Номи ин макон қабр аст. Ба ин ҷо гур низ мегуянд. Ин ҷо манзили олимону ҷоҳилон, сарватмандону бечорагон, мустакбирону нотавонон, подшоҳону раиъят аст. Ин ҷомакони ибрат ва барҳамзанандаи ҳамаи хушиҳост. Ин ҷо поёни хандаҳо ва поёни фарёдҳо ва ҷангҳост. Инҷо ҷавлонгоҳи ҳашарот ва кирмҳое аст,ки аз бадани инсон тағзия мекунанд. Ин ҷо оташи ҷаҳаннам ва азоб аст. Ин ҷо биҳишт ва неъматҳои фаровон аст. Ин ҷо маҳали фаромушӣ аст, ки дустон фаромуш мешаванд. Ин ҷо фаршаш хок ва сокинони он ҷасадҳо ва кирмҳо ҳастанд. Ин ҷо касоне ҳастанд, ки муҳтоҷ ба як ракаат намоз ва ба як амали хайр ҳастанд. Ин ҷо хонаи икром ва ё хонаи азоб аст. Ин ҷо охирин манзили дунё ва аввалин манзили охират аст. Ин ҷо поёни ҳамаи орзуҳост. Ин ҷо дарс аст, фикр аст ва андеша аст. Ин ҷо қабр аст. Маконе, ки аз он нафрат дорем ва ғофилем. Оре ин ҷо қабр аст. Ростӣ оё то ба ҳол қабре дидаӣ ? Оё торикии онро эҳсос кардаӣ ? Оё аз ваҳшати он хабар дорӣ ? Оё тангии он ҷоро санҷидаӣ ? Оё кирмҳо ва ҳашароти онро мушоҳида кардаӣ ? Ёд кун рузеро, ки ҳама азизонро фаромуш кунӣ ! Ёд кун рузеро, ки тарозуи адли илоҳӣ гузошта шавад ва туро бо амалҳоят ба онҷо бибаранд! Ёд кун рузеро, ки ба ту бигуянд аз пули Сирот убур кун! Ёд кун рузеро, ки туро ба номи падарат садо бикунанд, то аз ту ҳисобу китоб бигиранд! Ёд кун рузеро, ки пайвандҳои ҷисм аз ҳам ҷудо шуда ва садои ваҳшатноки дузах дилҳоро аз ҷо биканад ва муйҳоро сафед кунад! Ёд кун рузеро, ки аз қабр ғуборолуд ва урён бо чашмҳои хира бархезӣ ! Ёд кун рузеро, ки садо зада шавӣ ва ҷуз ту каси дигар нахезад. Заъфи он руз, шиддати тарсу хавфи он маконро фаромуш накун! Ёд кун рузеро, ки аз ту дар бораи умр савол кунанд. Агар туро гуянд; ин ҳама эҳсон кардам, чи гуна шукргузорӣ кардӣ ? Чи ҷавобе хоҳ ӣ дод? «Пеш аз он, ки шуморо азоб дар расад ва дигар ёрӣ нашавед, ба суи парвардигоратон бозгардед. ва таслими У шавед.» сураи «Зумар» ояти 54.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев