Аз Ҷобир ибни Салим (р) ривоят аст,ки Паёмбар (с.а.в)фармуданд : Аз Худо битарс ва хубиро ҳақиру кам машумор , агарчи кам бошад. Ҳатто аз зарфат ба зарфи ташнае қадре об диҳӣ , он ҳам хайр аст. Ҳангоми мулоқоти бародарат кушодарӯй бош . Почаи изоратро аз рӯи такаббурӣ дароз магзор , ки Худо онро дӯст намедорад. Ҳар гоҳ туро бар айбе мазаммат кунанд, ки онро надорӣ , бо айбе,ки онҳо доранд , мазаммати онҳо макун . Сабр кун, гуноҳ бар ӯст ва савоб бар туст.