Рӯзномаи "Вашингтон Пост" дар гузорише ба номи "Бузургтарин вокуниши пулис ба фаъолияти донишҷӯён дар донишгоҳҳо тайи солҳои ахир" аз боздошти беш аз 900 донишҷӯ дар 10 рӯзи гузашта бахотири эътироз ба ҷиноятҳои Исроил дар Ғазза хабар дод.
Ба гузориши ТоҷикПресс, сакуби тазоҳуроткунандагон дар донишгоҳи Колумбия дар НЮ-Йорк мавҷе аз фаъолиятро дар донишгоҳҳои тамоми Амрико ба роҳ монд, ки бар асоси охирин гузоришҳо беш аз 900 нафар боздошт шудаанд.
Дар тамоми Амрико роҳбарони донишгоҳ кӯшиш кардаанд, то тазоҳуротҳоро сакуб кунанд, тазоҳуротҳое, ки бештари вақтҳо сабаби дахолати хушунатомези полис шудааст, наворҳое, ки аз Иёлоти Муттаҳида нашр мешавад нишон медиҳад, ки садҳо донишҷӯ ва ҳатто аъзои ҳайати илмии донишгоҳҳо ба зур боздошт мешаванд. Ҳомиёни Фаластин хостори афв донишҷӯён ва аъзои ҳайати имлие ҳастанд, ки ба далели эътироз ба ҷиноятҳои Исроил дар Ғазза сакуб ё ихроҷ шудаанд. https://tajikpress.com/2024/04/29/%d0%b1%d0%be%d0%b7%d0%b4%d0%be%d1%88%d1%82%d0%b8-%d0%b1%d0%b5%d1%88-%d0%b0%d0%b7-900-%d0%bd%d0%b0%d1%84%d0%b0%d1%80-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%8d%d1%8a%d1%82%d0%b8%d1%80%d0%be%d0%b7%d2%b3%d0%be%d0%b8/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев