Рӯзи байналмилалии Оила, ки ҳамасола 15 май таҷлил мегардад, имкони муносибест барои гиромидошти нақши калидӣ ва иҷтимоии оила ҳамчун пояи асосии ҷомеа. Оила на танҳо муҳити ибтидоии рушди шахсият аст, балки мактаби аввалини ахлоқ, фарҳанг ва масъулияти шаҳрвандӣ низ ба шумор меравад.
Таҳқиқоти иҷтимоӣ ва таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳанд, ки рушди устувори ҷомеа бевосита ба сатҳи солимии муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи дурусти фарзандон вобаста аст, ба ҳамаи хонаводаҳо тансиҳатӣ, муҳаббати пойдор, ҳамдигарфаҳмӣ ва фаровонии рӯзгор орзу менамоям, бигзор ҳар як оила муҳити солими ахлоқиву равонӣ бошад, ки дар он наслҳои нав ба камол расанд ва арзишҳои фарҳангиву миллӣ ҳифз ва густариш ёбанд.
Ногуфта намонад, оилаи солим метавонад ҷомеаи солимро ба вуҷуд орад , аз муҳити гарму муҳаббатомези оила фарзандони солим, бомаърифат ва ватандӯст ба камол мерасанд, маҳз дар оила арзишҳои неки инсонӣ чун меҳру муҳаббат, эҳтиром, бахшоиш ва масъулиятшиносӣ парвариш меёбанд.
Бигзор ҳар хонадон саршор аз меҳру вафо, ҳамдигарфаҳмӣ ва шодиву баракат бошад, ба ҳар як оилаи тоҷик ва тоҷикистонӣ сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва саодати рӯзгор орзу менамоям.
Рӯзи байналмилалии Оила муборак бошад!
Бо эҳтиром Самандаров Фаридун сФс ✍


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев