Бо гесуи мушкини сумансои Муҳаммад.
Ч,ибрил ч,илавдори Буроқаш шаби меъроч,,
Ҳурон сафи дар саф ба тамошои Муҳаммад.
Арш аст сарафроз зи ташрифи қудумаш,
Курсист ба болиш зи таманнои Муҳаммад.
Хуршед гирифт хушае аз хирмани ҳуснаш,
Маҳ руйканон буса зад аз пои Муҳаммад.
Ташрифи заминаш хамаро вола намуда,
Ташрифи само ч,умла ба ғавғои Муҳаммад.
Шуд гулшани олам зи туфайли гули руяш,
Аз шавқ ҳама булбули гуёи Муҳаммад.
Омад ба қадаш хилъати лавлок мувофиқ,
Точ,е ба сараш қавси «авадно»-и Муҳаммад.
Тоҳо лақабаш, васфи қабояш ба Музаммил,
Баҳри зафари хасм «фатаҳно»-и Муҳаммад.
Фардо, ки кунад ч,илва ба бозори киёмат,
Маҳшар шавад он руз ба тамошои Муҳаммад.
Аз баҳри шафоъат ба ҳама уммати оси,
Бандад камари ҳиммату аъло Муҳаммад.
Хоки қудумаш сурма ба чашмони Ч,унуни,
К-у ҳаст ба ч,он волаву шайдои Муҳаммад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2