Иброҳими Адҳам подшоҳи Балх шабҳангом бар тахт орамида буд ва нигаҳбонон пушти боми қаср машг'ули нигаҳбонӣ буданд. Албатта, мақсуди ӯ аз нигаҳбон гуморидан ҷилавгирӣ аз хатари дуздону г'оратгарон набуд:
Қасди шаҳ аз ҳорисон, он ҳам набуд,
Ки кунад з-он дафъи дуздону рануд.
Ӯ ҳамедонист, к-он кӯ одил аст,
Фориг' аст аз воқеъа, эминдил аст..
Нигаҳбони орзуҳову мақосиди одамӣ адолати ӯст, на посбоне, ки шабҳо бар бом чӯб бар табл мезанад, балки мақсудаш он буд, ки хитоби азалиро бишнавад.
Боре дар он шаб Иброҳим бар тахт хуфта буд, ки ногаҳон аз пушти бом садои тақ-тақу ҳамҳамае шунид. Баланд шуд ва cap аз панҷараи утоқ берун оварду гуфт: -Кист, ки ин тавр роҳ меравад? Гумон надорам ин шахс инсон бошад.
Дар ин ҳангом гурӯҳе аз мавҷудоти аҷибу г'ариб cap аз пушти бом поин оварданду гуфтанд: -Мо дар ҷустуҷӯи чизе ҳастем.
-Ба дунболи чӣ мегардед?
-Дар пайи шутурон ҳастем.
-Бигӯед бубинам, то ба ҳол чӣ касе шутурро рӯи пушти боми хонаҳо ҷустааст?
-Ту низ ба мо бигу: -Чӣ гуна ба тахти подшоҳӣ нишастаӣ ва дар пайи лиқои Худо ҳастӣ?
Пас бигуфтандаш, ки ту бар тахти ҷоҳ,
Чун ҳамеҷӯйӣ мулоқоти Илоҳ?
Ин ҷумла дар ҷони Иброҳим чун тире бар қалб нишаст ва барои ҳамеша асари худро дар ӯ гузошт. Иброҳим мулку ҷоҳу мол ва ҳама чизро раҳо кард ва аз он пас дигар касе Иброҳимро бар тахти подшоҳӣ надид:
Худ ӯ амон буд, дигар ӯро кас надид,
Чун парӣ аз одамӣ шуд нопадид.
Маъниаш пинҳону ӯ дар пеши халқ,
Халқ кай бинанд г'айри ришу далқ?
Чун зи чашми хешу халқон дур шуд,
Ҳамчу анқо дар ҷаҳон машҳур шуд.
Ҷони ҳар мург'е, ки ояд сӯйи Қоф,
Ҷумлаи олам аз ӯ лофанд, лоф.
Аз дафтари чаҳоруми “Маснавии маънавӣ" - и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1