Маро аз ҷаннати ишқаш ба нори ғам накӯчонад.
Фақат як дил ба ман додӣ,
Бигӯ ҳоло, дили манро наранҷонад,
Дили манро намиронад.
Зи дасти гарми тансӯзаш бигир он сӯзани андӯҳ,
Намон дар пайкари ишқаш либоси марг дӯзонад.
Намон дар пайкари ишқаш ӯ хони ғам фурӯзонад.
Худовандо, бигӯ бар ӯ,
Маро аз ҷаннати ишқаш ба нори ғам накӯчонад.
Фақат як дил ба ман додӣ,
Бигӯ ҳоло, дили манро наранҷонад,
Дили манро намиронад.
Худовандо, бигӯ бар ӯ,
Бифаҳмонаш, ки ҳамтақдири ман монад.
Суруше дар ҳавои хонаи дилгири ман монад.
Садое дар сукути ман, сабоҳе то ғуруби ман,
Ҳамин дилдодаву дилдори хуби ман,
Ҳамин як ояти тафсири ман монад.
Худовандо, бигӯ бар ӯ,
Маро аз ҷаннати ишқаш ба нори ғам накӯчонад.
Фақат як дил ба ман додӣ,
Бигӯ ҳоло, дили манро наранҷонад,
Дили манро намиронад.
Худовандо, бигӯ бар ӯ...!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев