Бомбаборони девонавори маҳаллаҳои истиқоматии Ғазза Ҷанг дар Ғазза дар ҳоле вориди 218-умин рӯзи худ шуда, ки бомбаборони малаллаҳои шимолии Ғазза ташдид шудааст ва ишғолгарон ба шакли девонавор хонаҳои истиқоматии шаҳри Ғаззаро ҳадаф қарор медиҳанд. Ба гузориши ТоҷикПресс, 218 рӯз аз ҷанг дар Ғазза мегузарад ва дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нигарон аз юриши заминии артиши ишғолгари Исроил ба шаҳри Рафаҳ мебошад; мақомоти исроилӣ ҳамчунон ба ҳамлаи заминӣ ба ин шаҳри пур аз ҷамъияти оворагон исрор доранд. Ин дар ҳоле аст, ки ҳамалоти ҳавоии бевақфа алайҳи манотиқи мухталифи Ғазза бахусус Рафаҳ идома доштааст. Дар ин миён ҷангандаҳои артиши Исроил аз авохири шаби гузашта то соатҳои бомдодӣ чандин хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Рафаҳ воқеъ дар ҷануби борикаи Ғазза ва ҳамчунин Урдугоҳи Ҷибилё дар шимоли Ғаззаро ҳадаф қарор доданд. Манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки даргириҳои шадиде дар маҳаллаи Аззайтуни шаҳри Ғазза субҳи имрӯз дар ҷараён будааст ва ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба бомбаборони манозил ва зерсохтҳои ин маҳалла ҳамчунон идома медиҳанд. https://tajikpress.com/2024/05/11/%d0%b1%d0%be%d0%bc%d0%b1%d0%b0%d0%b1%d0%be%d1%80%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%b4%d0%b5%d0%b2%d0%be%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%be%d1%80%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d2%b3%d0%b0%d0%bb%d0%bb%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d2%93/
    0 комментариев
    0 классов
    Путин ва Раҳмон дар Кремл чӣ гуфтанд? Эмомалӣ Раҳмон дар сафари расмӣ ба Русия ва бо даъвати Владимири Путин бо вай дидору гуфтугӯ карадаст. Мулоқот пас аз режаи низомӣ бахшида ба 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Майдони Сурх баргузор шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни музокирот бо раҳбари Русия қайд кард, ки ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Холл ба обрӯи миллат таъсири ҷиддӣ расонидааст. Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Холл, ки дар содир кардани он зодагони Тоҷикистон гумонбар мешаванд, ба обрӯи миллат таъсири манфии ҷиддӣ расонидааст. Раҳмон гуфт: “Терроризм миллату мазҳаб надорад, ватан надорад, мо бояд бо он мубориза барем Мо худамон инро аз сар гузаронидаем ва то ҳол зиёда аз 30 сол аст, ки мубориза мебарем. Мо медонем, ки ифротгароӣ чист”. Раҳбари Тоҷикистон ба он ишора кард, ки маҳз душманон мехоҳанд миёни ду кишвар низоъ андозанд, аммо Русия барои Тоҷикистон шарики стратегӣ аст. Раисиҷумҳури Русия ҳам изҳор дошт, ки равобити Маскав ва Душанбе дар аксари бахшҳо фаъолона рушд меёбанд. Путин гуфт: “Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад”. https://tajikpress.com/2024/05/10/%d0%bf%d1%83%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d0%b2%d0%b0-%d1%80%d0%b0%d2%b3%d0%bc%d0%be%d0%bd-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%ba%d1%80%d0%b5%d0%bc%d0%bb-%d1%87%d3%a3-%d0%b3%d1%83%d1%84%d1%82%d0%b0%d0%bd%d0%b4/
    0 комментариев
    1 класс
    300 ҳазор сарбози украинӣ аз ҷанг бо Русия фирор карданд Як рӯзномаи русӣ ба нақл аз як коршиноси низомӣ унвон кард, ки шумори низомиёни фирории артиши Украина ба 300 ҳазор нафар расидааст. Ба гузориши хабаргузории “Русия Ал-Явм”, рӯзномаи русии “Фактический аргумент” дар гузорише навишт: шумори низомиёни фирорӣ аз артиши Украина аз замони оғози ҷанги ахир ба 300 ҳазор нафар расидааст. Дар ин гузориш ба изҳороти ахири яке аз низомиёни фирории украинӣ дар сафҳаи шахсии вай дар Телеграм ишора шудааст, ки гуфтааст: теъдоди фирориён аз артиши Украина ба таври густурдае дар ҳоли афзоиш аст. Вай дар идома афзуд: ман ба ҳамроҳи 74 низомии дигар ба тозагӣ аз хидмат дар артиш фирор кардем, чун онҳо бо сарбозон бархурдҳои тавҳиномезе дошта ва шахсияти онҳоро мешикананд. Вай афзуд: дар бархе маворид низ сарбозони украинӣ аз сӯи мофавқҳои худ мавриди зарб ва шатм қарор мегиранд, ки ин масоил боис мешавад беҳтарин тасмим барои онҳо фирор аз артиш бошад. https://tajikpress.com/2024/05/09/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d0%b0-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d3%a3-%d1%84%d0%b8%d1%80%d0%be%d1%80/
    0 комментариев
    1 класс
    Дар Шветсия беҳурматӣ ба Қуръонро такрор карданд Як зани масеҳӣ таҳти ҳимояти полиси Шветсия рӯзи гузашта дар шаҳри Малмо, нусхае аз Қуръони Каримро ба оташ кашид. Ба гузориши ТоҷикПресс, полиси Шветсия барои таҷаммуъи қуръонсӯзӣ дар яке аз шаҳрҳои ҷанубии ин кишвар, ки рӯзи гузашта дар Малмо баргузор шуд, иҷозатнома содир кард. Тасовир ва наворҳои нашр шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки ҳамроҳ бо ин зан, ки як салиб дар даст дорад, марде ки парчами режими саҳюнистиро бар дӯши худ андохта, дар канори ин зан истодааст. Тибқи гузоришҳо, ин фарди муҳин, ҳамон зане аст, ки ҳафтаи гузашта ва дар наздикии Стокголм ба Қуръони Карим беҳурматӣ карда буд. Дар навори нашр шуда, нишон дода мешавад, ки ин зан бо ҳофизати комили полиси Шветсия даст ба ин иқдоми муҳин мезанад ва мусулмонон низ дар ҳоле, ки парчами Фаластин ба даст доранд, алайҳи он шиор медиҳанд ва аз муқаддасоти исломӣ дифоъ мекунанд. Баргузории ҷамъомади монанди ин дар Шветсия, ки дар он ба китоби Худованд тавҳин мешавад, интиқодоти мусулмонони саросари ҷаҳонро барангехта ва равобити Стокголм бо кишварҳои исломиро тира кардааст. https://tajikpress.com/2024/05/04/%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%88%d0%b2%d0%b5%d1%82%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d0%b1%d0%b5%d2%b3%d1%83%d1%80%d0%bc%d0%b0%d1%82%d3%a3-%d0%b1%d0%b0-%d2%9b%d1%83%d1%80%d1%8a%d0%be%d0%bd%d1%80%d0%be-%d1%82%d0%b0%d0%ba/
    0 комментариев
    0 классов
    Ҳимоят ва ҳамбастагии мардуми Португалия аз Ғазза Дар идомаи ҳимоятҳои мардумӣ аз Ғазза дар нуқоти мухталифи ҷаҳон, ҳазорон нафар аз мардуми Португалия ба хиёбонҳо омаданд ва ҷиноятҳои режими палид ва ҷинояткори саҳюнистиро маҳкум карданд. Ба гузориши хабаргузории “Рейтер”, ҳазорон нафар аз мардуми Португалия бо ҳузур дар хиёбонҳо, зимни эъломи ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин, ҷиноятҳои режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Навори Ғаззаро маҳкум карданд ва хостори таваққуфи фаврии ҷанг ва барқарории оташбас дар Навори Ғазза шуданд. Вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза имрӯз панҷ шанбе эълом кард, ки аз оғози таҳоҷуми режими ваҳшии саҳюнистӣ ба Навори Ғазза дар 7 октябр то имрӯз дасти кам 34 ҳазор ва 596 фаластинӣ шаҳид ва 77 ҳазор ва 816 нафари дигар низ захмӣ шуданд. Бинобари эъломи ин вазоратхона дар шабонарӯзи гузашта 28 нафар дар Навори Ғазза шаҳид ва 51 нафари дигар захмӣ шуданд. Дирӯз чаҳоршанбе ва дар идомаи ҳимоятҳои ҷаҳонӣ аз мардуми мазлум ва ситамдидаи Фаластин ва маҳкумияти ҷиноятҳои режими ғосиб ва хуношоми саҳюнистӣ дар Навори Ғазза, ҳазорон нафар аз мардуми Италия бо таҷаммуъ дар шаҳри Милан, зимни ҳимоят аз муборизаи гуруҳҳои муқовимати исломии Фаластин алайҳи саҳюнистҳои кӯдаккуш, ҷиноятҳои артиши саҳюнистӣ дар Навори Ғазза ва куштори мардум бегуноҳро маҳкум карданд. Шабакаи Алҷазра рӯзи чаҳоршанбе тасовире аз тазоҳуроти пуршур дар шаҳри Милани Италия зери бориши борон барои дархости таваққуфи ҷиноёти режими хабиси Исроил дар Навори Ғазза мунташир кард. Ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот бо дар дастдоштани парчами Фаластин шиорҳои зидди саҳюнистӣ дар куштори мардуми Фаластин дар Навори Ғазза ва таваққуфи ҷанг сар доданд. Дар хабари муртабит, мардуми Туркия дар шаҳри Трабзони Туркия низ дар роҳпаймоии ҳамбастагӣ бо мардуми Ғазза бо ҳамли парчамҳои Фаластин аз мардуми Навори Ғазза дар баробари режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ҳимоят карданд. https://tajikpress.com/2024/05/02/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%bf%d0%be%d1%80%d1%82%d1%83%d0%b3%d0%b0%d0%bb%d0%b8%d1%8f/
    0 комментариев
    0 классов
    #ҶУДОКОРОНИ ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!!!! Тоҷикистон бори аввал мизбони мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 мешавад. Ҳамакаса ҷудокорони кишварамонро дасгирӣ менамоем ва аз меҳмонони хориҷӣ пазироии хубӣ тоҷикона намоем !!! Агар ин мусобиқаро бо меҳмонавозиву фарҳанги хуби тоҷикӣ ҷамъбаст намоем боз ҳам нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон баланд мегардад ва ифтихори кули мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад ! ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ! БА ПЕШ! БА ПЕШ !
    0 комментариев
    4 класса
    0 комментариев
    0 классов
    Баёнияи Кумитаи муштараки арабӣ ва исломӣ дар бораи режими саҳюнистӣ Ба гузориши хабаргузории Алҷазира, рӯзи якшанбе ҷаласаи Кумитаи вузарои таъйин шуда аз сӯи сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар хусуси таҳаввулоти Навори Ғазза баргузор ва баёнияе тавассути он содир шуд. Дар ин нишаст, ки ба раёсати Файсал бен Фарҳон, вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ дар Риёз баргузор шуд, бар лузуми эъмоли таҳримҳои муассири ҷомеаи байналмилалӣ алайҳи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ, аз ҷумла таваққуфи содироти силоҳ ба ин режим таъкид шуд. Ин иқдом дар посух ба нақзи қонунии байналмилалии инсонӣ ва низ ҷиноёти ҷангие, ки дар Ғазза ва Каронаи Бохтарии ишғолӣ тавассути ин режим сӯрат мегирад, иттихоз шудааст. Вазирони ҳозир дар ин дидор бар лузуми фаъолсозии абзорҳои ҳуқуқии байналмилалӣ барои посухгӯ кардани мақомоти исроилӣ дар қиболи ҷиноёте ки муртакиб шудаанд ва лузуми таваққуфи тероризми шаҳрак нишинон ва иттихози мавозеъи сариҳ ва қотеъ дар баробари он таъкид карданд. Дар ин баёния омадааст, ки дар ин нишаст механизмҳое барои ташдиди иқдомоти муштараки арабӣ ва исломӣ барои таваққуфи фаврӣ ва поён додан ба ҷанг дар Навори Ғазза, тазмини ҳифозат аз ғайри низомиён мутобиқ бо қонуни байналмилалии инсонӣ ва ироаи кумакҳои башардӯстонаи кофӣ ва пойдор барои саросари Навори Ғазза баҳс ва гуфтугӯ шуда ва бар идомаи талошҳо барои ба расмият шинохта шудани кишвари мустақили Фаластин ва муҳаққиқ кардани хостаҳои мардуми Фаластин таъкид шудааст. https://tajikpress.com/2024/04/30/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d1%80%d0%b5%d0%b6%d0%b8%d0%bc%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d3%a3-4/
    0 комментариев
    0 классов
    Бедории насли нави Амрико ва таъсири он бар ояндаи равобит бо Исроил Ҷунбиши эътирозии донишҷӯён дар Амрико, ки бо мавҷи густарда идома ёфтааст, дар ояндаи равобити ин кишвар бо Исроил ҳам таъсир дорад. Дар ҳоле, ки наслҳои қаблии Амрико бо пайравӣ аз рӯйкарде, ки давлатҳои ин кишвар ба онҳо таҳмил карда буданд, худро муваззаф ба ҳимояти мутлақ аз режими саҳюнистӣ медонистанд, аммо насли ҷадид дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки раҳбарони ояндаи ин кишвар ҳастанд, як масири комилан дигарро пеш гирифтаанд. Тайи чанд ҳафтаи гузашта ҷунбиши эътирозии азиме дар донишгоҳҳои Амрико алайҳи ҷиноятҳои режими ишғолгар дар ҳаққи мардуми бедифои Фаластин дар Навори Ғазза, табдил ба яке аз аслитарин таҳаввулоти марбут ба ҷанги Ғазза, дар расонаҳои ҷаҳон шудааст ва таҳлилҳои мутааддиде дар ин бора вуҷуд дорад. Дар ҳамин бора шабакаи Ал-Ҷазира дар ёддоште ба қалами «Муҳаммад Ал-Миншов, таъсири хезиши донишҷӯии Амрико алайҳи режими саҳюнистӣ бар ояндаи равобит бо ин режимро мавриди баррасӣ қарор додааст. https://tajikpress.com/2024/04/29/%d0%b1%d0%b5%d0%b4%d0%be%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d1%81%d0%bb%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%b2%d0%b0-%d1%82%d0%b0%d1%8a%d1%81%d0%b8%d1%80%d0%b8-%d0%be/
    0 комментариев
    0 классов
    Густариши мавҷи эътирозҳои дониҷшӯёни ҳомии Фаластин дар донишгоҳҳои Канада Бо идомаи мавҷи густариши эътирозҳои зидди саҳюнистӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои ғарбӣ, донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар донишгоҳи МакГилл дар Монтрали Канада низ кампи эътирозӣ алайи наслкушии Исроил дар Ғазза ба роҳ монданд. Ба гузориши ТоҷикПресс, эътирозҳои донишҷӯӣ дар ҳимоят аз Фаластин ва маҳкумияти ҷиноятҳои Исроил, ки аз донишгоҳи Колумбияи Амрико дар шаҳри Ню-Йорк оғоз шуд бо вуҷуди саркӯб аз сӯи мақомоти Амрико ибтидо ба дигар донишгоҳҳои ин кишвар ва сипас ба донишгоҳҳои соири кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла Англис, Фаронса, Олмон, Канада ва Австралия расид. Шабакаи CBC-и Канада гузориш дод, ки донишҷӯёни эътирозгар дар донишгоҳи МакГилл бо барпоии камп дар донишгоҳ бо Фаластин ибрози ҳамбастагӣ карданд. Ба гайр аз Штатхои Муттахида, дар тамоми чахон, аз чумла дар Берлин, фаъолон дар назди парламент хайма зада, аз хукумат хохиш карданд, ки фиристодани аслиха ба Исроилро бас кунад. Дар Донишгоҳи илм ва технологияи Париж эътирозгарон шаҳраки марказиро бастанд. Дар Шветсия тазоҳуроти тарафдорони Фаластин баргузор шуд ва мардум шиорҳои “Фаластин озод аст” ва “Исроилро бойкот” карданд. Тарафдорони Фаластин низ дар Лондон ҷамъ омаданд. https://tajikpress.com/2024/04/28/%d0%b3%d1%83%d1%81%d1%82%d0%b0%d1%80%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%b2%d2%b7%d0%b8-%d1%8d%d1%8a%d1%82%d0%b8%d1%80%d0%be%d0%b7%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b8%d2%b7%d1%88%d3%af%d1%91/
    0 комментариев
    0 классов
Увлечения

Публикации автора

В ОК обновились Увлечения! Смотрите публикации, задавайте вопросы, делитесь своими увлечениями в ОК