💥Оксана Сенчина - В уснувшем городе, где сны сбываются 👍Смотрите ролик ЗДЕСЬ: https://youtube.com/shorts/K3_TPVq9h7U?si=uNcb_07c0uZwB5nP
    0 комментариев
    0 классов
    💥Оксана Сенчина - Ямочки 👍Смотрите видео песни на нашем канале: https://youtu.be/_UqtZsQh1GI?si=RzdabIUEQvEHrUij
    0 комментариев
    0 классов
    Атвон: Ваҳдат муҳимтарин омили пирӯзии Эрон буд / Орзуи Исроил бар бод рафт Як нависандаи маъруфи фаластинӣ бо ситоиш аз ваҳдати эрониён гуфт, ки пойдории Эрон ва муқовимат тавозуни қувваро дар минтақа дигаргун кард. Ба гузориши ТоҷикПресс, Абдулборӣ Атвон, нависанда ва таҳлилгари барҷастаи фаластинӣ ва сардабири рӯзномаи фароминтақавии “Раъй ал-Явм”, дар суханони нави худ дар бораи таҳаввулоти ахири минтақа, ба вижа натиҷаҳои ҷанги Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон ва сипас тавофуқе, ки ахиран миёни Теҳрон ва Вашингтон мунъақид шудааст, изҳор дошт: Натиҷаҳои рӯёрӯии ахир миёни Эрон ва меҳвари муқовимат бо Амрико ва режими саҳюнистӣ мунҷар ба тағйироти амиқи стратегӣ дар минтақа шудааст. Пойдории Эрон ва меҳвари муқовимат мувозанаи қувваро дар минтақа тағйир дод Абдулборӣ Атвон дар гуфтугӯ бо шабакаи “Ал-Масира”-и Яман эълом кард: Ин таҳаввулот пас аз он рух дод, ки Вашингтон ва режими саҳюнистӣ дар расидан ба аҳдофе, ки дар оғози таҷовуз эълом карда буданд, ноком монданд ва маҷбур шуданд аз шартҳои калидие, ки барои поён додани рӯёрӯӣ зарурӣ медонистанд, ақибнишинӣ кунанд. Вай афзуд, ки пойдории Эрон ва меҳвари муқовимат мувозанаи қудратро тағйир дода, тарҳҳои ҳегемонӣ ва тағйири шакли минтақаро, ки сарони саҳюнист дар моҳҳои ахир дар бораи онҳо баҳс мекарданд, шикаст додааст; то ҷое ки Амрико маҷбур шуд ҳам дар гузинаи низомӣ ва ҳам сиёсӣ ба Эрон имтиёз диҳад. https://tajikpress.com/2026/06/18/%d0%b0%d1%82%d0%b2%d0%be%d0%bd-%d0%b2%d0%b0%d2%b3%d0%b4%d0%b0%d1%82-%d0%bc%d1%83%d2%b3%d0%b8%d0%bc%d1%82%d0%b0%d1%80%d0%b8%d0%bd-%d0%be%d0%bc%d0%b8%d0%bb%d0%b8-%d0%bf%d0%b8%d1%80%d3%af%d0%b7%d0%b8/
    0 комментариев
    0 классов
    💥Оксана Сенчина - Сумерки 👍Смотрите видео песни на нашем канале: https://youtu.be/wbZKIQc9bHk?si=kfd3HCEpPbxiI6xF
    0 комментариев
    0 классов
    Яман: Пирӯзии бузурги Эрон мояи ифтихори уммати Ислом аст Раиси Шӯрои олии сиёсии Яман пирӯзии бузурги Эрон дар баробари Амрико ва режими саҳюнистиро табрик гуфт. Ба гузориши ТоҷикПресс, Маҳдӣ Алмашот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман, дар паёме ба раҳбарӣ ва мардуми Эрон, муваффақияти Ҷумҳурии Исломиро дар рӯбарӯӣ бо таҷовузҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ як «пирӯзии бузург» хонд. Вай таъкид кард: Артиш ва Сипоҳи Посдорони Эрон намунаҳои дурахшон ва илҳомбахше аз пойдорӣ, истодагӣ ва иқтидорро ба уммати Исломӣ пешниҳод карданд.https://tajikpress.com/2026/06/17/%d1%8f%d0%bc%d0%b0%d0%bd-%d0%bf%d0%b8%d1%80%d3%af%d0%b7%d0%b8%d0%b8-%d0%b1%d1%83%d0%b7%d1%83%d1%80%d0%b3%d0%b8-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%bc%d0%be%d1%8f%d0%b8-%d0%b8%d1%84%d1%82%d0%b8%d1%85%d0%be/
    0 комментариев
    0 классов
    Баёнияи дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллии ҶИЭ дар бораи созишномаи поёни ҷанг Матни изҳорот чунин аст: Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон Ба иттилои мардуми шарифи Эрон мерасонад: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар партави роҳнамоии раҳбари шаҳиди худ, бартарии худро бар душмани амрикоӣ-сиюнистӣ такмил намуда ва дар доираи тадбирҳои раҳбари олии низом (Худованд ӯро ҳифз кунад), бо пуштибонии тамоми мардум ва талошҳои ҷиҳодгаронаи размандагони Ислом, пас аз як давраи музокироти душвору фишурдаи чандмоҳа ва бар асоси тасвиби Шӯрои олии амнияти миллӣ, матни ёддошти тафоҳумро оид ба музокироти поёни ҷанг (музокироти Исломобод) миёни Эрон ва Амрико дар шоми 24-уми хурдод (14, 06, 2026) ниҳоӣ кард. Бар асоси тавофуқҳои бадастомада, ҷанг ва амалиётҳои низомӣ дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар Лубнон, аз ҳамин шаб ба таври фаврӣ ва доимӣ қатъ гардида, ҳамчунин муҳосираи баҳрӣ алайҳи Эрон низ фавран ва пурра хотима меёбад. https://tajikpress.com/2026/06/15/%d0%b1%d0%b0%d1%91%d0%bd%d0%b8%d1%8f%d0%b8-%d0%b4%d0%b0%d0%b1%d0%b8%d1%80%d1%85%d0%be%d0%bd%d0%b0%d0%b8-%d1%88%d3%af%d1%80%d0%be%d0%b8-%d0%be%d0%bb%d0%b8%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d0%bd%d0%b8%d1%8f%d1%82/
    0 комментариев
    0 классов
    Таъсироти манфии таҳдидҳо аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ Амалӣ намудани барномаи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон шиддатро дар минтақа ба таври назаррас коҳиш дода, вазъро ба эътидол меорад, ба андешаи СААД. Амалӣ намудани барномаи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон шиддатро дар минтақа ба таври назаррас коҳиш дода, вазъро ба эътидол меорад, ба андешаи СААД. Ба гузориши манбаъ : Таҳдидҳои терроризм ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Ин нуктаро муовини котиби генералии СААД Валерий Семериков дар ҷаласаи роҳбарони ниҳодҳои зиддитеррористии ИДМ дар Маскав изҳор дошт. Семериков гуфт: “Афғонистон омили калидии таъсиррасон ба вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, ки таҳдидҳо ба монанди терроризм, маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва паҳншавии ғояҳои тундрав аз қаламрави он сарчашма мегиранд”. Ӯ изҳори итминон кард, ки татбиқи барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба тақвияти марзи давлатӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки аз ҷониби сарони давлатҳои СААД дар соли 2024 қабул шудааст, шиддатро дар минтақа ба таври назаррас коҳиш дода, вазъро ба эътидол меорад. https://tajikpress.com/2026/06/13/%d1%82%d0%b0%d1%8a%d1%81%d0%b8%d1%80%d0%be%d1%82%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd%d1%84%d0%b8%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d2%b3%d0%b4%d0%b8%d0%b4%d2%b3%d0%be-%d0%b0%d0%b7-%d0%b0%d1%84%d2%93%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%81/
    0 комментариев
    0 классов
    CNN: Дипломатия бо бомб алайҳи Эрон натиҷа намедиҳад Таҳлили шабакаи CNN нишон медиҳад, ки Доналд Трамп дар доме гирифтор шудааст, ки худ бо тасмимҳои худ сохтааст. Ба гузориши ТоҷикПресс, шабакаи CNN дар таҳлиле менависад, ки ҳамлаҳои нави Амрико ба Эрон нишон медиҳад Доналд Трамп, раиси давлати Амрико, бо вуҷуди нокомиҳои гузашта ҳамоно фикр мекунад, ки афзоиши фишори низомӣ метавонад Теҳронро ба пазируфтани хостаҳои Вашингтон водор созад. Аммо таҷрибаи моҳҳои ахир нишон додааст, ки ташдиди ҳамлаҳо ҳатман ба тағйири рафтори Эрон намеанҷомад. Нуктаҳои асосии ин гузориш: Бозгашт ба “дипломатия бо бомб” Трамп пас аз муттаҳам кардани Эрон ба вақткушӣ ва “бозӣ додани Амрико”, шаби гузашта дастури ҳамлаҳои нав алайҳи ҳадафҳое дар Эронро содир кард. Ҳамзамон вазири ҷанги Амрико эълом намуд, ки Вашингтон дар сурати зарурат “бо бомб музокира хоҳад кард”. Тардид дар бораи таъсирбахшии фишори низомӣ CNN бар ин назар аст, ки Амрико дар моҳҳои гузашта ҳанӯз натавонистааст ба як пирӯзии роҳбурдӣ даст ёбад. Аз нигоҳи нависанда, афзоиши фишори низомӣ то кунун бештар аз он ки боиси ақибнишинии Эрон шавад, ба афзоиши муқовимати Теҳрон анҷомидааст. Тазъифи дубораи роҳи дипломатӣ https://tajikpress.com/2026/06/11/cnn-%d0%b4%d0%b8%d0%bf%d0%bb%d0%be%d0%bc%d0%b0%d1%82%d0%b8%d1%8f-%d0%b1%d0%be-%d0%b1%d0%be%d0%bc%d0%b1-%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d0%b9%d2%b3%d0%b8-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%bd%d0%b0%d1%82%d0%b8%d2%b7/
    0 комментариев
    0 классов
    💥Оксана Сенчина - Васильки 👍🏻Смотрите видео песни на нашем канале: https://youtu.be/ld2fjdUHUb0?si=rmD1rBaQEJy03pJu
    0 комментариев
    0 классов
    💥Оксана Сенчина - Всё пройдёт, и печаль, и радость 👍Смотрите видео песни на нашем канале: https://youtu.be/JV9dvXvJMZg?is=KnoNrd_gl9Q5pmE9
    0 комментариев
    0 классов
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё