БАРОДАРОНИ АҲЛИ ИСЛОМ!!
МЕХОҲАМ ДОНИСТА БОШЕД
БАРОДАРИИ ИМОНИ ВА ИСЛОМИ
ЧИГУНА АСТ? "БИСМИЛЛОҲИР
РАҲМОНИР РАҲИМ"
худованди меҳрубон
бародариро дар қуръони азимуш
шаън чунин фармудааст:
“Ҳамоно муъминон бародари
якдигаранд, пас байни
бародаронатон ислоҳу созиш
барқарор кунед ва аз Аллоҳ
битарсед. Шояд, ки мавриди
раҳмати Аллоҳ қарор бигиред”.
(Ҳуҷурот/10).
Бародарии
имонӣ бародариест, ки дар он
мафҳуми гуруҳҳои қавмию
қабилавӣ аз байн маҳв мегардад.
Ҳеҷ таассубе дар он ҷуз таассуби
имонӣ боқӣ намемонад. Ҳама навъ
маҳалгароию қавмгароӣ,
хешгароию бегонаситезӣ дар зери
мафҳуми бародарии имонӣ об
мешаванд. Шоир хуб мегуяд:
Ин ману мо мояи тафриқи мост,
Пас ту ҳам бо ман биё, то мо шавем.
Ҳосили ҷамъи тамоми қатраҳо,
Мешавад дарё, биё дарё шавем.
Паёмбари ислом (алайҳиссалом), ки
беҳтарин улгуи мост пайванди
бародарии имониро ақди зарурӣ ва
робитаи аслӣ байни мусалмон ва
бародараш гардонидааст. Дар
ҷомиае, ки пайванди бародарии
имонӣ бар асоси роҳнамоиҳои
Паймбари Худо (алайҳиссалом)
барқарор аст, на зулм асту на хорӣ.
Дар саҳеҳайн омадааст, ки
Паёмбари Худо (алайҳиссалом)
фармуданд: “Мусалмон бародари
мусалмон аст.Ҳаргиз ба бародараш
зулм намекунад ва уро таслим
намекунад. Ҳар мусалмоне, ки
ҳоҷати бародари мусалмонашро
мебарорад Худованд ҳоҷати уро
бароварда мегардонад. Ҳар
мусалмоне, ки мушкилот ва
мусибатеро аз бародари имониаш
дур мекунад, Худованд уро аз
мусибатҳои рузи қиёмат наҷот
медиҳад. Ҳар соҳибимоне, ки айби
бародари имониашро мепушонад,
Худованд айбҳои уро дар рузи
қиёмат мепушонад”.
Ҷанбаҳои иҷтимоии баробарӣ, аз
худгузаштагӣ ва ҳамбастагӣ дар
бародарии имонии асрҳои тиллоӣ
бо ҳам даромехта буд. Ҳамин
пайванди бародарии имонӣ буд, ки
ансори Мадина бародарони
муҳоҷири имонии худро бо синаи
кушод ва бо як тамошогаҳи
бесобиқаи бародарӣ истиқбол
намуданд ва хонаҳои худро ва
молу дороии худро бо онҳо қисмат
карданд. Худованд васфи ҳоли
ононро чунин намудааст: “ Ва
ононе, ки қабл аз муҳоҷирон дар
Мадина буданд ва имон оварданд,
онҳоеро, ки ба суи аҳли Мадина
ҳиҷрат карданд, дуст доранд ва
нисбат ба он чи ба эшон дода
шудааст дар дилҳояшон ҳасаде
намеёбанд, ва ҳарчанд бар
худашон эҳтиёҷи сахте бошад,
муҳоҷиронро бар худашон
муқаддам медонанд”. (Ҳашр/9).
Имом Бухорӣ аз ҳазрати Анас
(разияллоҳу анҳу)ривоят кардааст,
ки ( ҳазрати Абдурраҳмон ибни
Авф ҳамроҳи муҳоҷирон аз Макка
ба Мадина омад ва Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) уро бо Саъд ибни
Рабиъ пайванди бародарӣ намуд.
Саъд яке аз сарватмандони Мадина
буд. Саъд ба Абдураҳмон чунин
гуфт; мардуми ансор медонанд, ки
ман сарватмандтарини онҳо
ҳастам. Ба зудӣ ҳамаи сарватамро
бо ту (Абдураҳмон) ду қисмати
баробар хоҳам кард ва ман ду
ҳамсар дорам. Пас яке аз онҳоро
талоқ дода, баъди гузашти идда ба
ту никоҳ мекунам. Абдураҳмон дар
ҷавоб чунин гуфт: Эй Саъд!
Худованд туро дар молу
хонаводаат баракат диҳад. Манро
фақат ба суи бозор роҳнамоӣ кун!
то ман ризқи худро аз онҷо
биҷуям”. Дар атрофи ин бародарии
имонӣ биандеш! Ин чи саховату
азхудгузаштагист, ки Саъд ба
хотири бародарии имонӣ ҳатто
молу ҳамсарони худро мехоҳад бо
бародари тоза ҳиҷрат кардааш
қисмат кунад. Аз ҷониби дигар ба
қаноату рағбати Абдураҳмон нигар,
ки аз бахшиши Саъд даст мекашад
ва аз у фақат макони бозори
маҳалро ҷуё мешавад, то касби
рузии худро бо дастони хеш
бикунад. Ба Худо савганд онон
мардоне буданд, ки тарбияи
имониро аз мадрасаи Муҳаммад
(алайҳиссалом) гирифта буданд ва
пайванди бародарии имониро ба
маънои томаш эҳсос намуда, бо он
амал мекарданд.
афсус,ки имрузҳо дар байни
мусалмонҳои замони мо дусти ва
бародари аз барои худо намондааст
танҳо ба хотири пул ё мол шудааст.
мардум дусти ва бародариро
дар пулу мол мебинанд на дар
худи шахс паноҳ азин гуна дусти ва
бародари.
худованди мехрубон дустон
ва бародарони имони ва исломи ва
ҳақиқии моро зиёда бигардон бо
эҳтиром дуст ва бародари шумо
((фирдавс эшонов))


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев