Баъзе одатҳое ҳастанд, ки бояд корбарон замони ба сӣ солагӣ расидан аз он даст кашанд.
Мо 10 одати мазкурро дар маводи зер ҷамъоварӣ кардем.
Аз кор шикоят кардан
Саҳифаи шахсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷое нест, ки дар он шумо чизи хостаатонро нависед, ё аз зиндагиатон шикоят кунед. Ҳатто шикоят кардан аз ҷойи кор, сардор ё муштариён низ ба манфиати шумо нахоҳад буд.
Дар асри илму техника кордиҳандагон, то замони шуморо ба кор қабул кардан аввал аз саҳифаи шабакаи иҷтимоии шумо дидан мекунанд. Агар он ҷо шумо аз корфармои қаблӣ шикоят карда бошед, ин шояд ба онҳо писанд наояд.
Тарғиби маршрубот
Нашри акс ва таърифи машруботҳои спиртӣ ба кордиҳандагон, дӯстон, ҳамкорон ва мизоҷон нишон медиҳанд, ки корбар шахси ҷиддӣ ва боэътимод нест.
Таърифи маишати молиявӣ
Ҳеҷ кас намехоҳад ба таври доимӣ ба сумкаҳои хариди Шумо аз мағозаҳои брендӣ, чизи қиматбаҳо, пойафзол ва соатҳои шумо нигоҳ кунад. Дар аввал ин хеле дилгиркунанда ва баъдан аз ҷиддӣ набудани шахс огоаҳӣ медиҳад.
Пайгирии дӯстдоштаи собиқ
Таъқиб, шарҳҳои манфӣ ва даъвоҳо аз вобаста будани шахс аз нафари дигар гувоҳӣ медиҳанд. Ғайр аз ин чунин рафтор ҳаёти худи таъқибгарро хароб мекунад: агар инсон ҳаёти дӯстдоштаи собиқи худро ҳамеша пайгирӣ намояд, наметавонад гузаштаи худро фаромӯш кунад ва ояндаи худро бисозад. Агар шумо наметавонед аз пайгирии дӯстдоштаи собиқи худ даст кашед, беҳтар аст ки ба равоншинос муроҷиат намоед.
Истифодаи никнейм (номи пинҳонӣ)
Саҳифа дар шабакаи иҷтимоӣ – чеҳраи виртулии шумост. Ҳеҷ гоҳ дар он номи худро пинҳон надоред. Фаромӯш накунед: муштариён, шарикон ва корфармоёни эҳтимолӣ метавонанд шуморо тавассути номатон пайдо кунанд. Бо гузоштани исми тахаллуси дар саҳифа, шумо онҳоро аз ин имконият маҳрум мекунед.
Даъватнома барои бозӣ
Дар хоҷагии шумо ҳеҷ кас намехоҳад, ки ҳосили зироатро ҷамъоварӣ кунад, инро ба дигарон пешниҳод накунед. Агар шумо аллакай даъватнома фиристода бошед, бори дигар ин хатоиро такрор накунед. Баъзан ин гуна даъватномаҳо ба таври худкор фиристода мешаванд, бинобар ин танзимоти саҳифаатонро аз назар гузаронед.
Бидуни огоҳӣ пайваст кардани шиносон ба чат ё гуруҳҳо
Бисёр нафарон мехоҳанд шумораи ҳарчи бештари одамонро дар чат ва гуруҳҳо ҷамъ оваранд, хусусан агар дар он пул кор кунанд. Аммо, пеш аз илова кардани шахс, ҳатман ба ӯ паём нависед. Ба куҷо ва чаро илова карданро ба ӯ фаҳмонед, агар вай ба он таваҷҷӯҳ дошта бошад, баъдан илова кунед, агар не, ӯро ба ҳолаш гузоред.
Доимо тағйир додани навиштаҷот ва акси асосӣ
Ин одат барои наврасон ва ё онҳое мебошад, ки саҳифаро дар шабакаҳои иҷтимоиро танҳо барои худ кушодаанд. Шумо монанди онҳо нестед, ҳамин тавр не?
Сӯиистифодаи хештегҳо
Ҳештегҳо танҳо барои осон кардани ҷустуҷӯ лозиманд. Аз ин рӯ, паёмҳои дорои зиёди хештегҳо корбарро танҳо ба ғазаб меорад. Дар синни сӣ солагӣ, шумо аллакай медонед, ки чӣ гуна чизҳои муҳимро мутолиа ё пайгирӣ намоед ва метавонад худро бо якчанд хештегҳои мувофиқ маҳдуд созед.
Зиёд нашр кардани акси кӯдакон
Аз як тараф, фарзанд як қисми муҳими ҳаёти ҳар як волидайн аст, ки дар бораи он мехоҳанд ба ҳамагон нақл кунанд. Аз тарафи дигар, ба фарзанди шумо одатан танҳо хешовандон ва дӯстони наздиктарин таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Он дар корбарони дигар эҳсосоти гуногунро ба вуҷуд меоранд - аз бетафовутӣ то ғазаболудӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6