Предыдущая публикация
Дар тамоми кавну олам қудрати ӯро бубин.
Ки туро овард ба дунё, ки туро з-он мебарад,
Рафту омадро бияндеш суннати ӯро бубин.
Ҳар куҷо рафтӣ Худоро нозири ҳолат бидон,
Дар ҳамаҷо фазли вай бо неъмати ӯро бубин.
Ризқи худро мерасонад бар амиру бар гадо,
Рузиву ризқро бияндеш ҳикмати ӯро бубин.
Мебарад роҳи саъодат ҳар киро хоҳад Худо,
Он, ки бошад лоиқи он, қисмати ӯро бубин.
Ончунон бош дар ибодат, ки Худо шоҳиди
туст,
Гар намебини Худоро дидани ӯро бубин.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 8