9 МАЙ ИДИ ҒАЛАБА! ҲАМА САР БА САР ТАН БА КУШТАН ДИҲЕМ ,АЗ ОН БЕҲ ,КИ КИШВАР БА ДУШМАН ДИҲЕМ ! Иди Зафар муборак ҳамватанонӣ азиз! Ин ҷашн дар дилҳои мо ҳамчун рамзи қаҳрамонӣ сабт гардидааст. ""Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад""! Рӯзи Ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол , балки барои мо ҷавонон низ гиромӣ мебошад , зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоъату мардонагӣ ба хотири химояи Ватан ба ҳисоб меравад ! Ба ҳама сулҳу салоҳ тани сиҳат ва тамоми хушиҳои зиндагиро хохонам ! Рӯзи Ғалаба муборак ҳамдиёрони азиз !!! Бо эҳтироми беандоза Акбар Қараев !
    4 комментария
    10 классов
    Имруз аз орди сиехи гандуми кулча пухтаму давраи кудакиву наврасиам аз зодгохам Тангаи ки дар шахраки Вахдат вокеъ аст, ба хотирам омад. Модарам дар танури бобои нони гандуми мепухту гармакак онро бо эхтиет аз танур канда ба руйи дастархон мегузошт то хунук шавад. Ман бошам токатам ток шуда як нонро шикаста бурда лаби чуйи об тар карда бо пиёзи сабзи аз чуякхо кандаам харисона мехурдам. Имруз ин лахзаи бегами ба ёдам омаду ба худ гуфтам ки афсус ин сонияхои ширини умрро бо кулли сарвати дуняви харида намешавад. Шукри зинда будан. Шахлои Начмииддин
    3 комментария
    26 классов
    Бахриддин Шоев Раҳмати Бибим мегуфт дар 53 соле, ки бо Боботон зиндаги кардам ҳатто як борҳам дар пешаш либосма набаровардам..🤦‍♂️ ӯ 10 бачае, ки доштан ба назарам дар қуракаши баранда шуда буданд....
    9 комментариев
    3 класса
    Чамолиддини Фахриддин ...ТУ ПАДАРШОН МЕШАӢ? Имрӯз ҳангоми омадан ба корхона як марду зани ҷавонеро дидам, ки думболи ҳамдигар суҳбат карда мерафтанд. Мард каме бо овози баланд, мегуфт: “Дар лубой положени дар бартам, проста ту розиша никоҳ кнем”. Зан мегуфт: “Ма духтару бачаи майда дорам ва намехоҳам, ки вобастаи касе шаванд, барои ҳамин шу намекнам...” Мард гуфт: “Барои фарзандот падар мешам, ҳар проблемае ҳаст ҳал мекнам” Зан истоду тарафи мард нигоҳ карду гуфт: “Падари худашон падарӣ накарду ту падарашон мешай?...” Ба андешаи Шумо сухани кадоме аз онҳо дуруст аст?...
    11 комментариев
    14 классов
    Муяссарахон Махмудова #хотираҳо!!! Эсатонба ҳайми туйҳои солҳои 80-90😂 Катзанон мекадан.. сони гирдогирд гилемми брезент кашида руст мекадан. Сони материалои хушрӯя а болош мекашидан. Бачаҳо меҷӯшид. Калоно мешиштан столои оҳанин ё тахтагини самоделниваю бачаҳо а гуҷо ки тӯғри набиёд тамошо мекадан)) Лагандои тунука ё сирдорба нарезка мешуд, колбасаи докторский, сир сони помидору бодаринг) Нони оби, нишолло, якта тавоқчи сирдорба меваҳо. Тавоқчи сирдора кампиро талинка мегуфтан, пласмасинаша ликопча 😂Чӯмоқча, майиз болошба ду дон чӯмоқ, боё нахӯти зирбон мемондан)) Сони лиманоти шишагин буд))) мо кришкашба болелшик будим, бози мекадим)) Чақушка- буд номаш вай бозия 😂 А ҳамаям ҷаркӯв зӯр мешуд, нони болои усталба шах шудаги кати… Тарафи мадакова чайнакчаҳо тез тез рафта меомад. Ҳамунам нӯли чайнак қадоқ буд. Дурнаш арақ меандохтан… Ба гуфти Ойтетам… Вай бадбахт дурни чайнакба ҷим меистод, дурни мадакова дарод, будаги чизаша меқӯғзонд, ана сони сар мешуд.. 5-6 бор ашӯли Дилрабо- Марҳабо… 3-4 бор Муноҷот… 2-3 бор Қарғалар… Ёр- ёр 15 бор мехондан😂 Келину домод то саҳара мешиштан😂 Сони вай бечора раққоса а усула шири а буваш хӯрдагиш даҳнашба меомад… мо бачаҳоя то охири тӯя ҳич кас намемонд. Чунки охири тӯйба ҷангу занозани шуданба дуо рафтаги буд! Кани шумоям як ёдовари кунитон, имрӯз одиқба як хандим😂😂 @все
    7 комментариев
    26 классов
    Бахром Джумаев КАЛОНСОЛИ ФИРЕБГАР Ё ЖВАЧКАФИРЕБ (пешниҳод) Ид муборак! Каме пеш ид буд. Ид. Ҳама хурсандӣ мекарданд. Фарорасии ид. Иди Рамазон Фаромӯш накунед, ки ин ид иди динист. Иди Рамазон. Нахостам дар ин рӯзҳо сухан гуфтан.. шояд касе маро нафаҳмида хафа мешавад. Дар пеш боз ид аст. Ид муборак! Иди Рамазон. Баъдтар иди Қурбон. Мардум ид мекунанд. Туда- туда ба хонаи якдигар рафта якдигарро табрик мекунанд. Калонсолон дуо мехонанду боз ба сӯи дигар ҳавлӣ ва ё хона мераванд. Гоҳо ба гирди дастархони соҳибхонаи мехостаашон ҷамъ мешаванд. Аз нозу неъмати ба рӯи он гузошта нӯши ҷон мекунанд. Шодии кӯдакон ҳадду каноре надорад. Аз чашмонашон шарар меборад. Доду фарёдзанон ба сӯи хонаҳо метозанд. Ид муборак! Соҳибхонаҳо хурсандона ҳар кӣ чизе ба онҳо тӯҳфа медиҳад. Мардум ҳама ид доранд. Ид муборак! -Коре бояд кард, ки ба ҷаннат афтам- аз шунидаҳо. -Худо раҳмат кунад!- орзуи дили зиндаҳо. Ман, ки имрӯзам биҳишти нақд ҳосил мешавад, Ваъдаи фардои зоҳидро чаро бовар кунам. (Ҳофизи Шерозӣ) Ман имруз ҷаннатро бо чашмони хеш мебинам, бубахшедам, чаро ба ҷаннати фардо бовар кунам? ҶАННАТ ин хандаи кӯдакон аст. Агар дар зали калони пуродам саволе бидиҳам. -Кӣ мехоҳад, ки фарзандаш хурсанд набошад? Тарафдор. Нест. -Кӣ мехоҳад, ки фарзандаш хурсанд бошад? Тарафдор. Ҳама! Мефаҳмед, ҳама. Ҳама мехоҳад, ки фарзандаш хушбахтарин инсон бошад. Новобаста ба хурд ё калон, маъюб ё сиҳат, доранда ё нодор… Ин орзуи дили ҳамаи волидон аст. Ягона чизе ман доимо онро мехоҳам ин хандаву шодии кӯдакон аст. Табассуми кӯдакон бароям ҷаннат аст. Аз рӯи виҷдон бигӯед, кӣ табассуми кӯдакро дида шод нашудааст? Ҳатто Темури ланг сангинтарин шахс аз тахт фаромада кӯдаки гиристаро ба бағал гирифта буд... Фахри ҳар миллат аз фарзандони худ аст. Ҳофизи Шерозӣ рӯҳи халқро баланд кард. Сино бадани мардумро табобат кард. Чи қадар шоҳон ба сари давлат омаданд. Ҳар кас ба таври хеш ба халқи худ хизмат кард. Исои Масеҳ, Мӯсо, Буддо, Конфусий, Аристотел, Темури ланг, Чингиз, Наполеон, Суворов, Искандари Мақдунӣ, Исмоили Сомонӣ, президентҳои башумори Амрико ва ғайраҳо… ҳама- ҳама ба таври хеш ба халқи худ хизмат карданд. Аммо ҳама кас мисли як кас ба халқи худ хизмати бузург накардааст. Танҳо як кас, ЯК КАС то имрӯз баъд аз мурдани хеш халқи худро мехӯронад. Халқи худро бойтарини ҷаҳон кард. Ин пайғамбар Муҳаммад (с.а.в) одами рақами як барои халқи худ. Ин ҷо маро кардаи ӯ зарур нест. Ин ҷо гуфтаи ӯ маро лозим аст. Ва ӯ гуфта: Ҷаннат зери пои модарон аст. (Муҳаммад с.с) ҶАННАТ ин шодии модарон аст. Шодии модарон ин хушбахтии кӯдакон аст. ҶАННАТ ин дуои неки падарон аст. Аблаҳтарин шахс онест, ки барои ҷаннати кадом каси ваъда карда, ҳеҷ кас онро надида ашки модаронро мерезонад. Табассуми кӯдакони маъсумро аз лабонаш мерамонад. Сари падаронро хам мекунад. Худоё! Ман ба ту боварӣ дорам. Ягона мададгорам туӣ! Ид муборак! Расму русум хароҷоти калонро талаб мекунад. Доранда, ки дорад, дастархони бошукуҳ оро медихад. Ӯ, ки дорад, чунин мекунад. Офаринаш! Дар хонаи чандин дорандаҳо рафта будам. Агар аз рӯи дастархон ман чизе хӯрдаму ӯ шод шуд. Чаро ки ӯ ин кардаи худро хайр медонад. Хайр, яъне ҳар каси омада бояд аз чизҳои дар болои дастархон гузошта бояд нӯши ҷон кунад. Ӯ бе ягон манманӣ, бе ягон худнишондиҳӣ дастархон оро медиҳад, аммо… Тоҷикро расму русумаш мекушад. Чаро ки… Доранда ҳар коре, ки бикунад, камбағал худро боғурур гирифта баробари доранда пой мемонад. –Ман аз ӯ чи камӣ дорам? Тоҷикро ғурураш мекушад. Дастархони пур, меҳмонони зиёде, ҳашамати бузурге.. баҳ-баҳ… магар ҳама инро қодир аст? На! - Ҳамсоя каме қарзам деҳ! Тоҷикро қарз мекушад. Ид муборак! Имрӯз ин идро 5000 сола мегӯянд. Иде, ки кӯдакон хона ба хона гашта соҳибони хонаро бо ид табрик мекунанд. Сухани суоловар... Сухани боварнакунанда... Ид муборак! Кадом ид? Иди Рамазон? Иди динӣ? Пас мо бояд ба хонаи ҳар шахси дар муддати сол мусибатдида рафта бояд ҳамдардӣ кунем. Солҳои шӯравӣ дар ёд дорам ин идро кайд мекарданд. Ман гоҳо ҳамроҳи калонсолон дар ноҳияи Панҷекат ба хонаҳо мерафтам, дар ҳуҷра дастархони дарозе партофта шуда буд. Ва дар рӯи он чор ва агар хона калонтар бошад шаш дона нони лочира гузошта буданд. Мардум даромада нишаста фотиҳа мекарданду ҳама хеста мерафтанд. Касе касеро айб намекард. Ид муборак! Баъдтар харитаи сайругаштам калон шуду ба дигар вилояту ноҳияҳо сафар кардам. Берун аз ватан низ. Ва то имруз. Дастархонхо