Шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои ҷустуҷӯӣ моро ба ҳубобҳои информатсионӣ мебаранд, ки дар он ҷо танҳо як нуқтаи назар мавҷуд аст. Инро чӣ гуна бояд тағир дод ва ба дигар андешаҳо дастрасӣ пайдо кард, дар дастурҳои DW.
Шабакаҳои иҷтимоӣ ва системаҳои ҷустуҷӯӣ ба ҷойи корбарон муайян мекунанд, ки кадом хабарҳоро ба онҳо нишон диҳанд ва ба дархостҳои ҷустуҷӯии онҳо кадом сомонаҳоро пешниҳод кунанд.
Алгоритми шабакаҳои иҷтимоӣ рафтори моро – писандидан (лайк), паҳкунӣ (репост), шарҳҳо (комментарий) таҳлил мекунанд ва дар асоси онҳо барои ҳар як корбар тасмаи махсуси хабарҳоро (лента новостей) ташкил медиҳанд. Ин алгоритм беохир такрор меёбад ва дар натиҷа, нуктаҳое, ки мо мубодила намекунем, тадриҷан аз тасмаи шабакаи иҷтимоии мо гум мешаванд.
Ҳамин тавр, мо дар ҳубоби иттилоотӣ ё филтри ҳубобӣ (англисӣ - filter bubble) қарор мегирем. Дар ҳубоб будан шояд бароҳат аст, зеро андешаҳо барои мо номусоиду номаъқул ба он дохил намешаванд. Аз ин рӯ ҳеҷ кас шитоб намекунад, ки аз чунин ҳубобҳо хориҷ шавад.
Ҳубобҳои иттилоотӣ чӣ гуна пайдо мешаванд?
Истифодабарандагон дар чунин ҳубобҳои иттилоотӣ на танҳо бо гуноҳи алгоритмҳо дучор меоянд. Мо худамон бехабар маълумотро полоиш (филтр) мекунем, зеро муошират бо одамони ҳамфикр ва хондани нуқтаи назари мувофиқ ҳамеша хубтар аст.
Ҳамин тавр, агар дар тасмаи хабарҳо як паёми мухолифи назар пайдо шавад, эҳтимол аст, корбар онро писанданд, ба дигарон фиристад ё шарҳ нависад. Алгоритм инро дар хотир медорад ва дафъаи оянда паёмҳоеро, ки ба корбар шавқовар нест, нишон намедиҳад.
Аз як тараф, гирифтани чунин як тасмаи инфиродии ахбор он қадар бад нест: чун ба хостаҳои мо мувофиқат мекунад. Аммо дар ниҳоят мо ба дом меафтем: мо гумон мекунем, ки ҳама нуқтаи назари моро дастгирӣ мекунанд. Илова бар ин, бо гирифтани иттилоот аз як манбаъ корбар метавонад аз хабарҳои муҳими дигар бехабар монад.
Google ва Яндекс дархостҳои моро меомӯзанд
Сомонаҳои ҷустуҷӯйии Google, Yandex ва Bing маълумотро дар бораи кадом сомонаҳо ва пайвандҳоро хондани корбар дар худ ҳифз мекунанд. Аз ин сабаб онҳо ба мо пеш аз ҳама маълумоти сомонаҳо пештар хондашударо пешниҳод мекунанд. Ин сомонаҳо ҳамчунин макони ҷойгиршавии мо, синну соли тахминӣ, ҷинс ва хостаҳои моро медонанд ва аз рӯи онҳо натиҷаи ҷустуҷӯро пешниҳод мекунанд. Аз ин рӯ, агар ду корбар як дархостро ворид кунанд ҳам, натиҷа ҷустуҷӯйи онҳо метавонад гуногун бошанд.
Чӣ тавр аз ҳубоби иттилоотӣ баромадан мумкин?
Барои ин Шумо метавонед танзимотро дар системаҳои ҷустуҷӯ барқарор (сбросить) кунед. Ҳамчунин таърихи ҷустуҷӯ ва cookies дар браузер бояд давра ба давра тоза карда шавад. Барои хомӯш кардани шахсигардонӣ (персонализация), шумо бояд аз аккаунти худ дар системаи ҷустуҷӯӣ берун шавед ё аз режими «инкогнито» истифода баред.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад, шумо метавонед барои гуногуншаклӣ ба саҳифаю гурӯҳҳое обуна шавед, ки андешаҳояшонро дастгирӣ намекунед. То ҳол, ин ягона роҳи фиреб кардани алгоритми шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Дар натиҷа, шумо маълумотро аз сарчашмаҳои гуногун мегиред ва дастрасиатонроо ба иттилоот фарохтар мегардонед.
Сарчашма: https://ok.me/LyZ #сенукта #бидончиромебини #саводирасонаи #Точикистон #Internews #Euforeignpolicy
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев