Дарунмоя бо пирояаш мувофиќ ва муносиб аст. Он чиро мегўяд, ки зарурат ба гуфтан дорад, бардошт ва андешаи гуфтанист. Дар аксарияти газалворахояш аз маърифати шоири нишоне хаст. Яъне дар забон, маъни, санъат ва мантиќ дасти кушод дорад. Чўпон Бадал дар эчоди намудхои дигари шеър хам машѓул аст ва бозёфтхои хуби шоирона дорад. Дар шеъри ганои намунахои хуби шеъри зиндаги ва ормониро гуфтааст. «Интизори", «Чатр» ва ќитъахои дигар бехтарин намунаи ин навъи шеъранд. Дар ќолаби маснави силсилаашъори ѓариби ва азоби рўху дарди фироќро гуфтааст, ки табии ва самими баромадаанд. Дар гуфтани рубои, дубайти, байт хам муваффаќ шудааст: Гар косаи нўш дар кафи дарвеш аст, Он косаи нўш аз ѓами дил реш аст. Фаќр аст чу гургу марди дарвеш чу меш, Як гург ачал барои садхо меш аст. Ин рубои чанбаи ичтимои, хаќиќати зиндаги ва маншаи хакимона дорад. Ин гуна намунахо дар эчодиёти ин шоири табии бисёранд. Чу Чўпон Бадал набераи шоири тавоно Муллоёри Ванчи аст, вижагихои шеъри бобояш дар рости ва ростгўи, дар санъати танз ба хуби мушохида мешавад. Як дархост хамин аст, ки дар ин синну сол камар накшода, пайваста ба эчоди шеър машѓул шаванд, то ба хадафи нихоии худ бирасанд. МУЪМИН КАНОАТ 19-10-2008 сол
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев