"Танбеҳ ул ғофилин"-иШайх
Абуллайси Самарқандӣ
омадааст, ки дарзамони пеш
шахси худотарсе буд. Ӯ дид,
кимардум дарахтеро
мепарастанду ба он
ихлосдоранд. Ҷоҳилии он
қавмро дида, беқароршуду
табареро бо худ гирифту ба
сӯи он дарахт равон шуд. Дар
миёни роҳ бо Иблисалайҳи
лаъна рӯ ба рӯ гардид. Иблис
аз ӯпурсид:-Куҷо меравӣ?
Мард гуфт: -Меравам то он
дарахтеро, кимардум саҷдааш
мекунанд, бибурам. Иблис
гуфт: -Худро чаро беҳуда
гирифториситеза мекунӣ?
Онҳоро ба ҳолашон
бигзор.Баъди чанд вақт
худашон аз дарахтпарастӣдаст
мекашанд.Мард ин гуфтаи
Иблисро қабул накард.
Иблисдид, ки ӯро аз нияташ
баргардонида наметавонад,
роҳи дигари ҳиларо пеш
гирифтагуфт:-Ту ҳоло аз ин
кор даст каш. Ба ивази ин
манрӯз ба ту чор дирҳам
медиҳам.Он шахс номи пулро
шунида, бо дудилагӣпурсид: -
Ба ростӣ ту ҳама рӯз 4 дирҳам
медиҳӣ?Иблис гуфт: -Оре, ба
ту ваъда медиҳам,
кигуфтаамро фаромӯш
нахоҳам кард.Он мард аз роҳ
баргашта ба хонааш равоншуд.
Ҳар саҳар зери болинаш 4
дирҳам пайдонамуда, онро
сарфи рӯзгор менамуд. Пас аз
чанд муддат зери болиштро
холӣ ёфт. Як-дурӯз сабр
намуда, аз нав табарро
гирифта сӯион дарахт равон
шуд. Дар миёни роҳ
бозИблисро дучор омад. Иблис
пурсид:-Ҳа, ба куҷо?Мард
ҷавоб дод: -Меравам, то он
дарахтеро , ки мардум
саҷдааш мекунанд,
решаканнамоям.Иблис гуфт: -
Бас кун ва қафо гард, ки аз
ӯҳдаиин кор намебароӣ. Зеро
аввал ту онро бароиХудо
анҷом медодӣ, ман бо тамоми
қуввапеши роҳи туро гирифта
наметавонистам. Ҳоло ту ин
корро барои Худо анҷом
намедиҳӣ,балки барои ба даст
овардани 4 дирҳамомадаӣ.
Агар як қадам пеш гузорӣ,
гарданатрохоҳам шикаст.Мард
ночор аз роҳ гашта, ба хонааш
равоншуд... Оре, чун амал на
барои Худо, балки барои
пулва худнамоӣ сурат гирад,
кас асири Шайтонмегардаду он
амалаш қурбе нахоҳад дошт.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев