Агар лоиқат ҳастаму дӯстам дорӣ, пас ин рафторат баҳри чист? Чӣ мехоҳӣ, чӣ мақсад дорӣ? Ман туро ҳеҷ фаҳмида натавонистам, надонистам, ки чӣ мақсад дорӣ, ҳарчанд пурсидан мехоҳам, аммо наметавонам. Охир, шарм намегузорад, ки ман озод бошам, ё шояд ҳисси дӯстдорӣ бошад? Бигӯ, суханони сарду дилхарошат баҳри чист, аз ман чӣ талаб дорӣ? То кай ман бо оби дида ва ғаму ғусса гардам, охир аз айёми ҷавониам афгору рӯҳафтода шудам, пас ояндаам чӣ мешуда бошад? Имрӯз ман бояд хушҳол бошаму бе ягон мушкилот, вале аз дасти туи бевафо рӯзи хушро намебинам. Ҳол он ки чунин аҳд набаста будӣ. Чаро ин пайки дурӯғро бароям фиристодӣ, чаро бо муҳаббати рӯякиат ошиқам сохтӣ, чаро дар оғози ишқ ба умеду дар анҷ