
Хазрати Умар(р)гуломашро даъват карда гуфт:Эй гулом,ин маблагро бигир ва ба Абуубайда ибни Чарох(р)бибар ва муддате дар хонааш ист,то бубини,ки бо он маблагхо чи кор мекунад.Вакте гулом ба хонаи Абуубайда(р)расид гуфт:Хазрати Амиралмуъминин Умар(р)ин маблагро ба Шумо фиристоданд,то ки эхтиёчоти худро рафъ созед.Абуубайда(р)гуфт:Худо ба Умар(р)подоши нек дихад ва Уро хифз намояд!Сипас Абуубайда(р)канизашро даъват намуда гуфт:Биё бо ман ин маблагро таксим кунем.Абуубайда(р)дар зарфи як соат тамоми он маблагро миёни факиру бенавоёни мусулмон таксим кард.Гулом назди Хазрати Умар(р)омада,хакикати холро баён кард.Хазрати Умар(р)ба гулом боз 400 динор дода фармуд:Инхоро ба Муъоз ибни Чабал(р)бидех ва бубин,ки бо онхо чи кор мекунад.Гулом 400 динорро ба Муъоз ибни Чабал дод.Хазрати Муъоз ибни Чабал(р)канизашро даъват намуда ба таксими маблаг миёни бенавоён пардохт.Хамсараш ки ин ходисаро назорра мекард,гуфт:Ба Худо касам,ман хам бенавоям.Муъоз ибни Чабал(р)гуфт:Ду динори дигар боки мондааст,ки онро ба ту медихам.Гулом назди Хазрати Умар(р)омада,Ходисаро накл кард.Хазрати Умар(р)ба дасти гулом 400 динори дигар дода фармуданд:Инхоро ба хонаи Саъд ибни Абиваккос(р)бубар.Хазрати Саъд ибни Абиваккос низ мисли он ду сахоба рафтор намуда,ба худ чизе нагузошт.Чун гулом рафтори Уро кисса кард,Хазрати Умар(р)гиря карда гуфт:Алхамдулиллох,онхо бародаронеанд,ки баъзе мисли баъзеи дигаранд.Ва баъд аз вафоти Расули Худо(с.а.в)тагйир наёфтаанд.Худотарси ва чавонмардии ёрони Паёмбар(с.а.в)ба дарачае буд,ки дар бахшиш дигаронро ба худ афзалу бартар медонистанд.Рафтори онхо тибки хадиси Расули Акрам(с.а.в)буд,ки фармудаанд: «Хар чиро барои худ меписанди, барои бародарони мусулмонат низ хамонро биписанд».Агар мусулмонони замони мо низ мисли ёрони Паёмбар(с.а.в)рафтор кунанд,зиндаги ранги дигар гирифта,мехру мухаббат
Миени офарида чомеа бисер мешава!!


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2