Номаи мард ба зан Ҳамсари азизу меҳрубонам! Пеш аз ҳама, Худованди карими корсозро таманно дорам, ки сатрҳои нигоштаи маро мавриди писанди ту қарор диҳад ва даричаи қалби туро барои қабули онҳо боз гардонад. Ҳамсари меҳрубон! Танҳо ба он хотир ин ҷумлаҳои гилаомезро рўи коғаз овардам, ки битавонам киштии муҳаббатамро ба соҳили амон ва бандари меҳру муҳаббат бирасонам.Ин номаро бо орзуву ҳавасҳое навиштам, ки шояд мавриди қабули ту қарор гирад ва муроди ман ҳосил гардад. Аз ин хотир номашр
added January 18 2017 at 20:00
приглашает на работу работа для солитних людей кто хочет пожаловать
added September 16 2016 at 08:43
приглашаем на работу 908874348 звоните работа Ваканси только серёзних людей
added August 12 2015 at 19:58
ошики дуруг аст
Зебоги дар сафед будану .безеби дар сиёх будан нест!Магар кафан сафед нест?дахшатнок аст. Магар каъба сиёх нест? Вале зебо аст.Агар мардонаги дар садои баланд мебуд ,пас сагхо шохи мардхо мебуданд ва агар пешрафти духтар дар луч кардан бошад ,пас маймунхо аз хамаи коинот пеш рафтаанд.Сарбаландии дигар хохи бахна якранг бош чунки колин аз серрангиаш зери по афтодааст.Сухбати ошик туро ошик кунад.Сухбати фосик туро фосик кунад .Сухбати марди худо мардат кунад. Сухбати хар носазо сардат кунад.
added April 27 2015 at 08:58
Дар мавриди марг Оё медонед баъд аз фавт рушди муйхо то чандин мох манъ намешавад! Оё медонед баъд аз фавт танхо кисмати чапи магз то хафт дакика зинда мемонад ва тамоми гузаштаи худро ба сурати як хоб мегузаронад! Ло хавла вало куввата илло биллох. Оё медонед пас аз марг танхо узве ки то се руз зинда аст гуш аст! Субхоналлох. Оё медонед МалакулМавт хазрати Азроил дар шабонаруз 360 бор ба ту нигох мекунад! Оё медонед ки хазрати Азроил рузе панч бор вориди хонаи шумо мешавад ва ба девор такя меку
Дили осударо пурмавҷи тӯфон мекунӣ, эй ишқ, Сари бедардро гардуни гардон мекунӣ, эй ишқ. Заминро иртифои осмон мебахшӣ дар як он, Фалакро ногаҳон бар хок яксон мекунӣ, эй ишқ. Наметарсӣ ҳам аз додор баҳри лаҳзае дидор, Ба ёди кӯчае сад шаҳр вайрон мекунӣ, эй ишқ. Ба ҳаққи ваъдае хуршеду маҳ мехоҳӣ аз гардун, Ба ҳаққи хандае якумр гирён мекунӣ, эй ишқ. Дар аввал мекунӣ донои дунё қалби ошиқро, Дар охир бо ҳама ишкол нодон мекунӣ, эй ишқ. Чи бас осон дил аз каф мебарӣ дар ибтидои худ, В
Эй Такдир,чаро саросар маро дар азоби зиндаги ба мисли оташ месузони?Охир дигар дар танам чон намондааст.Чаро танхо маро месузониву боре хам шодиро ба ман хадя намесози?яОхир ман хам мисли дигархо мехохам дар осмони бахт хамрохи орзухо парвоз кунаму худро ба мисли фариштаи орзухо эхсос намоям.Чаро ман танхо дар осмони гам бо ашк ошнои пайдо кардаам.Боре хам маро фикр мекуни,ки дар чи азобам?На,баръакс танхо талхихои хаётро бар ман раво кардаи.Лекин ман гамгин нестам,чунки ман омухтаи чунин кисма
ГАМХОНА ИН ДИЛ.... Дар ин дунё диле бегам набошад.Агар бошад,дили одам набошад. Оре, чаро гамхона аст дил? У доим гам мехурад,гами ошики дар рахи ишк сухта,гами мусофири мулки гариб,гами модари пири чашм ба рохи фарзанд,гами зани фарзандгумкарда,гами домоди беаруси гурамарг,гами зани бефарзанди ба руи кудак зор, гами ватандори дур аз ватан,гами кудаки чашм ба рохи падару модар чор,гами ошики интизори висол .гами...гами....ва гами садхо -хазорхо гамдорони дигарро танхо дили инсон мехурад.Гам меху
Дилам як дуст мехоҳад, ки хеле меҳрубон бошад” Ва ҳар чи дар дилаш дорад, ҳамонаш дар забон бошад. Сухан аз сидқ кам гуяд, валекин дар амал содиқ, Ҳамон бошад ба пеши ман, ки дар чисми худ он бошад. Нагуяд “чони ман ҳасти”, вале дар чодаи ёри Тани афсурдаи манро тавону руҳу чон бошад. Дилам як дуст мехоҳад, ки якру бошаду яксу Дар уфқи ноумедиҳо чу овои азон бошад. Вучудаш болу пар бошад ва меъроче диҳад чонро. Мани зиндонии “ман”ро шабеҳи нардбон бошад. Зи ёрони шаробию кабоби хаста шуд, хаста,
Show more
Номаи мард ба зан Ҳамсари азизу меҳрубонам! Пеш аз ҳама, Худованди карими корсозро таманно дорам, ки сатрҳои нигоштаи маро мавриди писанди ту қарор диҳад ва даричаи қалби туро барои қабули онҳо боз гардонад. Ҳамсари меҳрубон! Танҳо ба он хотир ин ҷумлаҳои гилаомезро рўи коғаз овардам, ки битавонам киштии муҳаббатамро ба соҳили амон ва бандари меҳру муҳаббат бирасонам.Ин номаро бо орзуву ҳавасҳое навиштам, ки шояд мавриди қабули ту қарор гирад ва муроди ман ҳосил гардад. Аз ин хотир номашро номаи ишқ унвон карда бо почтаи шавқ ба ту мефиристам ва онро пеш аз ба дасти ту расидан бо гулҳои узру маъзарат ороиш додаам. Азизакам ба ёд биёр, ки ту дар рўзҳои аввали хонадориамон рамзи зани покдоману асил будию парчами фазилату тоъат ва тоҷи кароматро мебардоштӣ. Вақти ҳамроҳи ту буданам, вақт чунон зудгузар буд, ки соат мисли дақиқа бароям мегузашт ва ягон мушкилӣ ва норасоиеро эҳсос намекардам. Ҳангоми дар ҷои кор буданам, дақиқашуморӣ мекардам, ки кай вақти корӣ тамом мешаваду ману ту боз якҷо мешавем ва аз хушсуханию навозишҳои якдигар лаззат мебарем. Ёди он рўзҳои нек ба хайр бод, ки чӣ қадар зуд гузаштанд ва фикр мекунам бо гузашти айём фаромўш ҳам мешаванд. Завҷаи меҳрубонам, ба ёд биёр вақтеро, ки дар хона бо мушкилии кўчаке рў ба рў шудем ва ту онро бузург ҷилва додӣ ва аз пашша фил сохтию барои бунёди ҳукмҳои золимона, бар зидди ман замина муҳайё кардӣ. Кор бо ин ҳам тамом нашуд ва ту тавассути телефон ба ину он занг зада воқеъаро ба онҳо маълум сохтӣ ва овозаю дарвоза карда, сирри оилавиро фош намудӣ. Ту бо ин кори бефикронаю нодурустат мушкиламонро аз пештара дида печидатар гардонидӣ ва фазои нуронӣ ва софи ишқу муҳаббатамонро абрҳои сиёҳи ваҳмангез фаро гирифт. Ёд дорӣ, ки боре аз ман барои хона харида овардани асбобу анҷом ва дигар лавозимоти қиматбаҳоро талаб кардӣ. Ман бошам, гуфтам, ки ҳамаи чизҳои мехостагиатро дар ҳоли ҳозир муҳайё карда наметавонам, чун моҳонаи ман барои харидани баъзе ашёҳои зарурӣ кифоят мекунаду бас. Ту инро пешакӣ ҳам медонистӣ, аммо қаҳру ғазаб ақлатро тира карда буд ва ман дар назарат мошинаи нашри пулро мемондам. Азизакам, ба ёд ор рўзҳоеро, ки аз кор ба хона меомадаму маро буйи тези пиёзи хуроктаёркуниат пешвоз мегирифт. Ман бошам бо чеҳраи пуртабассум ва либосҳои шинаму зебо дидани туро мехостам ва нўшидани як қадаҳ шарбати мева ва ё ақаллан як пиёла оби хунукро орзу доштам. Аммо мутаассифона, ба ҷуз чеҳраи гирифта, лабҳои аз истифодаи лабсурхкунакҳо парсингбаста, чашмони аз бисёрии хоб варамида ва мўйҳои бетартибу парешон, ки бўйи тундӣ ва тезии пиёзро афзун мекарданд, чизе дигаре намеёфтам. Ҷонакам! Ман аллакай ба ин манзара ва ба ин бўй одат карда унс гирифтаам. Аммо боз ҳам бо омадани рўзҳои ид ва муносибатҳо хушнуд мешавам. Оё донистан намехоҳӣ чаро? Қасам ба Худо, бо дидани ҷамоли худододу ҳусну таровати дилангезат, ки танҳо дар он рўзу шабҳо муяссарам мешавад ва инчунин бўйи хуши атрат, ки ба машомам мерасад бисёр хушнуд мешавам. Азизакам, аз барои Худо ба ман бигў, оё ту ба махлуқе муошират дорӣ, ки эҳсосот надорад ва бешуур аст? Оё бо марде зиндагӣ дорӣ, ки барҷомонда аст?!! Ҷонакам! Охир ман марде ҳастам, ки таровату зебоиҳоеро, ки Худованд барои ман ҳалол кардааст, дўст медорам. Ва ба суханони нарму навозиш эҳтиёҷ дорам, то ки чашмонам рўшану дилам хурсанд гардад. Ҷонакам! Оё намеандешӣ, ки чунин муомилаи сард ва камтаваҷҷўҳӣ нисбати шавҳар ва беаҳаммиятӣ нисбат ба афту андоми худат, боиси сар задани хушунат ва ҷудоӣ мегардад? Оё гумон мекунӣ, ки муомилаи зану шавҳар, ки бо сад орзуву ҳавас издивоҷ кардааст, чунин аст?!!. Эй азизаки ман, маро маҷбур масоз, ки бо ту дар ҳолати қаҳру хотирпарешонӣ зиндагӣ кунам, зеро ту худ бо ин масъалаи фиқҳӣ (шаръӣ) огоҳӣ, ки гуфтаанд: Гушти худмурдаро танҳо дар ҳолати ноилоҷӣ ва ба қадри зурурат хўрдан мумкин аст. Дар ҳолатҳои дигар хўрдани он ҳаром ва нораво мебошад. Чуноне ки Саъдии бузург гуфтааст: Зани бад дар сарои марди накў, Ҳам дар ин олам аст дўзахи ў. Ҷонакам, ман аз Худо таманнои онро дорам, ки ту Дўзахи ман набошӣ. Азизакам, ёд дорӣ он рўзеро, ки бароят ҳадяи ғайримуқарарие пешкаш кардам, то ки муҳаббатамон афзун шавад. Ва медонӣ, ки қабл аз додани он ҳадя дар фикрам чиҳо мегузашт? Вале афсўс, сад афсўс, ки он ҳадяро аз дастам нописандона гирифтӣ ва боз аз нигоҳат эҳсос намудам, ки ба ман писханд мезанӣ ва таҳқирам мекунӣ. Он лаҳза пушаймон шудам ва ба худ гуфтам, ки кош ин корро намекардам. Бар зами ин боз афзудӣ: « Ин ҳадя ба кадом муносибат? Аз кай боз ба ман ҳадя мехаридагӣ шудӣ?». Боз худписандона хандидӣ ва саволи ноҷо додӣ, ки: Ин ҳадя чанд пул арзиш дорад? Инро аз куҷо харидӣ? Он лаҳза ман ба ту посух додам, ки ҳадя ба он муносибат аст, ки дўстат медорам, эй хонуми зебои ман ва аз ин лаҳза дар ҳаётамон саҳифаи наве боз кун. Қимати ин ҳадя вафодорист ва маконаш бозори муҳаббат аст. Он вақт бо тааҷҷуб сар ҷунбонида гуфтӣ: -Ман аз ту мепурсам, ки қиматаш чанд аст ва аз кадом мағоза харидӣ? Дар ҷавоб гуфтам, ки ҳадяро бигир ва илтимос дигар чизе напурс. Бо вуҷуди ин ҳама гуфтӣ: - Агар ҳадяат арзонак намебуд маро аз қимати он, ҳатман, хабар мекардӣ. Маро дар вазъи ногуворе қарор додӣ. Ҳатто надонистам, ки чӣ ҷавоб гўям ва ҳамин тавр хомўш истоданро авло донистам. Ягона такягоҳам танҳо Худованд аст, ки нест маъбуде барҳақ ба ҷуз зоти Ў таоло. Ҷонакам, оё ёд дорӣ рўзеро, ки вориди хона шудам ва ту бо зани ҳамсоя телефонӣ сўҳбат ороста ва аз шароити нохуб ва мушкили зиндагиамон қисса мекардӣ. Ба ин ҳам қонеъ нашуда афзудӣ, ки аз ман розӣ нестӣ ва дороиямон бароят арзиш надорад. Вақте ба утоқи телефон ворид шудам, бо садои паст мавзўи суханро дигар кардӣ. Ин амалат на ба хотири тарс аз Худо буд ва на ба хотири эҳтироми ман. Балки танҳо ба он хотир буд, ки ман суханҳоятро шунида ғавғо набардорам ва мо бо ҳам ҷанг накунем ва ё аз он тарс доштӣ, ки аз ман чанд фарзанд дорӣ. Азизакам, ба ростӣ ин амалат кўтоҳандешӣ, бадмуомилагӣ ва бевафоиятро нисбати ман дарак медиҳад ва баёнгари бетарбия будани ту аст. Огоҳ бош ҷонакам, ки зани хирадманд сирри шавҳарашро нигоҳ медорад ва ҳар мушкили пешомадаро бо шавҳараш бе мудохилаи шахси дигар сабурона ва бо тамкин ҳаллу фасл менамояд. Дониста бош, ки ин ҳаёти шахсии ману ту аст ва зиндагии ману ту ба қонунҳои шаръи илоҳӣ иртибот дорад. Эй азизакам оё медонӣ, ки хеле хашмгин ва дуруштрафтор ҳастӣ ва ношукрӣ мекунӣ. Чунин амалҳои зишт қаноату сабри туро пурра барҳам додааст. Чун ту қаноатро аз худ дур сохтаӣ, ман мутмаинам, ки ту то қиёмат аз моли дунё сер нахоҳӣ шуд. Ҷонакам, накўрафториро ихтиёр кун. Ман аз ту талаб надорам, ки маро шукру сипос гўй. Балки Худованди маннонро, ки соҳиби неъмат танҳо Ўст шукр бигў. Аз ту мехоҳам, ки маро бо ҳама камиву костиям қабул дошта бошӣ, зеро ту аз тавоноии ман ба хубӣ огоҳ ҳастӣ. Як рафтори ту хеле дардовар аст. Ҳар гоҳ аз ман камтарин кўтоҳие сар занад, дарҳол мегўӣ, ки: Аз ту дар ин зиндагӣ то имрўз хайре надидаам. Ба ростӣ, ин лаҳза фармудаи Расули акрам (с) ба ёдам мерасад, ки ба ин мазмун гуфтаанд: «Баъзе аз шумо, эй занҳо, гоҳе дар хонаи падару модаратон дуру дароз зиндагӣ мекунед ва пас аз он, ки Худованд ба шумо шавҳар медиҳаду фарзанд ато мекунад, аз ягон кўтоҳии шавҳаратон дарҳол ба ғазаб омада куфрони неъмат мекунед ва ба шавҳаратон мегўед: Аз ту ҳаргиз хайре надидаам». (ривояти Имом Аҳмад) Ба ростӣ, чӣ ширину гуворост сухани шукру сипос ба даргоҳи Худои таоло. Ёд дорӣ азизакам, барои корҳои дар хона анҷом медодаат ҳам, ки хосаи шумо занҳост, аз қабили эҳтироми хешу ақрабо ва ёру дўстонам, ки меҳмонҳои ман ба ҳисоб мераванд ва ё баровардани ҳоҷати заношўӣ, ҳамеша миннат мекунӣ ва ҳол он ки ҳеҷ бартариеатро дар анҷоми ин амалҳо намебинам. Агар амали ночизеро ҳам анҷом диҳӣ дарҳол миннат мекунӣ. Сухани Худовандро фаромўш кардаӣ, ки фармудааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, монанди он кас, ки амволи худро аз рўи риё ва худнамоӣ сарф мекунад ва ба Худову рўзи қиёмат имон надорад, садақаҳои хешро, бо миннат ниҳодан ва озор расонидан, ботил накунед. Масали ў мисли санги софест, ки бар рўи он хок нишаста бошад. Ба ногоҳ бороне тунд фурў борад ва он сангро ҳамчунон киштнопазир боқӣ гузорад. Чунин касон аз он чӣ кардаанд суде намебаранд. Ва Худо кофиронро ҳидоят намекунад.» (Сураи Бақара, ояти 264) Инчунин Расули акрам (с) низ дар ин хусус дар қисмате аз ҳадисашон ба ин мазмун фармудаанд: «Худованд дар рўзи қиёмат ба се гурўҳ мардум сухан намегўяд ва ба ҷонибашон нигоҳ намекунад ва онҳоро панд намедиҳад ва барояшон азоби дардовар аст… ( дар миёни онҳо шахси миннаткунанда зикр шудааст). ( ривояти Имом Муслим) Мавлоно Ҷомии бузургвор низ дар мазаммати миннатпешагон фармудааст: Ба дандон рахна дар фулод кардан, Ба нохун роҳ дар хоро буридан. Фурў рафтан ба оташдон нагунсор, Ба пилки дида оташпора чидан. Ба фарқи сар ниҳодан сад шутур бор, Зи машриқ ҷониби Мағриб давидан. Басе бар Ҷомӣ осонтар намояд, Зи бори миннати дунон кашидан. Азизам, ҳар вақт шикоят мекунӣ, ки ман туро барои намози шаб ва ё намози бомдод бедор намекунам ва ҳол он ки аз издивоҷи ману ту солҳои тўлонӣ гузаштаасту бо вуҷуди дар хона будану фурсати бештар барои истироҳат доштанат, ту худ боре ҳам барои ин кор иқдом намекунӣ. Гуфтаи Парвардигори бузургро ба хотир биёр, ки фармудааст: «Ва дар некўкорӣ ва парҳез ҳамкорӣ кунед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худо битарсед, ки Ў ҳатман ба сахтӣ уқубат мекунад. (Сурам Моида, ояти 2) Азизам, ман дар тинати ту нақши зани покдоманеро, ки вақти субҳ ба рўйи шавҳараш об мепошад ва барои ибодати Худо бедораш мекунад, намебинам. Намедонам куҷост тинати он зани соҳибкаромате, ки сари ятимеро сила карда бошад ва ба хотири касби ризои Худо, қимматтарин чизи худро барои мискин ва ятиме бахшида бошад? Эй азизакам, куҷост дар тинати ту рафтори он зани хушбахте, ки дар кўмаки шавҳараш аст? Зане, ки бо ахлоқи некаш ҳидояти шавҳарро комёб шуда ва барои талаби илм ва даъват ба сўйи Худо кўшо ва дар канори шавҳар истода ҳамгому ҳаммароми ў бошад. Ҳамчуноне, ки модарамон Хадиҷа (р) дар паҳлўи Расули акрам (с) то лаҳзаҳои охирини ҳаёташон устувор буданд. Ҳайҳот, ки ин сифатҳоро дар ту намебинам. Эй ҳамсари азизам, мехоҳам дар миёни занони атроф ва ҳамсояҳо намуна бошӣ, то фахри хонаводаву диёр гардӣ. Эй азизакам, чаро дар тинати ту симои зани покдомани дар тарбияи фарзандон комёбшударо, ки аз домонаш фарзандони номбардори миллат ба воя мерасанд намебинам? Охир ман орзу доштаму дорам, ки ту ғами худшиносу Худошинос шудани худу фарзандонро дар дил дошта бошӣ, на ғами молу сарвати дунё, куртаҳои рангоранг, ҳалқаҳои тиллоии муҷалло ва телефонҳои гуногунтамғаи хориҷиро. Ёд дорӣ ҷонакам, вақти аз хона баромада ба кор рафтанам, бисёр вақт аз ман харида овардани чизеро талаб мекунӣ ва мегўӣ, ки бояд ту онро дошта бошӣ ва ҳол он ки оилаҳоеро медонам, ки солҳост аз истифодаи асбоби қиматбаҳо даст кашидаанд ва баъзеҳо, ҳатто номҳояшонро ҳам фаромўш кардаанд. Азизи ман, ба Худо савганд, ки аз ин тарзи зиндагӣ, ки рўзамро дар паи дарёфти чизҳои талаб намудаи ту гузаронам хаста шудаам. Бале, эҳсосу шуури инсони соҳибхирадро дар ту қариб, ки намебинам. Ростӣ, эй азизи дилам, ту дар занҳои дигар ҳар чиро, ки бинӣ аз ман онро талаб мекунӣ ва мехоҳӣ, ки ту бояд аз онҳо кам наоӣ. Огоҳ бош, ки ин ҳасаду худхоҳие, ки ту нисбат ба дигар занон дорӣ бароят оқибати баде хоҳад дошт. Мазмуни ҳаёту зиндагиат, набояд фақат ранги ба рангу қиматбаҳо либос пўшидан ва бо зеваролот худро оро додану мувофиқи замона зиндагӣ кардан бошаду халос. Ҳадафу мақсади аслиро, ки ибодату бандагии Худои меҳрабонро ба ҷо овардан ва барои ватану дину миллат хидмати содиқона кардан ва аз худ барои ояндагон, хотира ва насли хубу номи нек боқӣ гузоштан аст, аз хотир набарор. Ба ту гуфтаниям, ки асл дар зиндагии ману ту ҳаёти моддӣ шудаасту бас? Ба ростӣ, ин амалат муҳаббати туро дар дилам заиф месозад ва эҳсоси бадеро бедор менамояд. Оё ту розӣ ҳастӣ, ки мувофиқи муди замона зиндагӣ намоӣ ва маро маҷбур созӣ, ки хоҳишоти туро бо ҳар роҳе ҳам, ки бошад бароварда созам? Оё ту розӣ ҳастӣ, ки ба хотири ҳавову ҳавас ва хоҳишоти бе мавқеи дили ту аз касе қарз гирам ва ё ба хотири дарёфти пул даст ба ҷиноят занам ва хоҳиши туро бароварда созаму ҳаёти худро дар хатар андохта барбод диҳам? На, ҳаргиз чунин нахоҳам кард, зеро Худованди ҳакиму доно ба ман ақли солим додааст. Аз қонуни Худо берун пой намегузорам ва дар чаҳорчўбаи қонуни давлат осуда зиндагӣ хоҳам кард. Бароят мисоле меоварам: Масалан бемореро, ки ҷароҳати дар дасташ буда табобатнашаванда аст ва ба аъзоҳои дигараш хатар дорад, табибони ҳозиқ бигўянд, ки бо буридани даст аз марг наҷот меёбад ва аъзоҳои дигараш солим мемонанд, боварии комил дорам, ки бемори гирифтори ин вазъ аз баҳри даст мегузарад, то бақияи аъзояш солим монанд. Азизам, мехоҳам огоҳ бошӣ, ки зиндагии ману ту низ кам-кам ба беморие табдил ёфта истодааст ва мабодо, ки илоҷнопазир гардад ва дар он сурат роҳи раҳои аз он беморӣ ба худат маълум аст. Азизам, медонӣ, ки баъзан ба ман зулм мекунӣ? Махсусан вақте ки ба рахти хоб мехонамат. Ту худат хуб медонӣ, ки ҳар шавҳар аз занаш манфиат ҳосил кардан мехоҳад ва ин эҳсоси табииест, ки Худованд барои марду зан ато намудааст. Ту бошӣ бо ҳар баҳона