Имруз дар бораи роҳҳои мубориза ғалоғулаи иттилоотӣ маслиҳатҳо медиҳем.
Маслиҳати аосӣ
Шумо бояд фаҳмед, ки наметавонед ҳама чизро донед ва наметавонед ҳама чизро пайгирӣ кунед. Мағзи сари инсон компютер нест. Бояд доираи маълумотро вобаста ба марҳилаи кунунии зиндагӣ кам кунед.
Истифодаи интернетро маҳдуд кунед
Мушкили асосӣ шабакаҳои иҷтимоиянд. Бояд донед, ки маҳз ин шабакаҳо яке аз манбаъҳои асосии ғалоғулаи иттилоттӣ дар сари шумо мебошанд. Ун қадар маълумоти бефоидае, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезананд, дигар ягон манӣаи дигар надоранд. Масалан, писандидан, суратҳо, иқтибосҳо, матнҳо, шарҳҳо, озмунҳо, хабарҳои бемақсад бо миқдори зиёд.
Истифодаи интернетро то 1 соат дар шабонарӯз кам кунед, саҳифаи шабакаи иҷтимоиро полоед (филтр кунед), танҳо дӯстони наздик ва гурӯҳҳои лозимаро гузоред ва аз нолозимаашон даст кашед.
Аз тамошои телевизион даст кашед
Маслиҳати оддӣ: телевизионро аз зиндагиатон дур кунед. Бовар кунед шумо ҳеҷ чиро аз даст намедиҳед. Шумо метавонед танҳо маълумоти лозимааатонро аз интернет ва дигар сарчашмаҳо дастрас кунед, шарт нест, ки ҳама барномаҳои телевизиониро пайдарҳам тамошо кунедю
Радиоро интихоб кунед
Шабакаи радио ва барномаҳои радиоиро мувофиқи соҳаи фаъолиятатон интихоб кунед. Танҳо барномаҳоеро гӯш кунед, ки ба шумо фоидаовар ҳастанд.
Ҳатто шумо метавонед радиоро бо китобҳои аудиоӣ, подкастҳо ва мусиқиҳои писандидаатон иваз кунед.
Рӯзҳои оромӣ эълон кунед
Баъзан аз иттилоот истироҳат кунед: сайругашт кунед, аз шаҳр берун равед, вақти холиро ба машғулияти дӯстдоштаатон сарф кунед, ё хоб кунед. Дар ин рӯзҳо ҳаҷми иттилооти воридотиро то 0 расонед.
Китоб хонед
Маслиҳати одди дигар дар роҳи муборизаи ғалоғулаи интернетӣ хондани китобҳои муфид аст. Аммо китобро бояд дар муҳити оромӣ хонд, то хотираи шумо хуб кор кунад, маълумотро ҳазм карда тавонед.
Иттилоотро шиносед
Тавре гуфтем шумо наметавонед ҳама иттилоотро фаро гирифтаву ҳазм карда бошед. Барои ҳамин ба худ рӯйхати иттилооти асоси аз рӯйи кору фаъолиятон муайян кунед ва маҳз онҳоро дар ҳама сарчашмаҳо пайгирӣ кунед.
Сарчашмаи ғалоғулаи иттилоотӣ нашавед
Ва аз ҳама муҳим кӯшиш кунед худатон сарчашмаи ғалоғула нашавед: аз навиштани шарҳҳои бемақсад дар шабакаҳои иҷтимоӣ, фиристодани чунин номаҳо, гузоштани сурату видеоҳои бисёр худдорӣ кунед.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6