Ҳар рӯз
ӯ ба мо наздик ва мо ба ӯ
наздиктар мешавем, байни мо ва ӯ
ҳеҷ фосилае ҷуз фаро расидани
муҳлат нест, пас мо ҷузъи
мурдагон ҳастем ва ин умр дар
ҳақиқат монанди гулест, ки аввал
шукуфон ва сипас пажмурда ва
парпар мешавад, ё чароғе, ки
аввал равшан ва сипас хомӯш
мегардад, ё ситорае, ки аввал
медурахшад ва сипас хокистар
мешавад, аммо инсони мағрӯр ва
ғофилу нописанд гӯё аз ҳақиқати
талх фирор мекунад.Ҳазрати Авн
бин Абдуллоҳ бин Утба бин Масъуд
(Р.а) болои минбар мерафт ва
мефармуд:
"Чӣ қадар зиёданд касоне, ки
рӯзро оғоз карда, аммо ба поён
намерасонанд, мунтазири
фардоянд, аммо дарнамеёбанд,
агар марг ва фаро расиданашро
тасаввур кунед, ҳама орзӯҳо ва
ғурурҳо бароятон талх хоҳад шуд".
Дили ғофил бикун тавба ки марг
андар камин дорӣ,
Машав аз ҳоли худ ғофил, ки ҷой
зери замин дорӣ.
Савори маркаби чӯбин агар қасри
заррин дорӣ,
Агар шоҳӣ агар дарвеш, агар
мулки ҷаҳон дорӣ.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1