ба ман ҷавоби рад медиҳӣ. Боре маризӣ ва бори дигар хастагӣ ва бехобӣ кашиданатро баҳона меорӣ. Мисле, ки аз ин ҳадиси Паёмбари Худо огоҳ нестӣ, ки фармудааст: «Ҳангоме, ки мард ҳамсарашро(барои баҳрабардорӣ) ба рахти хоб мехонад ва зан сарпечӣ менамояд, малоикаҳои осмон он занро лаънат менамоянд». (ривояти Бухорӣ ва Муслим) Ёд дорӣ, эй азизакам, ки ба хона омадам ва ба ту гуфтам, ки ин шом ба хона чанд рафиқам меҳмон мешаванд. Чун ин суханонро аз ман шунидӣ қошу қавоқ кардӣ. Қабл аз шунидани ин сухан чеҳраи кушода доштӣ ва хушсухан будӣ. Вале баъди шунидани ин хабар, ҳатто дар роҳравӣ ва сухангўиҳоят дигаргунӣ ҳис кардам, зеро ин хабар бароят нохушоянд буд. Мехоҳам бидонам, ки ин ҳама нороҳатшуданҳо аз баҳри чист? Билохир, он шаб барои дўстонам дастархони хуб ва таъомҳои бо лаззат омода кардӣ, ки барои ин кор аз ту миннатдорам. Вале бо боварӣ гуфта метавонам, ки ҳамаи ин корҳо самимӣ ва аз таги дил набуд, чунки нороҳатиатро ҳис мекардам. Ба ёд биёр азизам, ки бе иҷозати ман аз хона мебароӣ ва ба дидани модарат ва дугонаҳою хешовандонат меравӣ. Ростӣ, чунон рафтор мекунӣ, ки гўё ман вуҷуд надорам. Оё сухани имом Аҳмад ибни Ҳанбалро нашунидаӣ, ки гуфтааст: «Зане шавҳар ва модари бемор дорад. Барои ин зан итоъати шавҳар воҷибтар аст аз нигоҳубини модар. Магар ин, ки шавҳар барои нигоҳубини модари бемораш ба ў иҷозат диҳад». Хонуми меҳрубонам, Огоҳ бош, ки ин тарзи рафтор ва муомилаат ибтидои бемориеро мемонад, ки он табобатнашаванда будаву оқибаташ хонавайронист. Оё ёд дорӣ хонуми меҳрубонам, ки рўзе ман дохили хона гардидам, ки дар атрофат чанд зане нишаста буданд. Пас аз рафтани онҳо пурсидам, ки дар миёни онҳо Зарина буд? Гуфтӣ, ки бале, буд. Ту хуб дар ёд дорӣ, ки ман туро аз ҳамнишинӣ бо ў ва аз омаданаш ба манзиламон манъ карда будам ва ман ҳуқуқи ин корро дорам. Оё ту ҳадиси Расули Худо (с)- ро аз ёд бурдаӣ, ки гуфтааст: «Ва шумо ҳуқуқ доред эй мардҳо, ки ба занҳои худ бигўед, ки ба ҷойи шумо ашхосеро, ки намехоҳед, нанишонанд ва агар чунин карданд, пас сарзаниш намоед онҳоро сарзаниш кардани сабуке». Хонуми азиз, мебинам, ки агар аз яке аз фарзандонамон хатое сар занад, ҳатман ўро мезанӣ ва суханони носазое мегўӣ, ки шайтон аз шунидани он шарм медорад. Дар аснои сарзаниш карданат аз чизе ҳаё намекунӣ. Агар дар баъзе ҳолатҳо ман набошаму пеши роҳатро нагирам, ба ростӣ кор аз ҳад мегузарад. Ба Худо савганд, оё дар тарбия барои илоҷи хато ин услуб шаръӣ аст? Оё ин услуби пешгирифтаат хатои аҳмақона нест? Огоҳ бош, ки он тифл нури чашми ману ту ва ҷигарбанду самари ҳаёти якҷояи мо ва идомабахши насли мо аст ва ў барои ояндаи миллат сарвати бебаҳост. Аз Худо таманнои онро дорам, ки ин тифл бо хосту дастгирии Офаридгори ҳастӣ бардорандаи парчами тавҳид ва розикунандаи падару модар бошад. Ў накў хоҳад шуд, агар бо ў накурафтор бошӣ ва тарбияташро нек созӣ. Агар тарбияти бадаш диҳӣ бад хоҳад шуд. Чуноне ки фармудаанд: «Агар занҳо дар тарбия модарвор рафтор намоянд, ҳаройна, мардҳоро дар назди онҳо заифу нотавон меёбӣ». Хонуми меҳрубонам! Бидон, ки ту дар ҳаёти тифл модар ва мураббии аввалин ҳастӣ. Огоҳ бош, ки тифл мисли лойи кулол дар дасти кўзагар аст, ки ба ҳар шакле хоҳад онро месозад. Пас ту барои худ фарзанди ояндаатро ихтиёр намо. Агар хуб тарбияташ намудӣ, оянда дар пиронсолӣ бо ту муомилаи некў хоҳад кард ва илло дар оянда худро маломат кун ва аз ў гиламанд машав, ки эҳтироматро ба ҷо намеорад. Дар ёд дорӣ азизам, ки мақолаи як нависандазани ғарбиро хондию суоломез ба ман нигаристӣ? Гўё фикри маро дар ин маврид фаҳмидан мехостӣ. Ў дар мақолааш бо писханд мардонро мавриди таън қарор дода, ки зану мард дар ҳама ҳол бо ҳам баробаранд ва аз рўи кадом асос мардон болои занҳо ҳукмронӣ мекунанд ва чаро онҳо бояд сарвару раҳбари оила бошанд ва инчунин чанд мисол оварда ин фикри ботилашро исбот кардан хостааст. Ҷони ширин, бояд бидонӣ, ки Худованди маннон иззату эътибори марду зани аз бандагонашро дар назди Худ яксон дониста ва ба эътибори ҷинсият онҳоро ба якумдараҷа ва дуюмдарҷа тақсим накардааст ва дар умум каромат ва шарофату баландмартабагии ҳарду ҷинсро дар тақво унвон кардааст, чуноне, ки дар каломи покаш Қуръони карим дар ояти 13 сураи Ҳуҷурот мефармояд: «Эй мардум, ҳароина, Мо шуморо аз як марду як зан биёфаридем ва шуморо ҷамоатҳо ва қабилаҳо гардонидем, то якдигарро бишиносед. Албатта, гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост. Ҳатман Худо огоҳ ва бохабар аст!» Лекин инро ҳам бояд бидонӣ, ки дар осебпазирӣ, раҳму шафқати бештар, заъфи қуввати ҷисмӣ ва дигар хусусиёт байни ин ду ҷинси зану мард фарқият ҳаст ва ҳар кадом хусусиёт ва фарқиятҳои ҷисмӣ ва маънавиеро дорост, ки дигарӣ, ё умуман онро надорад ва ё дораду камтар ва инро касе инкор намекунад, ки қуввати ҷисмии зан нисбат ба мард дар аксарият камтар мебошад. Ин ҳикмат ва адли Худованд аст. Зеро Ўст офаранда ва ба аҳволи махлуқоташ хуб огоҳ. Агар ин гуфтаҳоро бовар надорӣ пас чаро намеандешӣ, ки чаро мард бо ҳама бузургӣ ва қуввату тавонаш тифлеро таваллуд карда наметавонад ва ё чун занҳо одати моҳона намебинад? Пас, ту чӣ гуна тақозо мекунӣ ва қабул дорӣ, ки зану мард дар ҳама кору дар ҳама ҳол бо якдигар яксону баробар мебошанд. Огоҳ бош ҷонакам, ки ин фитрат ва офариниши Худост ва барои ҳамин аст, ки Худои бузургу тавоно дар сураи Нисо ояти 34 дар ин замина мефармояд: «Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон (ҳаққи) сардорӣ доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар ғайбати шўй (поку) афифанд ва фармони Худоро нигоҳ медоранд. Ва он занонро, ки аз нофармонияшон бим доред, панд диҳед ва аз хобгоҳашон дурӣ кунед ва бизанедашон. Агар фармонбардорӣ карданд, аз он пас дигар роҳи зулм пеш магиред. Ва Худо баландпояву бузург аст!» Эй хонуми меҳрубони ман, агар зан мехоҳад, ки бар сараш сардору сарпарасте аз башар набошад ва дар ҳама кору зиндагияш, аз хўрдану нўшидан ва тарзи либоспўшӣ сар карда то бо кӣ ва дар кадом вақти мехостагиаш мулоқот кардан ва ҳар чизи ҳавову ҳавас доштаашро анҷом додан комилан озод бошад ва ҳар мардеро бихоҳад туъмаи нафси шаҳвонии худ гардонад, пас ў дигар он бандаи боиззату шарафи Худованд ва зани покдомане, ки тақво ва тарси Худоро пеша кардааст нест, балки мол ва лавозимоте ҳаст, ки ҳар марди дастзуру пулдор барои муддати мехостагиаш ўро истифода мебарад ва ҳамин ки ба дилаш зад ва ё фарсуда гашт, ўро дур меандозад ва тозаву навашро ихтиёр мекунад. Барои ҳамин аст, ки чун дар байни зану шавҳар нофаҳмиҳо зиёд гардаду панду насиҳат таъсирпазир нагардад ва кор то ба ҷудоию талоқ бирасад, шариат барои зан мўҳлат муаян карда дарҳол шавҳари дигар карданро иҷозат намедиҳад, то ин ки шояд ба сабаби ҷудоӣ ва дурӣ аз шавҳар зан камбудиҳояшро ислоҳ кунад ва бо шавҳари пештарааш зиндагиашро идома диҳад ва инчунин дар батнаш тифл доштан ва надоштанаш маълум гардад. Чунончӣ Худованди пок дар ин маврид дар сураи Бақара ояти 228 мефармояд: «Бояд, ки занони муталлақа (талоқшуда) то се бор пок шудан аз шавҳар кардан бозистанд. Ва агар ба Худо ва рўзи қиёмат имон доранд, раво нест, ки он чиро, ки Худо дар раҳми онон офаридааст, пинҳон доранд. Ва дар он айём агар шавҳаронашон қасди ислоҳ дошта бошанд, ба бозгардониданашон сазовортаранд. Ва барои занон ҳуқуқе шоиста аст, монанди вазифае, ки бар ўҳдаи онҳост, вале мардонро бар занон мартабаест. Ва Худо пирўзманду ҳаким аст!» Агар аз ин гуфтаҳо панде нагирифтаӣ ва он каромату латофатеро, ки дини поки Ислом ба ту бахшида ва туро афифа ва покдоман ва модари солиҳа гардонида, ки дар домони ту фарзандони солим ба воя мерасанд қабул надорӣ ва агар хушбахтии дунёву охиратро намехоҳӣ пас баробар буданатро бо мардон талаб кун ва ҳар коре бихоҳӣ бикун. Вале ман мутмаинам, ки ту ҳаргиз чунин нахоҳӣ кард. Эй хонуми меҳрубонам, албатта зане боақлу ҳуш аст, ки қадру қиммат ва ҳаққу ҳуқуқашро медонад ва масъулияташро дар назди Худо эҳсос мекунад. Инчунин аз муҳаррамоти илоҳӣ дурӣ мегузинад. Эй хонуми зебои ман дини Ислом туро волотарин мақом додааст ва туро маликаи хонадонат қарор додааст. Ту худат медонӣ, ки тамоми хонадон дар хидмати зан аст ва ҳар ҳоҷати занро бароварда месозад масалан, фарзанд мекўшад то модар аз ў розӣ бошад. Шавҳар низ кўшиш мекунад, ки ҳар рағбат ва хоҳишатро иҷро кунад. Падар низ талош мекунад, ки духтарашро икром кунад ва бародар мехоҳад, ки нисбат ба хоҳараш шафқат намояд. Эй хонуми меҳрубонам, оё ин ҳама талошу кўшиш баҳри хидмат ва баровардани талаботи ту нест. Бе шубҳа огоҳ гаштӣ, ки ту маликаи хонадонӣ ва ҳама мардҳои хонавода ба ту эҳтироми хоссе қоиланд. Кадом мартаба аз ин болотар хоҳад шуд. Бале савганд ба Худо, ки ҳама дар хидмати туанд. Вале ту худ аз он огоҳ нестӣ. Эй ҷони ширинам, огоҳ бош, ки зиён накунӣ. Он чи Худо барои ту ато намудааст ва покдоман буданат ба амал мувофиқи он ҳосил мешавад: нахуст соҳиби иффат бош; густох мабош; нармиро аз даст мадеҳ; ҳамеша гумони нек дошта бош; барои шавҳару фарзандонат мушфиқу меҳрубон бош; ва ҳаргиз ба одатҳои мардон майл макун, зеро ту зан ҳастӣ ва латофати занонаатро аз даст мадеҳ. Агар латофати зан аз даст равад низоми ҷомеъа аз байн меравад. Бикуш то бо касе хушунат накунӣ ва ахлоқи зиштро аз худ дур кун ва ҳар чизе, ки оқибат бадӣ меорад аз он ҳазар кун. Эй хонуми зебои манн, огоҳ бош, то ҳайсияту шаҳомататро аз байн набаранд, эй модари фарзандонам, эй оне ки вуҷудат таскинам мебахшад ва ту пардае ҳастӣ миёни ману ҳаром ва комилкунандаи эмонам ҳастӣ ва ту тарбияткунандаи ҷигаргушаҳои манӣ, эй хонуми зебои ман орзу дорам, ки аз ман ин ҳама сарзанишҳоро қабул намоӣ. Чуноне ки гуфтаанд: Сарзаниш собуни сафои дилҳост. Инчунин огоҳ бош, ки итоъати шавҳар ва ҳамдигарфаҳмӣ комёбии нахуст ва калидест дар ҳаёти оилавӣ, огоҳ бош то аз андозаи аслие, ки Худо бароят додааст ҳаргиз нагузарӣ, ки зани андозагузар дар назди ҳеҷ марде маҳбуб нест. Хонуми азизам, ман бо шавқу завқи зиёд мунтазири ҷавоби номам ҳастам ва мехоҳам, ки ту низ дар он, аз кўтоҳиҳое, ки аз ман сар мезанад бароям маълумот дода бошӣ. Бале азизам, ман ин номаро бо сад умеду орзуҳо ба сўйи ту мефиристам ва таманнои онро дорам, ки ба саодату сарбаландии дунё ва охират ноил гардӣ ва бахти неку иқболи баланд ҳамроҳат ва тавфиқу инояти худовандӣ раҳнамоят бошанд.
Log in or sign up to add a comment