малоика ва хар шайтонро
мебинад?
Ҳадиси мӯъҷизаовареро борҳо
ва борҳо шунидаем, ки
Паёмбари Худо (с) аз чизи
фавқулода ва ё чизи
шигифтангезе ба мо хабар
медиҳад, чунин аст фармудаи
ӯ (с):
ﺓﺮﻳﺮﻫ ﻲﺑﺃ ﻦﻋﻭ
ﻝﻮﺳﺭ ﻝﺎﻗ : ﻝﺎﻗ
ﻪﻠﻟﺍ ﻰﻠﺻ ﻪﻠﻟﺍ
ﺍﺫﺇ " : ﻢﻠﺳﻭ ﻪﻴﻠﻋ
ﺡﺎﻴﺻ ﻢﺘﻌﻤﺳ
ﺍﻮﻠﺴﻓ ﺔﻜﻳﺪﻟﺍ
ﻪﻠﻀﻓ ﻦﻣ ﻪﻠﻟﺍ
ﺎﻜﻠﻣ ﺕﺃﺭ ﺎﻬﻧﺈﻓ
ﺍﺫﺇﻭ
ﻖﻴﻬﻧ ﻢﺘﻌﻤﺳ
ﺍﻭﺫﻮﻌﺘﻓ ﺭﺎﻤﺤﻟﺍ
ﻥﺎﻄﻴﺸﻟﺍ ﻦﻣ ﻪﻠﻟﺎﺑ
ﻯﺃﺭ ﻪﻧﺈﻓ ﻢﻴﺟﺮﻟﺍ
ﺎﻧﺎﻄﻴﺷ
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст,
ки Паёмбари Худо (с)
фармуданд: «Агар овози
хурӯсро мешунавед, Худоро аз
фазлаш бихоҳед, зеро он
(яъне хурӯс) фариштаро
дидааст, ва агар овози харро
мешунавед, ба Худо аз
шайтони рондашуда паноҳ
бубаред, зеро он (яъне хар)
шайтонро дидааст». Мувофиқи
таҳқиқот ва кашфиёти ҷадиди
илмӣ, ки қудрати биноии инсон
ва ҷондоронро месанҷад, ба
чунин хулосае расидаанд, ки
қудрати биноии инсон аз
қудрати биноии хар фарқи
бузурге доштааст, ҳамон гуна
ки қуввати биноии ин ду (яъне
инсон ва хар) фарқи дигаре аз
хурӯс доштааст.
Хулоса, ин ки қудрати биноии
инсон хело маҳдуд аст ва
тавони дидани он чи поёнтар
аз шуъоҳои сурх ва болотар аз
шуъоҳои бунафшаӣ аст,
надорад.
Акнун ин ҷо пурсише ба миён
меояд, чунонки Паёмбари
Худо (с) фармудаанд, хурӯс
малоика ва хар шайтонро
мебинад, чӣ гуна сурат
мегирад ва ё чӣ гуна бовар
карданист?
Посух: харҳо тавоноии биниши
зери шуъоҳои сурхро доранд
ва шайтон, ки аз ҷинси ҷин аст,
аз оташ ё ҳамон шуъоҳои зери
ранги сурх офарида шудааст.
Бинобар ин харҳо тавони
дидани шайтонро доранд ва
инсон надорад.
Ҳамин гуна хурӯсҳо тавони
дидани рангҳои бунафшаиро
доранд, ва малоикаҳо аз нур ё
ҳамон рангҳои бунафшаӣ
офарида шудаанд.
Агар шуъоҳои ултрабунафшаи
ва шуъоҳои сурх якҷо ҷамъ
оянд, шуъоҳои сурхранг худро
аз даст дода барҳам
мехӯранд. Ана ҳамин аст, ки
ҷое нур ва ё малоика бошад,
шайтон аз он ҷо мегурезад.
Пас пурсиши дигаре ин ҷо ба
вуҷуд меояд, ки Паёмбари
Худо (с)-ро кӣ аз ҳама ин огаҳ
кардааст?
Посух ба худи шумост!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев