Ин лутфи ногах,он зи суи Мух,аммад аст. Сад ч,ону тан фидо ба муи Мух,аммад аст. Х,ар инсу ч,инс ё малаку х,уш ё туюр Дар интизори дидани руи Мух,аммад аст. Ин мушку атру анбару ин дастах,ои гул, Андак гирифтаанд зи буи Мух,аммад аст. Он шаб,ки хонад дуст ба суяш х,абиби хеш, Он "к,оба к,авс" мак,оми улувви Мух,аммад аст. Кардаш салому гуфт: "Чи оварди ба ман?" Гуфто:Ки ач,з раъси фуруи Мух,аммад аст. Он подшох,ро хуш омад зи ач,з гуфт: "Тахлик,и ин фалок зи руи Мух,аммад аст" Вирди
Умри ҳар банда,ки бе хидмати мавло гузарад, Моҳии ташналаби мурдаи дарё гузарад. Олами рӯйхунук гармӣ ба ҷуз ишқ надошт, Ҳайфи умре,ки дар ин ларзиши сармо гузарад. Дари фирдавс кушода,ту ба дӯзах моил, Оқил он аст,сӯи ҷаннати аъло гузарад. Дун бигӯяд манаму ишқ бигӯяд ба ман ой, Мард он аст,ки бар ишқ зи дунё гузарад. Ҳама дар шӯриши ғавғои ҷаҳон дар ғафлат, Оқилона хирад аз ҳодиси дунё гузарад. Ишқ хонӣ сабақ аз дафтари офоқ махон, Хуни дилхӯр магар аз дарси муъаммо гузарад. Кори г
Ошик аз хасрати рухсори гулаш хор шавад, Хамчу Мансур зи вучудаш ба сари дор шавад. Хом бар дидаи зохид машави,ки аъмост, Дидаи дил бикушо сохиби асрор шавад. То кай аз ташвиши дун,хуй куни пургуи, Зикри дил кун ба хомуши,ки пуранвор шавад. Дил агар хуфта бошад,дидаи бедор чи суд, Хозир он аст дили хуфтае бедор шавад. Cухтанро ту зи парвона биомуз,эй дил, Хар ки восил шуд,аз ин зиндаги безор шавад. Нолаи доги дил аз булбули шурида шунав, Дард хар чо,ки расад нолаи бисьёр шавад. Ошики
Дидаи олам ба рангу буйи дунё шуд фиреб, Ризк,и камро ч,амъи молу нак,ди симо шуд фиреб. Тоати Х,ак,ро к,афо андохта нафси пешагар, Марг ба бистар расид,имрузу фардо шуд фиреб. Хок шав ба даргох,и шайдои масти файзбахш, Оламеро нах,вати тугёни боло шуд фиреб. Тан чу Собир туъмаи мурон сазад дар рох,и ишк, Чандх,оро к,уввати бозуи аъзо шуд фиреб. Ишк, х,осил кун ки кибри олам мегардад х,ич,об, Даъвии рафтадимогих,о ба доно шуд фиреб. Бехудони мах,ви х,айратро зи так,во восиланд, Зох,ид
Қурби Карими Ламязал бенихоят аст, Болу пари тарики вай аз завки холат аст. Дарбори бениёз ба кас чои ниёз нест, Чумла мукаррабон ба он дар хичолат аст. Он тушае ки лозими ин рах ба ташнагон, Дарёб эй хучаста ,ки чоми мухаббат аст. Сад Боязид ташна бимирад зи нуши у, Ташнагии зиёд аз нуши шарбат аст. Точи шаханшохи настонад гадои у, Иззат нахост он,ки ба даргохи иззат аст. Огох шав хисоби нафас ношуда тамом, Зоди мусофирона бар роху мухлат аст. Тоат бувад мурод зи иншои бандагон, Са
Чуз к,аноат ганч, андар кишвари дил кас надид Хуштар аз сабру тах,амулхо ба мах,мил кас надид. Тушаи рох,и к,иёмат аз к,аноат кардаанд, Ч,уз Fубори фак,р дар сайри манозил кас надид. Халк,и покон медих,ад аз покии Яздон хабар Покзабонро ба як олуда моил кас надид. Гар ту зоти пок мехох,и зи нопокон гурез, Чунки х,eч, озодаро Fарк,и сиях,гил кас надид. Сад х,азорон шуд дили ранч,ур з-ин дору х,алок,Як дили зинда аз ин зах,ри халохил кас надид Чун шутур шав,хор хур,лекин махур хак,к,и
Ё Илох,и,кун назар шуридагони хешро, Суи фазлат кун х,авола осиёни хешро. Зиштии руйи х,ама аз х,усни ту дорад умед, Мох,и мисри кун рухи зиндониёни хешро. Лоики номи Ту набвад ин забон з-олудаги, Сад ба оби шах,д гар шуям дах,они хешро Буд рузе як нае баста миён дар нолах,о, Бастаам дар нолаи ишк,ат миёни хешро. Гарчи худ вобастаам дар к,айди доми зиндаги, Мефиристам суйи ту ашки равони хешро. Ч,ониби васлат ба занчири х,идоят мекашон, Ман надонам тифлваш суду зиёни хешро. Дар касоф
Ч,он бод фидои қаду болои Муҳаммад, Бо гесуи мушкини сумансои Муҳаммад. Ч,ибрил ч,илавдори Буроқаш шаби меъроч,, Ҳурон сафи дар саф ба тамошои Муҳаммад. Арш аст сарафроз зи ташрифи қудумаш, Курсист ба болиш зи таманнои Муҳаммад. Хуршед гирифт хушае аз хирмани ҳуснаш, Маҳ руйканон буса зад аз пои Муҳаммад. Ташрифи заминаш хамаро вола намуда, Ташрифи само ч,умла ба ғавғои Муҳаммад. Шуд гулшани олам зи туфайли гули руяш, Аз шавқ ҳама булбули гуёи Муҳаммад. Омад ба қадаш хилъати лавлок м
Макаш сар суйи гардун як замоне бар Замин бингар Ба хок огушта фарк,и сад х,азорон хусравин бингар. Ба ин дуруза умри бебак,ои худ чи менози Хамаеша к,обиз-ул-арвох,ро андар камин бингар. Х,азорон лоларух чун Fунча сар печида рафт охир, Бируяд лола аз акси рухи хар мах,ч,абин бингар. Бирав аз хонаи рангин,ки айвони лах,ад дори, Чароги зулмати пурвах,ми гур аз хони дин бингар. Ба вак,ти машк,и огох,и дами андешаро хуш дор, Парешонат насозад хатраи деви лаъин бингар, Дил аз вах,
Зи худ гум шав,назар кун бех,ич,обона ч,амолашро, Дар ин рах, гар чудо аз худ шави,ёби висолашро. Бикун коре ки догаш лолаваш дар хуни дил печад, Ба ох,у нолаи дилсусз кун касби камолашро, Бадан дар тоату шугли забон дар номи поки у. Ба х,ар коре зи дил берун макун фикру хаёлашро, Бисуз аз ашкбору ч,умла шаб чун шамъи бесомон, Ки то ёби ба вак,ти субх,идам файзи шамолашро. Магу айби касе,ки нести беайб,эй гофил, Дутои зери бори худ,чи бардори вуболашро. Ч,ахон рузе,ки пушонид чашматро
Дар х,ак,к,и х,ар кас ки кардам дарзамон омад ба пеш, Тег гар андохтам х,ар су бидидам захми хеш. Аз забони худ макун дилх,ои мардумро хароб, То ба кай чун мори зах,ролуд месози ту неш. Буд доим марх,ами захми дилам ширин сухан. Варна х,арфи ч,ох,илон мегардад дилро реш реш, Гар касе гуяд ба суи ту сухан бе марх,або Кох,иши нафс аст сабре соз истех,зо мадеш. Эй Ч,унун х,ар кас дил озорад Худо безор аз у, Мухбири содик, ба мо гуфтааст аз ин к,исса пеш.
Show more
About group
ЭЙ"Ч,УНУН"АСРОРИ ДАРДИ ДИЛ БА БЕДАРДОН МАГУ, СУЗИ ДАРДИ ДИЛ КУЧ,О Х,АР БЕХАБАР БОВАР КУНАД. Гурух, барои дустдорони газалиёти Мавлави Сайиднасимхони К,аландаршох, ибни Шох,сох,иби Ч,унуни.