Аз курсии мактаби моро меомӯзанд, ки математика ва дигар илмҳои дақиқ -ин ҷой барои тафаккури интиқодӣ нест. Формула ва аксиомаҳои исботшударо зери суол гузоштан шояд зарур набошад. Аммо ба андешаи омӯзгори маърифати расонаӣ, тафаккури интиқодӣ бояд ҳамеша фаъол бошад.
Моҳи январи соли 2018 дар яке аз мактабҳои Чин дар имтиҳони математика аз хонандагон хоҳиш карданд, ки ҳал намоянд: “агар дар киштӣ 26 гӯсфанд ва 10 буз бошад, пас капитани киштӣ чанд сола аст?”
Донишҷӯён кӯшиш карданд усулҳои математикӣ, мантиқӣ ва ҳуқуқшиносиро истифода баранд. Баъзеҳо танҳо таслим шуданд. Тавре, ки баъдан муаллимон шарҳ доданд, мақсади вазифа муайян кардани синну сол набуд, балки фаъол кардани тафаккури интиқодии донишҷӯён буд. То ин ки ҳал кардани мисолҳо ба формулаҳои навишта шуда, маҳдуд набошанд.
Барномаи Internews дар Қазоқистон оид ба маърифати расонаӣ
#MediaCamp дар яке аз самтҳо ҳамчунин мисолҳоро, ки ба тафаккури интиқодӣ равона шудааст, истифода мекунад. Мушовири минтақавӣ Гулнор Асанбоева мегӯяд, ин усул на танҳо тафаккури интиқодӣ балки эҷодкориро низ рушд медиҳад.
Чунин масъалаҳоро ба кӯдакон медиҳанд, ки на ҳар як калонсол метавонад онро ҳал кунад. Посухро ҳамчунин метавон аз рӯйи сохтори математики ба даст овард ва ҳам эҷодкориро истифода кард. Ҳарду бархурд, ба Шумо посухи дуруст медиҳанд.
“Ҳангоми посух ба суолҳои дигар, мо эътироз накардем, вақте ки кӯдакон посухро аз интернет меҷӯстанд. Онҳо мехостанд, тезтар посухи дуруст бидиҳанд, руҳи рақобатпазирӣ баланд буд! Аммо мо ҳатман талаб мекардем, ки пай дар пайии амалашонро шарҳ диҳанд ва агар онҳо ҳаминхел бесаводона кӯчонда бошанд, оромӣ ба вуҷуд меояд, ки бе яон ҳарф фаҳмида мешавад: ба ҳар ҳол вақте худат посухро меёбед беҳтар аст”, - мегӯяд Гулнор.
Аз Шумо ҳосили масъала чанд шуд ва Шумо чӣ хел посух ёфтед? Дар шарҳ назаратонро нависед.
Комментарии 17