мачбури.
Духтар Нозбӯ ном дошт. Ба балоғат расида
буду дар сар орзуву ҳавас мепарварид.
Нияти ба ҷавони некӯхисоле риштаи умри
хешро пайвастан дошт, ки ҳамаи зарбаҳои
зиндагиро бо бурдбориву таҳаммул паси сар
карда тавонаду дар барбари ин дили ҷавону
зинда ва меҳрпарвар дошта бошад. Аз ин рӯ,
шабҳои бехобӣ мекашиду ҳар як ҷавони
деҳро, ки ба дилаш менишаст, қиёс мекард
пеши худ. Хусусиятҳои ҳар якеро аз навори
хаёл мегузаронду дар тарозуи ақл
бармекашид, ки кадоме лоиқ асту кадоме на.
Аммо деҳ деҳ аст. Чорчӯбаю расмияти худро
дорад. Духтареро, ки аз ин чорчӯба берун
пой ниҳоданӣ мешавад, бадному сабукпо
меҳисобандаш дар деҳ. Бинобар ин, Нозбӯ
низ ба ҳеҷ ваҷҳ намехост, ки ба марзи
номусу номи боиффати духтарии хеш ин
доғи сиёҳро насб намояд. Ва мурғи бахти
худро ҳаволаи тақдир намудаву нигарони
амри волидайн буд, то онҳо ба кадоме аз
хостгорон, ки вақтҳои охир дари
хонаашонро аз рафтуомад, ба қавле
«охурча» карда буданд, розигӣ медиҳанд.
Ва рӯзе ба дари онҳо «Тойота» -и ширгуне
омада қарор гирифт. Нозбӯро кунҷковии
деҳотӣ буданаш боло гирифту берун
баромад. Марди босалобате аз мошин
фаромада, дари паҳлӯи ростро низ во намуд
ва занаки фаттони олуфтаеро аз дасташ
гирифта, мурооти берун омадан кард. Нозбӯ
марду зани бегонаи шаҳриро дар кӯчаашон
дида, пакару ҳайрон менигарист. Ин дам
садои модараш ӯро ба худ овард, ки аз
китфаш кашида, сарзаниш менамуд ва ӯро
ба беҳаёӣ гунаҳкор месохт. Пасон модар
ҷониби Нозбӯ гӯшакӣ кард, ки зуд хонаро ба
тартиб ораду оби чой монад ва худ ҷониби
мошин шитофт.
Марди босалобат аз рӯи гуфти модараш як
хеши наздики ӯ будаасту бо амри тақдир
солҳои дароз дар шаҳр зиндагӣ мекардааст
ва зани танноз ҳамсараш будааст, ки модари
Нозбӯ ҳар замон «янга» гӯён муроҷиат
менамуду дар гирдаш парвона буд.
Меҳмонҳои нозук шабро дар хонаи онҳо
гузарониданду то субҳ бо падару модари ӯ
сӯҳбаташон тафсид. Гӯё қусури фироқи
чандинсоларо бароварданӣ буданд. Табиист,
ки миёни ин гирудорҳо Нозбӯ то субҳ хуфта
натавонист: чой дам мекард, табақҳоро иваз
менамуд, чиркинашро мешуст, таги дег оташ
монда хӯроки тоза мепухт.
Саҳар баъди гусели меҳмонҳо модар ба
Нозбӯ, ки аз давутози шабона хеле хаста
шуда буду мехост каме хуспад, муждагонӣ
дод:
-Сафедтолеъ будаӣ, духтарам, иқболат
хандид. Як домоде ёфтем, ки дар сурату
сират камиву костие надорад. Падарашро
намегӯӣ. Дар Душанбе дар як идораи калон
раис будаасту хонаву дарашон афсонавӣ.
Қариб буд, ки ҳафтаи гузашта ба писари
Раҳими автобусчӣ розигӣ дода, нон шикаста
будемат. Нозбӯро хоб аз сар парид. Фикру
андешаи зиёд майнаашро замбӯрхона кард.
Худро хаёлан дар шаҳри калони
баландошёна дар иҳотаи ҷиҳози
қимматбаҳову дастархони пурнозу неъмат
тасаввур мекарду меболид аз бахти баланд.
Гоҳи дигар, гӯшаи дилашро ким-кадом
пешомади нохуше мехарошид, ки худ
намедонист чаро. Дур аз деҳ будан ё ҷудоӣ
аз падару модар. Инро ҳеҷ муайян карда
натавонист. Ба ҳар ҳол, тан ба тақдири ҳақ
ва ризоияти волидайн супорид.
Маросими арӯсӣ хеле дабдабаноку
боҳашамат гузашту ӯ шаҳрӣ шуд. Дар
зиндагӣ ягон танқисӣ надошт. Корвони умр
хеле хуш ва рангоранг мегузашт. Муҳимаш
шавҳараш ҷавони хушмуомилаву ҳалим буд.
Хусуру хушдоманаш низ меҳрубон буданд.
Вале солҳо мегузаштанду онҳо соҳиби
нишони умр - фарзанд намегардиданд. Ба
духтурону табибони халқӣ муроҷиат
намуданд. Баъди муоина гуфтанд, ки ҳоло
шумо ҷавонед, дар толеи пешониятон
бошад, бенасиб намемонед. Хусуру
хушдоман низ ҳаминро талқин менамуданд.
Хусусан, хусур ҳар гоҳ, ки бо Нозбӯ рӯ ба рӯ
гап мезад, мегуфт, ки:
-Духтарам, худатро нагирон, ҳоло ҷавон
ҳастӣ, чорта даври ҷавонӣ рон, фарзанд
куҷо меравад, онро меёбӣ. Асосаш ҷавонии
даргузарро аз даст раҳо накун, ки пушаймон
мешавӣ. Нозбӯ инро ба таври худ мефаҳмид.
Гумон мекард, ки хусур ин суханонро ҳамин
тур барои дилбардорӣ мегӯяд. Вале баъзан
ҳис мекард, ки хусур ба ӯ ким чӣ хел
меҳромез ва бо чашмони шаҳватбор
менигарад. Ин нигоҳҳои меҳрбори хусур
дили арӯсро сӯрох мекарданд, ба худ
меларзид. Аммо боз худро сарзаниш мекард
барои бадгумонияш.
Шавҳари Нозбӯ - Зафар дар як корхонаи
итеҳсолии калонтарини ҷумҳурӣ сармуҳандис
буд. Аз ин рӯ, баъзан дер меомад шабҳо ва
баъзан, ба сафари хизматӣ ба хориҷи
кишвар мерафту рӯзҳову ҳафтаҳо намеомад.
Нозбӯ, ки шавҳарашро дӯст медошт, тайи ин
муддатҳо ӯро ниҳоят пазмон мешуд, хӯрду
хобро гум мекард. Рангаш заъфаронӣ
мегашту таровати рӯяш мекоҳид, рӯзу шаб
соат мешумурд, ки Зафараш кай меояд. Бо
ҳамин нигарониҳо ба ҷойгаҳи ҳарир, ки дар
шафати хонаи хусуру хушдоман буд,
медаромаду болиштро оғӯш намуда, ноаён
хобаш мебурд.
Ва шабе дар чунин ҳолат даруни ҷойхоб хеле
аз паҳлӯ ба паҳлӯ гашту хобаш наомад. Ба
фикру хаёлоти машғуш ғӯтавар гардид, ки
умраш барабас мегузарад. Худро маломат
мекард, ки ба болои ин умри нафари
дигареро низ сӯзонда истодааст. Ҳарчанд
шавҳараш инро пинҳон медорад, вале Нозбӯ
ҳис мекунад, ки ӯ чӣ қадар иштиёқманди
соҳиби фарзанд шуданашон аст.
«Оҳ, худи ман низ чӣ андоза инро хоҳонам, -
дурудароз нафаси сард кашид Нозбӯ ва об
дар чашмонаш ҳалқа зад. Вале чӣ кунам, ки
замин сахту осмон баланд аст».
Андешаҳои печ дар печ ӯро дар кӯчаҳои
сарбаста раҳгум занонданд. Баъзан, ба
хулосае меомад, ки Зафар биёяд, бо
иҷозаташ аз хонаи кӯдакон бачаеро ба
фарзандӣ қабул мекунанду ба воя
мерасонанд. Аммо боз меандешид, ки магар
ба ин Зафар розӣ мешавад? Магар Зафар
пешниҳод нахоҳад кард, ки то ин хел рафтор
намуда миёни мардум шарманда шудан зани
дуввум мегирад? Дили Нозбӯро воҳима пахш
намуд, дар худ ларзид. «Не, ман ба ин ҳеҷ
гоҳ роҳ намедиҳам. То ба болои ман зан
овардани шавҳарам ва ҳар рӯз айшам талх
шуданаш мурам беҳтар аст». Ва боз фикре
ба сараш заду дилаш рӯшан гашт. Охир,
ҳанӯз ягон духтуру табибе, ки ҳамроҳи Зафар
ё хушдоманаш наздашон рафтааст, изҳор
накардаанд, ки айб дар Нозбӯ аст ё
шавҳараш. Ғайр аз ин, Зафар маро ниҳоят
дӯст медораду аз ҷонаш азиз медонад. Вай
боре гуфта буд, ки «ғам нахӯр, соҳиби
фарзанд шудан тақдири азалист. Дар
бахтамон бошад, мебинем, агар аз рӯзи азал
худованд як пора гӯштро ба мо лоиқ надида
бошад, аз дасти мо чӣ меояд? Ин ҳушдори
ҳамонвақтаи шавҳар дар буни гӯшаш чун
навозиш аз дуриҳои дур садо доду дилаш
қадре таскин ёфт. Ва кай хобаш бурд, худ
намедонад.
Ҳамон шаб Нозбӯ хоб дид. Хоби мудҳишу
даҳшатбор. Аз хоб ҷонҳавлӣ парида хест.
Аъзои баданаш месӯхт аз алам, сараш дард
мекард. Сари ҷойгаҳ қадре нишаст, хонаи
васеъу барҳаво тангӣ намуд дар назараш.
Хост рӯи ҳавлӣ барояд, вале хоби дидааш,
ки аз сараш ҳанӯз дур нашуда буд, ба дилаш
воҳима ангехт. «Хусурам ба ман гул тақдим
мекунад» - чӣ хоби наҳсе, зери лаб
пичиррос зад ӯ. Шояд хоби шайтонӣ бошад?
Ва то субҳ дигар хуфта натавонисту шабро
сари ҷойгаҳ саҳар кард.
Тамоми рӯз худро ба коре машғулу
андармон карда натавонист Нозбӯ. Ба ягон
кор дасту дилаш намерафт. Як гӯшаи дилаш
сиёҳ буд ва аз пешомади наҳсе гувоҳӣ
медод. Бесаброна омадани шавҳарашро
интизорӣ мекашид. Ва ё мехост кабӯтаре
шаваду озод болу пар кушода, пеши падару
модараш равад. Охир, чӣ қадар онҳоро ёд
кардааст, додару апаашро, ҳаққу ҳамсояҳоро
низ. Ягона роздонаш дар рӯзҳои бедимоғиаш
хушдоманаш аст, ки ҳоло дар хона нест.
Ҳамроҳи занаки ҳамсоя ба маъракаи
мушкилкушоёни як ҳаммаҳаллаашон
рафтааст. Ҳавлии васеъи пуршукӯҳи
кошинкорӣ дар назараш гӯрхонаи амирро
мемонд.
Ба ҳар ҳол, дили нохоҳам рӯбучин ва
шустушӯи рӯзмарраро ба сомон расонда,
хост сар шӯяд, то шояд ки гаронии бадан ва
дарди сараш басанда гардад. Нав либосҳои
сабук ба бар намуда, ҳаммом даромаданӣ
буд, ки хусураш бо мошин омад. Ғайри
одати дерина худаш дарвозаро кушода,
мошинро дарун ронду баргашта онро
пӯшонд ва занҷир намуд.
Арӯс баргашт, то оби чой монаду дастархон
кушояд. Лек хусур садди роҳ гашту исрор
кард, ки ташвиш накашад. Ӯ соатаке дам
мегираду баргашта ба ҷои кораш меравад.
Ин замон Нозбӯ боз ҳамон нигоҳҳои
шаҳватбори хусурро, ки саропояшро гӯё
мелесиданд, пай бурда, шармиду сурх гашт
ва саросема худро ба ҳаммом зад. Дарро аз
дарун қулф карду озими либоскашӣ гардид.
Фурсате пас садои тақ-тақи дари ҳаммом ба
гӯш расиду садои пасту ноҳамвори хусур, ки
«Нозбӯ, Нозбӯҷон, даро кушо, гапи муҳиме
дорам», -мегуфт. Нозбӯ лол монд ва гумон
кард, ки хусураш девона шудааст. Хоби
шабона ёдаш омаду саросему ва бо чолокӣ
либосҳояшро ба бадани кафки собунолудаш
пӯшидан гирифт. Хусур пас аз интизории
лаҳзаинае боз ба илтиҷо даромад. Нозбӯ
дудила шуд: кушояд ё не. Раваду ягон
фикри…наход? Ба ҳар ҳол ман бояд дарро
кушоям, охир хусур ҳукми падар аст. Шояд
дар ҳақиқат ягон кори муҳим пеш омадааст ё
ӯро дарди зиқи нафасаш хурӯҷ намудааст, ки
ба ёрии ман эҳтиёҷ дорад. Ва бе дудилагӣ
дарро кушод Нозбӯ. Арӯс дарро кушоду
хусур чун паланги ба сайди оҳу расида ба ӯ
дарафтод. Нозбӯ хост хусурро ба гап
гирифта, пайти мувофиқ ёбаду раҳо ёфта
гурезад. Аммо хусури фосиқ бо ду даст ӯро
оғӯш намуда, мебӯсиду таърифи ҳуснашро
менамуд ва писарашро наҳ мезад, ки ҳамин
хел фариштаро партофта, ба сафар рафтааст.
Писарро ба мард набудан муттаҳам сохт ва
нашармида ба забон овард, ки ман худам
туро хушбахт мекунам, соҳиби фарзанд
мегардонам. Нозбӯро ғашаш омад ва хост
дод зада, ҳамсояҳоро ба ёрӣ хонад. Ва боз
фикр кард, ки даруни ин чордевори баланди
дӯзахмонанд садои оҷизонаи ӯро кӣ
мешунавад. Муқобилати дастон низ ба кор
наомад. Хусури девсират, ки Нозбӯ то ҳол аз
ин бадманишиаш хабар надошт, бо зӯрӣ ӯро
тела дода ба рӯи фарши ҳаммом хобонд ва…
…Хеле гирист Нозбӯ, сар ба деворҳои
сангини ҳаммом кӯфт. Аз тақдири талху
толеъи сиёҳи худ нолаҳо карду лаънатҳо
хонд ба рӯзи сиёҳи худ. Роҳу чораи пок
намудани худро ҷуст. Берун шуд аз ҳаммом.
Таги дарвоза мошини хусури фосиқаш
наменамуд. Фоли нек донист инро. Хона
даромад, аз он ҷо баромаду мушавваш
худро ба ошхона зад, баъд ба анборхона.
Муродаш ҳосил нашуд. Парешону саросема
атрофи ҳавлиро се бор давр зад ва ниҳоят,
дар як гӯшаи долон хилъати хонапӯшии
хушдоманаш ба чашмаш расид. Лаҳзае
лабонаш моили табассум шуданд. Гӯё
ганҷеро меҷуст, ки тамоми умр дар паи
ёфтанаш буду инак ба даст овард.
Миёнбанди хилъатро илоҷе намуда ҷудо
кард ва санҷид, мешавад. Баргашта ҳаммом
даромад. Дарро аз дарун баст. Тасмаи
хилъатро дар шифт мустаҳкам намуда, як
нӯгашро ҳалқадавак сохт. Сипас, гарданашро
ба он ҳалқа андохту чашмонашро пӯшид ва
як пояшро дар ҳаво нигоҳ дошта, ба пои
дигараш курсии зери пои дуввумашро бо
шаст ба сӯе тела дод.
Зафар рӯзи ҳафти Нозбӯ аз сафар баргашту
модару хешовандонашро дар либоси мотамӣ
дид. Чӣ қадар гиристу дар ҳаққи маҳбубаш
сӯхт, фоида набахшид. Дар бораи сабаби
худкушии Нозбӯ бошад, касе чизе намегуфт
ба ӯ, зеро худкушии Нозбӯ барои ҳамаи аҳли
оилаву хешу табор ва ҳамсоягону дигар
пайвандон муаммои сарбастае буд, то он
вақте ки як субҳ Зафар дар назди оинаи
барқади ҳаммом риш метарошиду ногоҳ
чашмаш ба гӯшаи коғазпорае афтод, ки дар
пушти оина намуда меистод. Аввал эътибор
надод ба он. Баъд, вақте ки аз саросемагӣ
дастгоҳи риштарошӣ рӯяшро каме харошид,
хост бо ҳамон коғаз хуни аз он заҳида
баромадаро тоза намояд. Вале
навиштаҷотеро диду майли хонданаш кард.
Чун онро хонд, чашмонаш хун гирифтанд, аз
косахонаи сар ҷаста баромаданд ва
девонавор берун тохт. Аввал падари
фосиқашро, ки чун ҳарвақта бо салобату
такаббур ба мошин нишаста, аз дарвоза
баромаданӣ буд, корд ба сина зад, сипас
хонаро оташ зада, аз он берун шуд. Ҷасади
сарди ӯро баъди ду рӯз аз канори дарё
ёфтанд. Модарро ҳамсоягон нимсӯхтаву
нимҷон наҷот доданд.
Аз ин аламу имтиҳони сахти ҳаёт дар дами
пирӣ модари сарсахт тобу тавонро аз даст
дода, девонаву хаёлӣ ва бе манзилу
дарбадар гардида, ҳоло дар кӯчаву бозорҳо
аз субҳ то шом навҳакашон ҷониби мардум
даст баҳри садақа дароз менамояду рӯзи
худро аз пушти ҳамин пеша
мегузаронад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев