Ҳаминтавр бо #10yearschallenge шуда буд, ваҳте одамон аксҳои худро “ҳоло ва 10 сол пеш” ба ҳамдигар мефиристоданд. Ё ин ки ҳамин ҳолат бо барномае, ки рақами Шумо дар телефони дӯстонатон бо чӣ ном ҳифз шудаст. Ҳамин ҳолат бо #FaceAppChallenge низ ба вуҷуд меояд.
Баъди маъруфияти аввал дар соли 2017 барномаи FaceApp-ро дар Google play 100 000 миллион нафар насб кардаст ва дар IOS App Store бошад барнома ҳамеша яке аз маҳбубтаринҳост.
Ин дафъа #FaceApp бо имконияти нишон додани инсонҳо ба вақти солмандӣ ба миён омад. Ҳазорҳо селфиҳои одамони пир шабакаҳои иҷтимоиро пур карданд. Дар ин чолиш акси ситораҳоро ҳам дидан мумкин буд. Баъди як ҳафта ҳаводорони аксҳои солхӯрдагӣ, якбора дар бораи он ҳарф заданд, ки чихел барнома маълумоти шахси онҳоро ки ба он бовар карданд, метавонад истифода кунад.
Истифодабарандагони ғарбӣ бештар дар ҳаросшуданд, вакте маълум карданд, ки корбари Face App ширкати русиягӣ буда, дафтари асосиаш дар Санг Петербург аст.
Истифодабарандагон бо сабабҳои равшан дар ташвишанд ва баъзеҳо ба воҳима афтоданд, ки барнома ба дилхоҳ аксҳо дар телефонашон дастрасӣ дорад. Корбари FaceApp Ярослав Гончаров дар мусоҳиба ба @Forbes гуфт, ки барнома дар хазинаи маҷозӣ танҳо аксҳои интихоб кардаи истифодабарандаро ҳифз мекунад ва ширкати ӯ ҳарчанд дар Русия сабт шуда бошад ҳам, хазинаи иттилоотии худро дар ИМА, Ирландия, Сингапур ва дигар кишварҳо ҳифз мекунад. Яъне don’t worry, ҳеҷгуна сояи Русҳо нест (😉).
Дар шартномаи истифодабаранда навишта шудааст, ки истифодабаранда чун пештара ба маводи худ ҳуқуқ дорад, аммо барнома ҳуқуқи бебозгашти истифодаи онро ба даст меорад. Яъне бо зери шартнома аломат гузоштан, бояд дарк кунед, ки ҳамаи аксҳои ба маркази додаҳо ворид шуда, оммавӣ мегарданд. Чун дигар барномаҳое, ки ба он маълумот ворид кардан зарур аст.
Агар ба Ярослав Гончаров бовар кунем, одамон метавонанд аз барнома хоҳиш кунанд, ки маълумоти онҳоро тоза намояд. Барои ин ба бахши танзим ё settings даромада, дар бораи иштибоҳ бо истифодаи калимаи “security” хабар бояд дод. Ӯ мегӯяд, ин ҷараёнро метезонад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев