АҚидаи ахли суннат ва Ҷамоат
Аҳли суннат ва ҷамоат имон ба рузи растохезро воҷиб медонанд. Ва он руз рузи қиёмат аст, ки Худованд халқи худро аз қабрҳои худ зинда гардонад ва дар он руз ҳамаро ҷамъ созад, ва макони онҳоро, ки ё бако дар неъматҳои биҳишт ва ё азоб дар оташи дузах аст, муайян кунад.
Тавре, ки Худованд мефармояд:
«Дамида шавад дар Сур (сурнай) пас бимирад ҳар ки дар осмонҳо ва замин аст, магар он ки Худо хостааст. Боз дамида шавад дар он бори дигар, пас ногаҳон эшон зинда шуда ба якдигар менигаранд». (Зумар-68).
Он руз аст, ки инсоният аз қабраш ба суи парвардигораш дар ҳолати бараҳнаги, ки кафше дар пой ва либосе дар ҷасад надорад, барпо хоҳад шуд.
«Тавре, ки халқ