Устод Лоиқ Шералӣ аз нахустин қадамҳои эҷодияш ба мавзўи модар таваҷҷўҳ пайдо кардааст. Яке аз аввалин шеърҳои шоир “ Ба модарам” ном дорад,ки бори нахуст ибтидои соли 1965 ба табъ расидаат. Вақте ки «Дасти дуои модар» ном маҷмўаи шоирро варақ мезанем, ба панҷоҳу панҷ шеъри ба модар ва зан бахшида дучор меоем.
Ҳамаи ашъори ба модар бахшидаи Лоиқ, аз шеърҳои «Модар», «Суруди модар», «Қарз»,«Қасидаи модар»,«Ҷомаи гадоӣ»,«Чордард»,«Ту монанди замин танҳоӣ,модар», «Дар сари гўр», «Ҳасрат», «Муноҷот ба модар» ва рубоиву дубайтиҳои маҷмўаи «Дасти дуои модар», ҷовидонаанд. Дар ин шеърҳо хусусияти миллию шарқии модари одии тоҷик,ботини поку беолоиш ва ҷаҳони орзуву ҳавасҳои модари рустоӣ мавриди тасвир қарор гирифтааст.
Дар модарномаи Лоиқ рўҳи халқии тасвир пурқувват аст. Шоир дар тасвири ҳастии модар аз урфу одат ва анъанаҳои қадимии мардуми тоҷик устодона истифода кардааст. Дар шеъри «Ҷомаи гадоӣ» модар бо ният ба дари хонаи занони серфарзанд,пирони ботадбиру солор,одамони бодавлату бонанг ва арўсони хушбахт гаштугузор карда,пораҳои матоъ ҷамъ месозад ва аз ин пораҳо ҳамроҳи пиразанҳои худоҷў ҷомаи садпораву садранг дўхта ба кўдакаш мепўшонад. Ин ҷома мувофиқи одатҳои мардумӣ бахосият буд:
Тамоми халқ гўйӣ бар қади ман ҷома пўшонид,
Тамоми халқ гўйӣ қисматам бахшид.
Ту гўйӣ,ҷома неву ҷавшани ман буд,
Ту гўйӣ,пора-пора меҳри мардум дар тани ман буд.
Мавзўи модар ба Лоиқ имконият додааст,ки таваҷҷўҳи фарзандонро ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти инсон ҷалб намояд. Дар шеъри «Ту монанди замин яктоӣ,модар» шоир модарро ба замину осмон ва хуршеду моҳ ташбеҳ медиҳад,зеро онҳо ҳам чун модар ягонаанд ва меҳри худро миёни фарзандони инсон тақсим намекунанд.Хуршед ба ҳама мавҷудоти дунё баробар нур мепошад ва оғўши замин низ ба рўйи ҳама сокинони сайёраи мо баробар боз аст.Пас,ба қитъаҳо тақсим кардани Ватан гуноҳ аст ва чунин амали манфиатҷўёна мардумро ба хушбахтӣ намеорад.Ин ҳушдори шоир махсусан дар замони мо, ки давлатҳои абарқудрат фикри тақсим кардани заминро ҳеҷ гоҳ аз сар дур намекунанд, басо аҳамият дорад:
Заминро қитъа-қитъа ҳар қадар фарзандгони ту
Барои ҳамдигар тақсим карданд,
Вале як рўз донистанд,
Замин қисмат нахоҳад шуд.
Лоиқ дар синни 8-солагӣ аз падар зиндаҷудо мегардад. Модар тани танҳо кулли ташвишҳои рўзгори ноҳинҷори баъди Ҷанги Бузурги Ватаниро ба зимма гарифта,тамоми қуввату ғайраташро дар роҳи тарбияи ҷигаргўшагонаш сарф мекунад. Шояд,ҳамин вазъияти мушаххаси оилавӣ шоири ҳассосро ба риққат оварда,манбаи тахайюлоту андешапар-вариҳои ў гардида бошад. Дар модарномаи Лоиқ ҳатто устод,пир,қиблагоҳ барин тавсифҳо ва унвонҳои ифтихории ба падар ва мард тааллуқдор ба модар нисбат дода мешавад:
Қиблагоҳам!
Модари олампаноҳам!
Рафтаӣ гарчи зи дунёи дудар
Дар сарат қасри сафед,
Дар рухат нури умед,
Дастҳо дар пеши бар
Дар пеши дар истодаӣ.
Хулоса,сар то пойи Модарномаи устод Лоиқро пайванди ҷисмониву рўҳонии модари ғамхору фарзанди сипосгузор фаро гирифтааст.Дар шеъри «Муноҷот ба модар» таркибҳои айёми пирӣ,чашмони камбину обрав,боли абрўвони шикаста, ларзиши дасту сару абрўю лаб ва оҳҳои пурдарду алам андешаи шоирро дар бораи рўзгори ба сар омадаи модар ифода мекунанд. Қаҳрамони лирикӣ дар натиҷаи мулоҳизаҳои пуршиддат ба хулосае меояд,ки ў дар ду дунё вуҷуди худро бе модар тасаввур карда наметавонад:
Модари пирам,Худо умрат диҳад!
Ин мабодо,ки бимирӣ ногаҳон,
Бо ту мирад давлату дунёи ман,
Баъди ту дигар набошам ман ҷавон…
Ашъори ба модар бахшидаи Лоиқ ба силсилаи щеърҳои Модарнома маҳдуд намешавад.Аз ҷумла,аз силсилаи «Илҳом аз «Шоҳнома» шеъри «Навҳаи Таҳмина бар Суҳроб»-ро ба ёд овардан кофист.Ин шеър аз ҳашт банди чаҳормисрагӣ иборат буда, аз матлаъ то мақтаъ тасвири дарду ҳасрат ва сўзу гудози модари бадбахт мебошад.Модаре,ки аз ягона фарзанди бо ҳазор умед парвардааш абадӣ ҷудо шудааст ва боз фарзандаш бо дасти падар кушта мегардад.Ин тазоди зиндагии нобасомон махсусан дар бандҳои:
Афтод аз болои зин
Чун ахтар аз чархи барин,
Шири сафедам аз танаш
Дарёи хун шуд бар замин…
Гулчини давронам гузашт,
Гулрези бустонам гузашт.
Теғе,ки Рустам зад бар ў,
Ах ҷавшани ҷонам гузашт.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1