ИЮЛ Ба Афанди бо телефон рохро
мефахмонанд: - Чангалро дар пешат дида
истодаи? Афанди : - Не! Инчо чунон дарахт
бисёр аст, ки чизе наменамояд! Донишчў дар
пеши хобгох хараки наврангкардаро дида,
барои ханда чўраашро назди харак оварда
мегўяд: - Инчо шин, ман ба ту гапи мухим
дорам. - Исто, аввал ман гапамро гўям,-
хохиш мекунад чўрааш. - Шин-шин, баъд
мегўи. - Гапамро гўям аввал… - Шин гуфтам-
э! Вай шишт. Донишчўи якум базўр
хандаашро дошта мегўяд: -Хайр, акнун
гапатро гўй, баъд ман хам гапамро мегўям.
Дуюми: - Ман шими туро пўшидам. - Оча,
ман соати чанд таваллуд шудам? - Соати 12-
и шаб. - Бедор накардам шуморо? - Чўра,
мо аз қафоят бо мошин омада истодаем. -
Кани? Надида истодаам? - Дар пуштат
«Лексус»-и сиёхро намебини? -Наход??? - Мо
дар «маршрутка»-и кафои он шиштагием!
Вақт тез мегузарад: соати 11.00 ба
«Одноклассники» медарои, вақте мебарои,
мебини, ки 34- сола шудаи. - Ин шоир
кист?- сурати шоирро нишон дода мепурсад
муаллим аз талаба. - Пирдавси. - Пирдавси
не, Фирдавси!.. Инаш кист? Талаба метарсад,
ки хозир «П» гўям, боз муаллим маро чанг
мекунад ва мегўяд: - Фушкин. Вақте аз
модари 3 кўдаки майда пурсиданд, ки ба
зодрўзаш чи тўхфа мехохад, гуфт: -
Мехохам, ки як боракак ба хаммом танхо
равам ва як конфетро худам тоқа хўрам.
Афанди ба писараш мегуяд: - Туро ягон кас
хафа намекунад? - Не. - Хайр, бин, яке агар
ягон кас хафа кунад, хафа нашав! Овози як
мардак гирифт. Ба ёдаш омад, ки чўраи
духтур дорад ва ба хонаи вай рафт. Дарро
занаш кушод. Мардак бо овози паст пурсид:
- Бахтиёр дар хона? Зан хам бо овози паст: -
Не, нест. Тез даро. Биби ба набера: - Ваќти
сулфидан хама ваќт бо дастат дахонатро
пўш. Набера: - Натарсед, биби, дандонхои
ман дандонхои шумо барин аз дахонам
намепаранд. Рўзи шанбе сахари дари хонаи
якхучрагии Афандиро кўфтанд. Рафта кушоду
як гала хамдехаи занашро бо бачахояшон
дид. Гуфтанд: - Ассалом! Мо якхафтаина
омадем. Зид нестед, хаминчо истем, язна? -
Зид нестам! Як мох хам дар хамин чоятон
истед, майлаш!- гуфта, Афанди дарро пўшид.
Дар имтихон устод аз донишчў соли
таваллуди Рўдакиро мепурсад. Донишчў
надонист ва 2 гирифта баромад. - Чи хел ту
чавоб дода натавонисти?- мегўяд ба вай дар
берун чўрааш. - Дар болои сари муаллим
портрети Рўдаки ва соли таваллуду вафоташ
858 -941 навиштаги буд-ку! - Вах! Ман гумон
кардам, ки ин раќами телефонаш аст!
Афанди: - Духтари наѓз, аз шумо як хохиш
дорам. Духтар: - Чи хохиш? - Як бўса ба
нархи 50 сомони! Духтар: -Девона шуди?!
Афанди: -Даррав не нагу, маро фахм охир!
Ба ман пул даркор шудаст!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев