АБЁТИ ЧУПОН БАДАЛИ ВАНЧИ

Хамин Ч Бадал ракамхояш лозим дустон
М И
22 Jun 2013
акаи Чупон кани шеърхо наватон мо интизор
Аз чахони даргузар дидор мехохад дилам Як нафас бо эътибори ёр мехохад дилам Муддате дар хачр будам,дур аз хоки Ватан Катраоби чашмаи кухсор мехохад дилам Дар гариби мерасад аз хар забоне минатам Харфу овози даригуфтор мехохад дилам Ай Худо бахри вафо бинмой лутфи рахматат Аз барои миллатам гамхор мехохад дилам Чуз ба пои ту ба пои кас нахохам сачда кард Точикистонам туро гулзор мехохад дилам Орзу аз кисмати бемори миллат бохабар Як тасаллое ба гамбемор мехохад дилам
J J
3 Apr 2013
ЃАРИБИ Харсола ѓами рўзиву хам кори ѓариби Ночор маро кард гирифтори ѓариби. Дур аз Ватану аз падару модару фарзанд Ѓампир шудам аз ѓаму озори ѓариби. Хар он чї гузашт аз сари ман, бо ту нагуфтам Ту дар ватану ман шуда бемори ѓариби. Хангоми сафар хаст басе хавфу хатархо, Ё Раб! Ту маро бош нигахдори ѓариби. Ванчи хама дарду аламу хориву зори Хонам хама аз дафтари ашъори ѓариби. ш. Маскав 5.09.2004
ЯК НАЗАР БА ДАФТАРИ АШЪОРИ ЧЎПОН БАДАЛИ ВАНЧИ Шеъраш равшан ва табиист. Дарунмоя бо пирояаш мувофиќ ва муносиб аст. Он чиро мегўяд, ки зарурат ба гуфтан дорад, бардошт ва андешаи гуфтанист. Дар аксарияти газалворахояш аз маърифати шоири нишоне хаст. Яъне дар забон, маъни, санъат ва мантиќ дасти кушод дорад. Чўпон Бадал дар эчоди намудхои дигари шеър хам машѓул аст ва бозёфтхои хуби шоирона дорад. Дар шеъри ганои намунахои хуби шеъри зиндаги ва ормониро гуфтааст. «Интизори", «Чатр» ва ќитъах
ЧУПОН БАДАЛИ ВАНЧИ БОМДОД Бархез, ки ваќти бомдод аст, Шабро бинигар сапеда зодаст. Ризќи хама одами сахархез Аз хобравон басе зиёд аст. Аллох бар он касе дихад ризќ, К-ў аз хама пеш дар кушодаст. Бархезу дару тиреза бикшо, Њоло, ки туро насиба додаст. Бигзидатарини одамон кист? Оне, ки ба нафс дар љињод аст. Имдод талаб зи рахмати Хаќ, Дар субх, ки махзани мурод аст. ш. Ќўрѓонтеппа, марти 2008
ДАР СЎГИ МОДАРАМ Аё модар, зи хачрат бо дили садпора мегирям, Ба ёдам мерасад марги туву садбора мегирям. Хазорон шукри фарзандони хубат мекунам хар дам, Вале хамчун ятими бекасу бечора мегирям. Зи баски дур будам аз Ватан рўзи видои ту, Канора аз канори мехри ту овора мегирям. Ба ёди захмати шабзиндадорихоят, ай модар, Сари шаб то сахар чун кўдаки гахвора мегирям. вил. Иркутск, ш.Нижнеудинск, 1997
КАТИБА Чун даргузарем, нолаву ох кунанд Бо ахли диёри марг хамрох кунанд. Аз бас ба дуои зиндахо мўхточем, Эй кош, мазори мо сари рох кунанд. Дар рўй ба рўи хоки мо рахгузарон Биншаста дуову зикри Аллох кунанд. Аз лавхи мазори ман бихонанд ин панд, В-ин панд шиори хар гузаргох кунанд. Эй он, ки пагох навбати рафтани туст, Магзор, ки хоки мо чарогох кунанд. вил. Маскав, ш. Наро-Фоминск 22.01.2004.
Сад хайф, ки умри одами кўтох аст, Дар омаду рафти одами ду рох аст. Дар омаданаш ба гиря, дар рафтани худ Умраш хамаги натичаи як ох аст.
Show more