дигар шуданд. Қоидаҳои дигар дидам. Дастархонхои пуршукух.. аз рӯи он танҳо калонсолон нӯши чон мекунанд. Калонсолон ба гирди дастархон нишаста як дуое мехонанду аз тамоми нозу неъматро нӯши ҷон мекунанд. -Бача гир, моҳӣ.. Торт буррам? Камакак шурбо биёрам? -Шурбо намехӯрам.. Палав намехурам… -Ақаллан гӯшташро биёрам бзан… Танҳо се рӯз каси калон мисли кӯдак нозу нуз карда метавонад. Ва ин беҳуда нест… Ин ҷо масҷид нест, ки дар локӣ( фӯта, рӯмолак, миёнбанд) аз неъмати дар рӯи дастархон буда ба он бандиву бо худ барӣ.. Ин ҷо хӯрдан ҳаст, бурдан нест. Бурдан шояд танҳо чанд дона қанд, ё тухм… Ва хӯрдан ҳам то чанд… Марҳамат, то шикам сер шудан.. Хона ба хона дар рӯзе чанд маротиба «пасадка» мешавад. Дар кадом хонае, ки дастархони боҳашамат дорад. Ҳама нозу неъмат аралашбод мешаваду ба шикамҳо медарояд. Шикамҳо пур, нафас кашида намешавад. Ба хонае, ки дастархон ҳашамат надорад, «пасадка» кам мешавад. Дуои кӯтаҳ хонда мешавад. Суханҳо набофта, балки аз дида... Борҳо дидам рӯзи дигар.. -Э очаҷон мемираме.. шикамам дард мекунад… Давом намедиҳам… Кӯдаконро танҳо бо як дона жвачка, қанд, ё ягон чизи камарзише гусел мекунанд. Агар кудаки шиносе, дӯсте аз дар дарояд каме ҳотамие мешавад. Кӯдак соҳиби ду жвачка мешавад. Ин ҳамон кӯдаконе, ки калонсолон барои онхо ба додани ҷонашон тайёранд, аммо касе онҳоро дар ин рӯзи ид ба сари хон даъват намекунад. Ба онҳо касе сомоние, ё бозичае он тӯҳфаи бехтарин!… Пас ҳама шукӯҳ баҳри чист? Баҳри он ки калонсолон як дуое мехонанд? Давраи шӯравӣ ба едам мерасад. Занҳо ба тӯйхона мерафтанд. Баъдан дастархонҳо ба тори сар монда аз тӯйхона мебаромаданд. Пас аз назари соҳибхона пинҳон шудан то симчӯби аввалин дар таги рӯшноӣ дастархонҳоро аз сар гирифта мекушоданд. Оне, ки дорои материали базеб шудааст то хонааш тӯйдорро таъриф мекард. Оне, ки материали безеб гирифтааст,ҳақорату ғайбаткунон то хона мерафт... Кӯдакон ҳам каромати калонсолонро мухокима мекунанд.– Кӣ чӣ дод... Калонсолон бидонед, ки дуои кӯдакон ҳам таъсирнок аст. Ҷашни арӯсӣ. Чанд кӯдак хостанд пеши роҳи домодро баста се-чор сомонӣ кор кунанд. Чанд санги майда-майдаеро ёфта интизори омадани домод шуданд. Лек вақти омадани мошини домод мошини ношиносе, ки варо ҳеҷ кас намешинохт, омада роҳро баст. Кӯдаконро сур кард. Сангҳои кӯдакон зери чархи мошин монд. Сад сомониро гирифту шодона газ доду аз назар пинҳон шуд. Чанде баъд маълум шуд, ки аз ин ҷо баромада рафта ба дарахте бархӯрдааст. То ҳол овози кӯдаке, ки умеди роҳбандиро дошт, ба гӯшам садо медиҳад: -Мо дуо кардем, ки худо варо ҷазо диҳад… Кӯдакон ҳам дуо карда метавонанд. Аз дуои кӯдакон битарсед, ононро ҳурмат кунед! Дар рӯзи ид хотири ононро шод кунед! Дӯст! Ман ҳам мехоҳам барои кудакон ид бошад. Онҳо шод бошанд. Ҷаннати имрӯз шодии ононро бубинам. Ва чаро онҳоеро, ки дар ҳама ҷо бо овози баланд бо фахр мегӯем кудакон ояндаи моанд, ҳурмат накунем? Чаро онҳоро бо як жвачка фиребашон бикунем? Калонсолон бо шикамҳои дамкарда, нафаскашӣ мушкил, ҳаш-ҳаш кунон ба хона бармегарданду кӯдакон бо шумораи зиёди жвачка ва барои хӯрдани ширинӣ шумораи зиёди жвачкаро ба даҳон мепартоянд. Кӯдакон ҳатто дастархони орододашударо намебинанд. Ҳамаро аз пеши дар ақиб мегардонанд. -Идгардакро манъ накунед!- бисёр ин илтиҷоро мешунавам. Ҳар падару модар мехоҳад фарзандаш шод бошад. Аммо ҳеҷ фаҳмида наметавонам: Барои оне, ки аз таҳти дил бо шодӣ:- Ид муборак!- мегӯяд, ҳаққаш як дона жвачка бошаду барои оне, ки як дуо мехонад, тамоми чизи рӯи миз буда… Пас ид чист? Ид аз кист? Оре, ид аз кӯдакон, аммо наход ки ҳаққи онон як жвачка бошад? Чаро калонсолон кӯдакони худро қадр намекунанд? Худро чунон вонамуд мекунанд, ки гузаштагон қадр мекунанд ва ба ҳаққи онон дуо мехонанд ба ивазаш зиёфат насибашон мешавад. Чаро дар бораи ояндаи худ фаромӯш? Суол. Чаро танҳо дар ин рӯз? Чаро дар рузи ид? Ҳамагӣ соле ду рӯз ба ҳаққи гузаштагон дуохонӣ. Ба ивазаш чӣ? Зиёфатхӯрӣ? Магар дар давоми сол ихтиёран рафта дуо хонанду рузи ид шодмонӣ кунанд намешавад? Кӯдакони худро, ки ояндаи онон аст, барояшон иди ҳақиқӣ ташкил кунанд. Аз домодони худ миннатдорам. Набераам хонандаи синфи як додарашро гирифта ба идгардак рафтааст. Каме баъд бармегарданд. Модараш мепурсад: Халтачаи ту канӣ? Ба ту ҳеҷ чиз надоданд? –Не. –Барои чи? –Барои он ки ман додарамро ба дари ҳавлии ҳамсоягон бурдаму худам надаромадам.-Чаро? -Чи ман ба як жвачкаи онон мӯҳтоҷам? Гап дар сари як жвачка нест. Набераи ман идро дар дигар чиз мебинад. Кас агар хоҳад, метавонад ҳар рӯз ба кӯдаки хеш ид барпо кунад. Ба кӯдак харидани як яхмос ҳам ид аст… Калонсолон! Магар ягон бор фикр кардед, ки жвачка зарари худро дорад… ПЕШНИҲОД! Душанбе вақте қишлоқ буд. Баъд шаҳр шуд. Мардуми зиёӣ дар он ҷо ҷамъ омаданд. Имрӯз новобаста ба хизматҳои бузурги ҳукумат, пешравиҳо, гулгуншавиҳо, биноҳои баланди дилтасхиркунанда боз деҳаро мебинам. Шавқуни зиёди деҳот… Аниқтараш дар шаҳр ақидаи деҳаро мебинам. Каси зиёӣ аз касони оддӣ бо он фарқ мекунад, ки ӯ бо ақлу дониш кор мекунаду касони оддӣ бо қуввати дасту бозу. Агар хоҳӣ, ки касони зиёиро чу касони оддӣ баробар созӣ, оромии онҳоро халалдор намо. Ягон шахси зиёӣ бидуни оромӣ кор карда наметавонад. Дар шаҳр аз он ки мардум якдигарро намешиносанд, ид гардаки кӯдаконро, яъне хона ба хона гаштани кӯдаконро манъ карда шавад. Ба калонсолони ҳар гузар ҳушдор карда мешавад, ки дар вақти ид кӯдакони ҳамон гузарро ба ягон хона ҷеғ зада зиёфат бидиҳанд. Сипас ба онон бозича, пул, китоб ва ягон чизи ба онҳо лозимаро тӯҳфа бидиҳанд. Муҳити деҳотро дигар карда намешавад, чаро ки он ҷо ҳама якдигарро мешиносанд. Ба он ҷо ягон чизро манъ накунед. Бигузор шаҳр шаҳр бошаду деҳот деҳот… Академик Осимиро гуфтанд:-Шумо ҳамаро медонед! Шодравон ҷавоб додаанд:-Ҳамаро ман аз куҷо медонам? Ҳамаро мардум медонад. Ин ақидаи ман аст. Ин пешниҳоди ман аст. Ҳамаро мардум медонад. Баҳри шод кардани фарзандони худ бикӯшед, онон ояндаи моанд… Онҳоро бо жвачка фиреб надиҳед! Барояшон ид ташкил кунед! Бахромбек
    1 комментарий
    3 класса
    Муяссарахон Махмудова 95 серия!😂😂😂 Ҳа хуб! Хуб! Хуб шудас! Как Ойтеташ говорила это были и есть волшебные слова! В любом удобном случае надо говорить Ҳа хуб! Эти волшебные слова показывают воспитанность, деликатность и сдержанность человека. По ее мнению эти слова должны были говорить все. И мужчины и женщины. И старшие и младшие. Но особенно келинки. Она всегда повторяла… Майлаш, ҳозир, баъди як зум… нагӯ, кӯта када… Ҳа хуб гӯ, ҷонатам халос, худатам хиҷолат намеши! Ҳа хуб!… спасает в любой ситуации. Если ты не знала что то и тебе подсказали.. Ҳамин хел кунид! Ҳамин хел гӯид! Ҳамина оварда тид!… всегда говори Ҳа хуб).. и делай. Ҳа хуб!… это ключ к счастью в молодости, покорность в зрелости и любовь в старости! Мана ман пир шудаги бошамам, ёшако манба … Ойтетачон якта дуо када монид!… гуянам, ман … Ҳа хуб!… мегӯм! Ҳам хушрӯ, ҳам вай одама дилаш гарм. Оятам ҳамин хел… Домодам як чиза фармон… дарро Ҳа хуб).. гуфта када мемонад, натонад ё дасташ нарасадам зато мардака даҳнаш пӯштаги.. вадарас када, ҷавоб наметияд.. Туям неварам ягон кораша фармод… дарро садта баҳоната нагӯю… Ҳа хуб!… гуфта мон. Олам гулистон… говорила Ойтеташ. И вот как то меня сильно задело это слово, и я решила ничего не говорить кроме Ҳа хуб! Утром уходя на работу дадачон сказал… Духтарам ин бегохи ҷойба мерим, секин тайёрихотона дида шинитон, ман омда худам мебарам, майлаш ми?… Я отвечаю Ҳа хуб!… дадаҷон) Аяҷонка за ним говорит.. Тағораи калонамоя дастархон, ки тайёр када монид, ду зувола тушбери зирбонба хамирош када, қиммаша тайёр када монид, баста монидам майлаш, ман омда худам мезирбонам, майлашми?… Я говорю… Ҳа хуб аяҷон! И мой қайнишка говорит… Кенава… мне тоже картошку фри на обед сделайте, пожалуйста!… я отвечаю.. Ҳа хуб, конечно сделаю)!! И тут подходит муж и говорит… Пагава хонотонба мерими? Ман ҳамунба ниго када корама кунам… Я говорю.. Ҳа хуб! Мерам! Муж рассмеялся и говорит… Э гаранг… инҷава Ҳа хуб намегӯд одам.. мерам ё намерам мегӯд!… И я опять отвечаю … Ҳа хуб! Намерам! Потому что мама сама к нам приедет, Завтра день рождения Ойтеташ. Шумо худатон гаранг если про такое дело забыли!… и смотрю на него как он мне говорит, чишмама песонда 🥹 И ҳаа я.. бутун а эс буромдас. Баваққтар гӯи неми?… А я ему в ответ… Ҳа хуб! Он уже не выдержал… и говорит рав устарба ҳамин Ҳа хубат, ки.. безор кади!… и я говорю .. Ҳа хуб! А там аяҷон, дадаҷон и Ойтеташ уже упали со смеху и говорят своему сыну… Пешба даро! Туям безор кади уже! И он в ответ … Ҳа хуб!… и смеемся все 😂😂😂 Вот такие вот дела происходили у нас с волшебным словом Ҳа хуб! У Ойтеташ было ещё несколько волшебных слов, из числа.. Мебахшид! Надонистиям! И сарата хурад😂 Но об этом в следующий раз!
    6 комментариев
    16 классов
    Худ ва наздиконатонро эҳтиёт кунед! ❗❗❗ ҲУШДОРИ ДУБОРА АЗ БОРИШОТИ БОРОНИ САХТ, СЕЛ, РАЪДУ БАРҚ, ЖОЛА, БАЛАНДШАВИИ САТҲИ ОБ, ШАМОЛ ВА ПАСТШАВИИ ҲАРОРАТИ ҲАВО ❗❗❗ Рӯзҳои 10-12 майи соли ҷорӣ дар баъзе минтақаҳои Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Норак, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Файзобод, Дарбанд, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва минтақаҳои Лучоб, Қаратоғ), вилояти Хатлон (ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, Данғара, Ховалинг, Мӯъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, шаҳри Кӯлоб ва минтақаи Даштиҷум), вилояти Суғд (ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Деваштич, Исфара, Ашт) ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, шаҳри Хоруғ) бо сабаби ба амал омадани боришоти бошиддат сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои 10-12 май дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда (Варзоб, Лучоб) баландшавии сатҳи об дар назар аст. Рӯзҳои 10-11 май дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ боришоти бошиддат бо раъду барқ ва жола дар назар буда, дар бештари ноҳияҳои водию-доманакӯҳӣ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10º пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои 9-11 май дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон (Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, шаҳри Бохтар, минтақаи Айвоҷ) ва вилояти Суғд (ноҳияҳои Ашт, шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон) ва ноҳияи Файзободи Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати аз 18-23м/ то 20-25м/с аз эҳтимол дур нест. Рӯзи 9 май бо сабаби шиддатнокии вазиши шамол дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон чангу ғубор ба амал меояд. Агентии обуҳавошиносӣ.
    2 комментария
    18 классов
    Юлдуз Юсмонова
    1 комментарий
    53 класса
    #анонимно Салом ба ахли гурух ман зан хастам кариб 6 сол мешавад шавхарам хиёнат дорад Мо як оилаи хама орзу мекардаги чи гуям шароит мухаё шавхарам нисбати ман мехрубон лекин пушти ин мехрубони хиёнат хаст Шавхарам медонан ки ман медонам бо дигар кас алокашон хаст лекин шавхарам хамин хел рафтор мекунан ки бо хеч кас алока надоранд Лекин охирон вакт рашки ман худамро а дарун адо кардос хаёлам хамашро ба шавхарам гуям ки ман медонам бо дигар кас алока доран лекин хурмати фарзандонам токат дорам ин токат сабр кардан ро давом дихам ё не Ман бояд чи кор кунам ман хам худама худи намедонистаги боин токат карда гардам ё чанг кунам
    47 комментариев
    22 класса
Увлечения

Публикации автора

В ОК обновились Увлечения! Смотрите публикации, задавайте вопросы, делитесь своими увлечениями в ОК