Мехоҳи зиндагии зебо дошта боши? Зиндагӣ худаш зебост агар ба он зебо бинигари. Ин аст чанд нуқта дар он зебои нуҳуфтааст:
Саҳархез бош!
Аз ёди Худо ғофил нашав!
Ҳамеша фурўтан бош!
Сухани нек бигу! Сухани нек хоҳи шунид.
Аз фарзандат некӣ мехоҳи? Худат неки кун.
Дар муқобили бадӣ некӣ кун! Рақибат шикаст мехурад.
Дар мавриди мавзуе, ки дуруст мутаваҷҷиҳ нашудаи дуруст қазоват накун!
Ҳаргиз муваффақиятро қабл аз воқеъ шуданаш аён накун.
Ҳаргоҳ фурсате шуд дасти фарзандонатро дар даст бигир, ба зудӣ замоне мерасад, ки онҳо дасти туро мегиранд.
Ҳеҷ вақт дар ҷои кор дар мавриди мушкилоти хонаводагӣ суҳбат накун!
Тавре зиндагӣ кун, ки ҳар гоҳ фарзандонат хубӣ, меҳрубонӣ ва бузургвориеро диданд ба ёди ту бияфтанд.
Хурдсолонро баъд аз танбеҳ кардан дар оғуш бигир!
Ҳамеша соататро панҷ дақиқа пештар танзим соз!
Ҳангоми бозӣ бо бачаҳо бигзор онҳо баранда шаванд!
Ҳамеша ба модарат изҳори муҳаббат кун!
Аз касе, ки чизе барои аз даст додан надорад битарс!
Ҳеҷ гоҳ ба касе, ки ғами сангин дорад нагу «медонам чи ҳоле дорӣ» зеро дар воқеъ намедони.
Дар ҳама чиз хушбин бош! Зеро бадбинро бо чашми бад менигаранд.
Дар мавзуе, ки дар он баҳс ва ҷанҷол аст андеша кун! Шояд ҳақ ба ҷониби ту нест.
Кушиш кун ишқат пок бошад!
Вақте аз ту саволеро мепурсанд, ки намехоҳи ҷавобашро бигуи хашмгин нашав! Лабханд бизан ва бигу: чаро мехоҳед бидонед?
Ҳаргиз пеш аз суханронӣ ғизои сангин нахур!
Медони? Табассум калиди хушбахтиҳост.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев