зеру забар мебинам.
Ҳар касе рӯзи беҳӣ металабад аз айём,
Иллат он аст, ки ҳар рӯз батар мебинам.
Аблаҳонро ҳама шарбат зи гулобу қанд аст,
Қути доно ҳама аз хуни ҷигар мебинам.
Асби тозӣ шуда маҷрӯҳ ба зери полон,
Тавқи заррин ҳама дар гардани хар мебинам,
Духтаронро ҳама ҷанг асту ҷадал бо модар,
Писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам.
Ҳеҷ раҳме на бародар ба бародар дорад,
Ҳеҷ шафқат на падарро ба писар мебинам.
Панди Ҳофиз бишунав, хоҷа, бирав некӣ кун,
Ки ман ин панд беҳ аз дурру гуҳар мебинам.....................
Хофизо, хезу нигар даври камар омадааст,