Намози тахаччудро 12 ракат бигузорад аммо сабук ва 2 ракати бихонад дар хар ракате баъд аз сураи "Фотиха" як бор сураи "Ихлосро" бихонад ва баъд аз хар ду ракате андаке фикру зикр низ бикунад.
Ва машоих (раз)-ро дар кироати он ихтилоф аст.
Баъзе дар ракати аввал баъд аз сураи "Фотиха" "Ояту-л-курси"-ро як бор ва дар ракати сони баъд аз сураи "Фотиха" "Омана-р-расул"-ро як бор хонад гуфтаанд.
Ва баъзе дар хар ракате баъд аз сураи "Фотиха" сураи "Инширох"-ро як бор хонад гуфтаанд.Ва агар 4 ракати ният кунад дар хар ракате баъд аз сураи "Фотиха" сураи "Ихлосро"-ро бихонад се маротиба бихонад.Ва баъзе сураи "Ихлосро"-ро ба тарики мутаориф яъне аз 12 маротиба сар карда ва бар як маротиба тамом кунад гуфтаанд.
Ва баъзе бараксашро фармудаанд яъне аз поён ба боло ки дар ракати аввал баъд аз сураи "Фотиха" як бор сураи "Ихлос" ва дар ракати дуввум баъд аз сураи "Фотиха" ду бор сураи "Ихлос" дар ракати севум се боп дар чорум чор бор дар панчу панч бор дар шашуш шаш бор дар хафтум хафт бор дар хаштум хашт бор дар нухум нух бор дар дахум дах бор дар ёздахум ёздахбор ва дар дувоздахум дувоздах бор баъд аз сураи "Фотиха" сураи "Ихлосро мехони гуфтаанд.
Мустахаб он аст ки хар руз он кадар бихонад ки давом бар он тавонад кард.Дар мохе як хатм кунад ё ду хатм ё се хатм.Ва аксари сахоба дар хафт шаб Куръонро дар намози тахаччуд хатм мефармуданд.
Шаби аввал сурахои "Бакара","Оли Имрон" ва "Нисо" хонда шуда, шаби дуввум панч сура , шаби саввум хафт сура, шаби чахорум нух сура, шаби панчум ёздах сура,шаби шашум сездах сура ва шаби хафтум то охири Куръонро хатм мекарданд ки инро "ФАМИ БИШАВК" мугуянд.
Агар касе Куръонро азёд намедонад метавонад баъд аз анчоми намози тахаччуд берун аз намоз ин сурахоро аз руи мусхаф тиловат намояд.
"ФАМИ БИШАВК"---мурод аз "ф" сураи "Фотиха" ва аз мим сураи "Моида" ва аз "ё" сураи "Юнус" ва аз бо сураи "Бани Исроил" ва аз "шин" сураи "Шуаро" ва аз "вов" сураи "Соффот" ва "коф" сураи "Коф" то охири Куръон.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев