Қудрати парвози болову зафарро мекушад.
Ҳар куҷо по мегузорӣ поӣ худ оҳиста неҳ,
Чашми бадхоҳи ҳасудон раҳгузарро мекушад.
Номвар будан басо хубу вале дорад хатар,
Нотавонбинӣ сияҳрӯй номварро мекушад.
Аз Худо танҳо нишоти зиндагӣ бинмо талаб,
Бори дарди зиндагонӣ ҳар нафарро мекушад.
Доғи фарзанд аз дили модар намеояд бурун,
Марги фарзанд оқибат қалби падарро мекушад.
Аз хиёнат дур бош,бар ҳамсафар теғе мазан,
Теғи бераҳми хиёнат ҳамсафарро мекушад.
Душманон дар ишрати дунёву дар фисқу фуҷур,
Зиндагонӣ дӯстони безарарро мекушад.
Ғайратӣ будан,набудан,менаорад ҳеҷ суд,
Хашм ояд,пашшае ҳам шери нарро мекушад.
Бар машомаш дур гардад атри хушбӯйи биҳишт,
Ҳар касе аз ҷоҳили аҳли башарро мекушад.
Дар раҳи имдод бош,пайваста эй
Маҳкампурӣ,
Гарчи марги бехато имдодгарро мекушад.
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев